Бахшҳо
02 фев 2016 11:18Тоҷикистон / Тема дня

Раиси Кумитаи занон: Фоҳиша зиёду фоҳишахона кам шудаст

Идигул Қосимзода, раиси навтаъини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар теъдоди фоҳишаҳо зиёду шумораи фоҳишахонаҳо кам шудааст.

Қосимзода имрӯз, 2 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли 2015 дар Тоҷикистон 157 адад фоҳишахона сабт шудаанд, ки нисбати соли пешӣ 37 адад кам мебошад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи занон соли гузашта дар кишвар 2066 фоҳиша сабт шудаанд, ки нисбати соли пешӣ 414 нафар зиёд мебошад.

Гузориши Кумитаи занон аз афзоиши теъдоди фоҳишаҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2015 дар кишвар 852 ҳолати фоҳишагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондоди соли пешӣ 161 адад кам мебошад.

Тибқи итттилои ин ниҳод тайи соли 2015 инчунин 219 ҳолати даллагӣ ё занҷаллобӣ сабт шудаанд.

Вазорати умури дохилӣ изҳори нигаронӣ мекунад, ки бархе аз танфурӯшҳо мубталои бемориҳои сироятӣ буда, ин бемориҳоро байни мизоҷонашон паҳн мекунанд. Мақомоти умури дохилӣ аз ҷумла аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи 3 зани танфурӯш хабар доданд, ки мубталои касалиҳои сирояткунанда буда, дар паҳн намудани ин маризиҳо даст доштаанд.

Тибқи меъёри нави қонунгузорӣ, ки моҳи октябри солои 2015 қабул шуд, агар фоҳиша бори аввал боздошт шавад, аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400-800 сомонӣ) ҷарима мешавад: “Агар ин нафар бори дуюм давоми як сол барои фоҳишагӣ боздошт гардад, нисбати ӯ ҷарима аз 20 то 40 нишондиҳанда (800-1600 сомонӣ) ё ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз татбиқ хоҳад шуд”.
Мӯҳр
нихон
Э вое и чи дуруги махз аст раиса о як бор да гузоришатон шумораи дискотекахоя бён мекардед ё и дискотекахо фохишахона не ми шояд анъанаи миллии мо гуфта хисоб накунед

Bezeb -daa chonaho kam shuda boshand inosh zied shuda boshand?kujo merafta boshand inho? winked

Зан
Хуб мешуд агар фохишахоро дар телевизион барало намоиш медодан хуб мешуд мумкин шумораашон кам мешуд,аз раиси занони нав таъин шуда хохиш ва илтимос мекунам,ки бо коркунони орган хамкориро наздик мекарданд,чунки кариб 90%коркунони орган бо онхо алока ва доду гирифт доранд.агар раиси занон чидди кабул намоянд точикистон гулистон мешавад.

Агар мардону чавонмардони точик ки дар мухочират ва мусофират ба хотири лукмаи ноне солхо аз ватан дуранд, бар мегаштанд, он гох шумораи занони бесохиб ва фохишагарй камтар мешуд. Ин аз фаъолияти хуумат вобаста аст, то мардони точик дар ватан бо чои кор таъмин гарданд. то кай мухочират давом мекарда бошад?

ШАРМАНДАГЙ. мардон дар Россияву занону духтарон бесохиб! Хукумат кай ба мухочират анчом медода бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)