Бахшҳо

Парлумон лоиҳаи тағйирот ба қонуни матбуотро бозпас гардонд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, меъёри баҳсбарангези лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуотро, ки Вазорати фарҳанг метавонад, дар асоси пешниҳоди додситонӣ фаъолияти расонаҳоро то се моҳ мутаваққиф кунад, қабул накард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 3 феврал зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, “он меъёрро, ки прокуратура метавонад мавод омода кунад, онро мақомоти баҳисобгиранда пешниҳод намояд ва Вазорати фарҳанг то се моҳ метавонад фаъолияти расонаро мутаваққиф кунад, мо инро қабул накардем”.

Оқои Зуҳуров гуфт, тибқи қонунгузории феълӣ мутаваққиф кардани фаъолияти расонаҳо дар салоҳияти суд аст ва афзуд, бигзор минбаъд низ чунин бошад: “Намояндагони ВАО ором бошанд, мо ин қисматро қабул намекунем”.

Раиси Маҷлиси намояндагон бо ишора ба норозигии созмонҳои журналистӣ аз тағйироти пешниҳодкарда ба қонун дар бораи матбуот аз Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг суол кард, оё ин лоиҳа бо ҷомеаи рӯзноманигорӣ мувофиқа шудаст? Вазир посухи мушаххас надод.

Ҷаноби Орумбекзода зимни муаррифии лоиҳаи тағйирот ба қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” изҳор дошт, ҳадафи он мутобиқсозии қонун ба Конститутсия, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва таъмини эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Вазири фарҳанг дар идома афзуд, имрӯз терроризми иттилоотӣ ба назар мерасад: “Ҳадафҳои ғаразнок набояд дар матлабҳо ҷой дошта бошанд”.

Дар идома Шукурҷон Зуҳуров аз хабарнигорони ҳузурдошта дар парлумони хост, то як намояндаашонро барои суханронӣ интихоб кунанд. Рӯзноманигор Аваз Юлдошов барои суханронӣ дар назди вакилон пешбарӣ шуд ва ӯ изҳор дошт, лоиҳаи тағйирот ба қонун дар бораи матбуот ва дигар ВАО бе мувофиқа бо ҷомеаи журналистӣ таҳия гардидаст. Юлдошов зарур хонд, ки зимни таҳияи чунин лоиҳаҳо Вазорати фарҳанг бояд мулоқотҳо бо ҷомеаи рӯзноманигориро баргузор мекард.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар пайи баромади Юлдошов хостори ҳамкории бештар ва созандаи Вазорати фарҳанг бо рӯзноманигорон шуд. Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар навбати худ изҳор дошт, расонаҳо аз тағйироти пешниҳодшуда хабар доштанд: "Агар хабар намедоштанд, дар бораи он дар расонаҳо наменавиштанд". Ӯ таъкид намуд, ҳадафи тағйирот маҳдудсозии озодии сухан нест, балки таъмини масъулиятшиносии бештари рӯзноманигорон аст.

Шукурҷон Зуҳуров дар навбати худ изҳор дошт, лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар бораи матбуот ва дигар ВАО аз қонуни қабл беҳтар мебошад. Зуҳуров таъкид кард, журналистон бояд ҳамеша ҳақиқатро нависанд. Дар пайи баррасӣ, лоиҳаи барои ҷобаҷогузории бандҳо бозпас гардонда шуд. Барои ҷобаҷогузории бандҳо як гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Азизӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон масъул таъин шуд.
Мӯҳр
точик
ин Озодагон ба кадом забон вактхои охир менависад. Тамоман фахмо нест. Охир тавре нависед ки оммафахм бошад. Шарм медорам аз ин хел рузноманигорхо. Таклидкорони афгону эронихо

Бекалла
Вазири фарҳанг аз кадом саёра фуромада бошанд?
Сухан дар бораи баррасии лоиҳа бо доираҳои зидахл меравад. Вазири муҳтарам бошад, мегӯянд, ки расонаҳо хабар доштанд.(!)
Бале, расонаҳо хабар доштанд, расонаҳоро вазифаашон аст, ки аз ҳама гап бохабар бошанд ва онро ба ҷомеа расонанд.
Агар шумо, Вазир шуда фарқ байни "хабардор будан" ва "муҳокима ва мувофиқа кардан"ро нафаҳмед, вооой бар ҳоли ин давлат бо ин гуна вазир.

точик,
Забони модариатро дуруст омӯз. Нодонии ту гуноҳи Озодагон нест.

Бояд зикр кард, ки вокеан хам Озодагон низ аз камбудӣ холи нест ва дар мавриди чопи маколахо ба хатогихо рох медихад.
Масалан дар ду ҷумлаи охир - "Дар пайи баррасӣ, лоиҳаи барои ҷобаҷогузории бандҳо бозпас гардонда шуд. Барои ҷобаҷогузории бандҳо як гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Азизӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон масъул таъин шуд".
Дар ҷумлаи якум дар калимаи "лоихаи" бандаки изофии "и" нобарҷо буда, дар чумлаи дуввум Абдучаббор Азизӣ хушбахтона муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумхурии Тоҷикистон мебошад. Гурӯхи корӣ бошад, созмон дода мешавад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)