Бахшҳо
08 фев 2016 11:07Тоҷикистон / Сиёсат

Прокурор: Дар қазияи бародари А.Ғоиб нафарони дигар ҳам ҳастанд

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов -- раиси намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон феълан идома дорад.

Ҷамшед Мирзохонзода, сардори раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз, 8 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, парванда бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов ба додситонӣ ворид гардидаст. Мирзохонзода илова намуд, дар ин қазия чанд нафари дигар ҳам ҳастанд, ки парвандаҳояшон вориди додситонӣ шудаанд. Додситонӣ шахсияти муттаҳамони дигари ин парвандаро ифшо накард ва афзуд, феълан тафтишот идома дорад.

Қаблан расонаҳо, иттилоъ иттилоъ доданд, Наҷмиддин Саидов, ки моҳи октябри соли гузашта ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид, бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, муодили 200 ҳазор сомонӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз боздошт раҳо шудааст. Тибқи иттилои нашршуда Наҷмиддин Саидов барои таъини як шаҳрванд ба мақоми раиси гумрук дар Суғд 600 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани қисме аз ин маблағ боздошт шудааст.
Мӯҳр
умедчон
додситони дуруг мегуяд парванда нисбати бародари Абдуфаттохи Гоиб Начмидин Саидов бинобар набудани таркиби чиноят аз тарафи муффатишони Агенти назорати давлати молияви ва мубориза бо коррупция катъ карда шудаст

птрптр
600-х$,,аз ин мебарояд.ки мо бо 500-,сум маошамон ба ягон
енг чо рафта наметавонем..

ном
Ба хамин дотситони кул эхтикот дошта будам дилам монд дуруг умри кутох дорад чавобаш доден А Гоиброхам чавоб додан даркор аз мансабаш

Барот
Чаро бо телевизион нишон намедихан ? Охир ин чинояти махсусан вазнин 600 хазор доллар! Ин ба гуфтан осон лек маблаги гушношунид !!!

Додситони кулли мухтарам! Илтимос дуруг нагуед, Саидов озод буда корашро давом дода истодааст. У гунахкор нест медонед? Калимаи гунахкорро агар сварка кунанд дар бари Саидов намечаспа. Охир у бародари А. Гоиб аст, чаро гунахкор бошад? Итминони комил дорам, ки як танга хам чарима намешавад ва нашудааст. Холо истед "хафт экспертиза тасдик мекунанд ки Саидов бегунох аст". Додситони кулл!Ин ниходест барои мардуми камбагали Точикистон. Дар банди аввали низомномаи Додситони кулл хамин хел навишта шуддааст.

Ин аъзои кадом хизб бошад? Чанд зана буданашро чаро намегуед? 600 хазор доллара ба 200 хазор сомони алиш кадан. Метонан. Даркор шава додситона суд мекнан ира не.

Inhel nagued najmidin kambagal kambizoat 600000$ HAMCHUN HAYRIYA KABUL KARDAST

хукукшинос
Таре хабар доред парванда катъ шудаст барои чи гап дароз мекунед Абдуфаттохи Гоиб яке аз Генерали бехтарини точикистон мебошад дар охир аз суханони Хоча Хофизи бузург гуфтаниям

Хофиз маяндеш зи гуфтори ракибон
Акоси сагон кам накунад риски гадоро!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)