Бахшҳо

Нигаронии Э.Раҳмон аз нархи сабзӣ ва барканории раиси “Саховат”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нархи сабзиро, ки дар Душанбе як килои он ба ивази 1 сомонӣ фурӯхта мешавад, қимат хондаст.

Тибқи иттилоияи расмӣ, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, ҳосили сабзии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон шудааст, вале тоҷирону миёнаравҳо 3-4 килои онро аз замин бо нархи яклухти 1 сомонӣ мехаранду дар бозорҳои пойтахт ҳар килои онро ба ивази 1 сомонӣ мефурӯшанд. Дар иттилоия таъкид шудааст, “ин ҳолат тайи рӯзҳои охир мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт”.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, бо имзои як қарор раиси бозори “Саховат” Давлаҳмад Саидовро аз мақомаш барканор карда, ба роҳбарони дигар бозорҳо огоҳӣ додаст.

Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 8 феврал баргузор гардидаст, ба таъмини фаровонию арзонии маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаст. Раисиҷумҳур таъкид намудаст, ки барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба зиндагии рӯзмарраи мардум тамоми имкону захираҳо бояд фаровон истифода шаванд.
Мӯҳр
Tojik
Боз таъини нархи сабзи бо амри президент намерасид.

Хунарманд
Дар як чаласаи ахир ки дар вазорати фарханг доир гашт Вазири фарханг шукр аз он дошт, ки нархи сабзи дар бозорхо 80 дирам аст. Магар Вазири фарханг факат сабзи мехурдаст?

барои кимат шудани сабзи раиси бозорро аз кор гирифтанд?! Шармандаги!!! Ба фикрам чои раиси бозоро ба касе даркор шудаст?

Ронанда
Агар барои арзон намудани арзиши бензин ҳам ягон касро аз кор мегирифт бисёр ҳам нағз мешуд.Дар ҳолати 120 доллар будани 1 балер нефт бензин 5 сомонӣ арзиш дошт. Дар ҳолати ба 35 доллар поин рафтани арзиши 1 барел ҳам бензин 5 сомонӣ арзиш дорад.Инро касе маънидод карда метавонад? сабаб дар чӣ бошад?

мургобихо
Дар Хоруг нархи сабзи пиёз ва картошка дар шахр 3.5 сомон дар нохияхои дурдасти вилоят аз 5 сомон кам нест. Танхо бойбачахо мехаранду 90% камбагалхо онро тамошо мекунанду халос . Зиндаги хуни дил хурдан аст ин чо!

комрон
не нархи сабзи 25 дирам будан пас бояд барак нагузорем ки ин кадар паст шавад чунки бар зарари истехсолот ва дехкон аст

Деваштич
Вой бар холи дехкони бечора. дилам ба дехкон сухт

nabi farhor
Ана шакр 70-дирам кимат,сабзи як сомони шуд,ин дар чашми мансабдорн маълум.Аммо муаллимони донишгох барои як бахои 3-аз 100-150с пора мегиранд.Баъзе аз духтурхо низ,баъзе нозирони рох.Магар бо маъоши 800с хонаи 50-100000$ сохта мешавд.

мехмон
Дигар кор нест магар ? О раиси бозор чи гунох дорад? Ё дар замини бозор сабзи коридааст ? Иктисоди бозоргони хаминро талаб кунад раис ба нарх чи дахл дорад. Ё раиси бозор киммат харида оварда арзон фурушад.
Ин масъалаи оддии бозорро дарк карда наметавонем чи хел давлатдорию ободи мекунем ?????

Мирзо
Як хабарнигори точик асири киргизхои мутаасиб шудааст Афсарони киргиз бошад дар боми хонаи ду точик парчами худро овехтанд Раиси чумхур чои нигарони ва хали ин масъалахо ки анчои хуб надорад гами сабзи хурда гаштааст Гуё иктисодиёти Точикистон аз сабзи ва нархи он вобастаги дорад.

Саид
Тамоми директорони бозор барканор шаванд наход сабзи ин кадар кимат бошад.

Ҷавоб ба ронанда:Дусти азиз аввалан бензинро мо худамон истеҳсол намекунем аз ҳамин сабаб қиммат шудаст.
ҶАВОБ ба Салима :Салима агар раиси бозор нарху наворо аҳмият надиҳад пас ки уро аҳмият медиҳад,ҳозир агар бозоро барои ҷой литсензияша пуоси бисериҳо надоранд ва бисери савдогарон нархи сабзавоту мевагизои ки худамон истеҳсол мекунем як нархе мемонанд ки он нарх на дар замин на дар ҳаво ҷой мегирад!
Нархи сабзироо ба он сабаб паст кардан ки халқ тавонад дастрас кунад.Инҷо гап сари кризис ...

усмон
ба фикрам ки аз нархи сабзи нигарон шудан хеч хочте набуд хуб мешуд ки ба нархи бензин орд равган шакару биринчу дигар махсулотхои харуза лозимай мардум нигарону манаполя куни орд фурушонро ахмияд медодаанд

Носкаш
Бо моддаи 69 аз вазифа озод шуда бошад раиси бозор? Илтимос мачлиси дигар нархи пиеза кати каду бинен.

ин нархи сабзира президент мебинад нархи растамочкарр магар фаромуш карда бошад бечора дехкон сабзиро 1_сомон кард давлати моро инкадар нигарон кардааст лекин нархи растамочка дар вакти кризии 18000$ 150000-сомони магар ин киммати ва беинсофи нест (давлати мо инкадар гамхор шудааст,ки мисли хазрати Умар нархи бозорро гуйо назорат мекунад )

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)