Бахшҳо
08 фев 2016 17:16Тоҷикистон / Сиёсат

Маҷлиси ҳукумат: Аз қабули тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ то тасдиқи нақшаи генералии шаҳраки А.Ҷомӣ

Имрӯз, 8 феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар Қасри миллат маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора Дафтари матбуоти Президент хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷлис лоиҳаи як қатор қонунҳо, бо шумули тарҳи қонунҳо “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардид: “Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон“ низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид”.

Манбаъ мегӯяд, дар идома Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд. “Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол масоҳати умумии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 739,6 гектар, шумораи аҳолӣ 12 ҳазор нафар ва роҳҳои мошингард 30 километрро ташкил медиҳад ва бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ зарурати бунёди шаҳраки муосир пеш омадааст”,-меафзояд дафтари матбуоти раисиҷумҳур.
Мӯҳр
Дар воқеъ кайҳо боз ин зарурат бавуҷуд омада, хайр аст ки аққалан дар ин авохир ба ёди масъулин расид.
Қобили зикр аст, дар кадом ноҳияе, ки яке аз наздикони АШРОФЗОДАҲО (идоракунандагони ҳукумат) мезиянд, он ноҳия ба шаҳр мубаддал шуда—ва ин боиси хушбахтии сокинони кишвар буда, вале ҳаммаро бо як чашм бояд дид, чунончи шоир мегуяд:
...Дар офтоб сояи шоҳу гадо якест.

ин тасмим боиси хурсанди буда сокинонро ба рузгори фардои дурахшон умедвор мекунад...


Шахру дехахоро обод намуда ба киргизхо дихед! Наход чунин хукумат дошта бошем , ки то хонаи точикро бе ягон душвори ба душман дихем. Афсус сад афсус!

Хочи Качкуллох.Чоми
Нохияи собик Куйбышев,альон А Чоми,нохияи обшору сероб мебошад.Ягон маркази нохияи дигари тобеи вилояти Хатлон ин кадар серобу хамвору мувофик барои сохтмони бинохову манзилхо нест.Агар имкон мешуду дар маркази нохия,сад бинои 5-ошенаи иборат аз 6- даромадгох(подъезд)хо месохтанд,ними зиеди ахолии гирду атрофия марказ истикомат мекарданд.Заминхои Обри холи шударо Барри истехсоли махсулотхои хочагии кишлок истифода мебурданд.Дар солхои пойдории СССР,ахолии бештари шахракро,русхову русзабонхо,немисхову тоторхо ва кореягихо ташкил мекарданд.Боги истирохатии нохия аз соли 1934-и асри гузашта Боки мондааст..Хамаи он сохтмонхои манзиливу иншооти,бинохои истехсоли ва муассисахову корхонахо мероси аз даврони шурави ва асаре аз фаьолияти халки кабири рус мебошад..Баьди пошхурии СССР,маркази нохияро аз хисоби мухочирони дехоти ,микдори истикоматчиенаш зиед гардид.Чарт 12-000?Бояд зиед бошанд..Боз як мушохидае касро ба тааччуб меоварад,ки он шахсоне,ки солхои тулони шахракро рохбариашро ба ухода доштанд,хамаашон собик муаллимони забону адабиети точки буданду хастанд.Бисере аз кормандони хукумату раисони чпмоатхо муаллимон мебошанд..Аммо дар мактабхои миенаи нохия муаллимхо намерасанд.Барои таьлим додан ба талабахо,шахсони камсаводу тамоил надоштан ба хислати педагогро сафарбар мекунанд,ки нихоят хато АСТ..Барои тархи накшахои аз нас сохтану такмилу равнаки шахрсози,бояд пеш аз хама рохбари шахракро иваз кардан даркор.Рохбари шахрак Али Сайфиддинов,муаллими забор ва адабиети точки АСТ.Бисер шеьрдусту газалсаро ва нотик аст.Аммо дар давоми 24-соли рохбариаш,ягон бехбудие Дида намешавад.Он корхое,ки ба субут расонида мешуданд,чуз чашнворахову наврузихо,динар набуд..Порагириву фасод,рахнакунии маблагхои бучети хам ошкор гардидаанд..Шояд комиссиям махсусе думболи ин корхоро гирад.Пешвои Миллат,фасоду судхури ва порадехиву порахуриро ифлостарин машгулияти рохбарону масьулони давлати номидааст..Вакт нишон медихад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)