Бахшҳо
09 фев 2016 16:01Тоҷикистон / Тема дня

Туҳфаи ИМА ба Агентии назорати маводи нашъадор: 5 Toyota Corolla, тоскулоҳи зиреҳдор, бинои нав...

Сафорати ИМА дар Душанбе аз тақдими бинои нав ба Раёсати фаврӣ - ҷустуҷуйии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар расми тақдими ин бино, ки арзиши он беш аз ду миллион доллар аст ва тавассути кумакҳои молии Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бунёд гардидааст, сафири нави Амрико Элизабет И. Миллард ҳузур доштааст.

Ба иттилои манбаъ, дафтари ҷадид имкониятҳои кормандони агентиро ҷиҳати ошкор, мубориза ва решакан кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Душанбе ва шаҳру навоҳеи гирду атрофи он ба маротиб бештар мекунад. Ҳамчунин, бинои мазкур ба муқовимати АНМН барои интиқол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ва ҳамчунин дар ҳудуди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард: “Бинои нави АНМН аз истиқоматгоҳи сарбозон (казарма), дафтари Агентии ИМА оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (DEA), ошхона, ошпазхонаи комилан муҷаҳҳаз, қаровулхона, идораҳои маъмурӣ, боздоштгоҳҳо, толори компютерии муҷаҳҳаз бо сервер, устохона инчунин дастгоҳу ҷиҳози дигар иборат аст”.

Бар иловаи бинои нав Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба АНМН 5 нақлиёти тамғаи Toyota Corolla, тоскулоҳи зиреҳдор, нимтанаҳои тактикии зиреҳдор, масофасанҷи лазерӣ ва асбобҳои диди шабонаи оптикӣ ба маблағи умумии 175 ҳазор доллари ИМА тақдим кардааст: “Таҷҳизоту воситаҳои нақлиёти мазкур иқтидори АНМН-ро ҷиҳати рафъи ҳар монеа ҳангоми мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боз ҳам баланд хоҳад бардошт”.

Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирии рушди иқтисодӣ, мусоидат ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва бехатарии Тоҷикистон ҷудо намудааст. Сафорати ИМА густариши ҳамкориро миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани таҷҳизоти муосир, омӯзиш ва беҳтар намудани зерсохтор ҷонибдорӣ менамояд.
Мӯҳр
акнун лачоми мо хам дар дасти рус хитой хам дар дасти има шуд бо навбат кашанд майлаш рафтан мегирем аз дусар мо дигар рох надорем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)