Бахшҳо
09 фев 2016 17:06Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Муҷозоти 73 нафар барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир

Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд мегӯяд, дар соли сипаришуда беш аз 70 нафарро бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд.

Тавре аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар давоми соли 2015, 46 ҷиноят ошкор шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014, 2 адад ё 4,5 дарсад зиёд мебошад: “Барои содир намудани ин ҷиноятҳо 73 нафар, аз ҷумла 7 касе, ки қаблан суд шудааст, 2 зан, 1 ноболиғ ва 1 шаҳрванди хориҷӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд”.

Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар гуфт, дар ин давра аз гардиши ғайриқонунӣ 151 килою 499 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли пешӣ, 5% камтар аст: “Дар соли 2014 ин рақам 159 килою 471 граммро ташкил медод”.

Ин ниҳод мегӯяд, “аз ҷамъи умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 23 килою 610 граммро воситаи нашъаовари “ҳероин”, 2 килою 170 граммро маводи нашъаовари “афюн” ва 125 килою 719 граммро маводи нашъадори гуруҳи “бангдона” ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)