Бахшҳо
10 фев 2016 12:22Тоҷикистон / Сиёсат

Шарҳи Давлатов: Чаро қаблан ба фаъолияти аҳзоби динӣ иҷозат доданду ҳозир не?

Муродулло Давлатов, вакили парлумон ва собиқ раҳбари Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон сабаби додани иҷозат ба фаъолияти аҳзоби динӣ дар Конститутсияи феълиро шарҳ дод.

Давлатов имрӯз, 10-уми феврал зимни ҷаласаи парлумон изҳор дошт, ки агар дар тағйироти қаблӣ ба Конститутсия фаъолияти аҳзоби хусусияти динидошта дар кишвар иҷозат дода намешуд, “инҳо монеи бозгашти гурезаҳо ба Ватан мешуданд”.

Собиқ раҳбари Маркази исломшиносии назди Президент илова намуд, ки феълан мавҷудияти аҳзоби динӣ ваҳдати миллиро вайрон мекунаду барои ифротгароҳо дар кишвар роҳ мекушояд. Ӯ бо зикри гуфтаҳои Қуръон афзуд, ки тибқи шариат низ мавҷудияти аҳзоби динӣ дуруст нест.

Инчунин Акрамшо Фелалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи парлумон аз тағйирот ба Сарқонун истиқбол кард, ки тибқи он фаъолияти аҳзоби динӣ дар кишвар мамнӯъ хоҳад буд.

Фелалиев изҳор дошт, ки зимни тағйироти қаблӣ ба Сарқонун фаъолияти аҳзоби хусусияти динидошта дар кишвар иҷозат дода шуд: “Лекин ҳизб ба қадри ин тағйирот нарасид”.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ягона ҳизби расмии динӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд, тирамоҳи соли гузашта аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ба далели сарпарастии қасди табаддулоти давлатӣ дар кишвар террористӣ эълон карда шуд.

Тибқи тағйироте, ки феълан Маҷлиси намояндагон ба Конститутсия пешниҳод кардааст, фаъолияти аҳзоби хусусияти динидошта дар кишвар мамнуъ хоҳад буд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонунро 22-юми май таъин кард.
Мӯҳр
Солехча
Мухтарам Фелалиев..хамин маьракахои худоиву чумьагиро низ бархам медодед хуб мешуд.Макомот назорат кунед..танзим кор баред.халки бечора чор тангаи меефтагияшро ба худоихурони баднафс медихад.Кудакони бечорааш гурусна мегарданд дар ба дар.о бародаро ин хурофотро партоед.вагарна ба газаби худо гирифтор мешавед...

yak savol? yane ahzobi siyosie ki mo hozir dorem dini nestan?agar khususiyathoi dini nadoran charo khudro musalmon medonand va ba ziyorati haj meravan?yo khudro musalmon megirand? yo ino hamash mardum firebi ast?????

Парлумон
Дузди зур сохиби говро бастааст мегуянд, кадом сарконун? Хамон сарконуне, ки сад бор шуд тагйираш медихед? вакте дидед, ки муддати президентиятон ба поён раисда истодааст?

Баном
Хо хо хо.... Шумо ба қадраш нарасидед, мо онро худамон поймол мекунем. Аҷабо, ба қадри конститутсия расидан боз читавр бошад?

Расул
Давлатов М.. Илтимос, аз Курон гап назан. Дар Курон гуфта нашудааст, ки касе бо гирифтани пора касеро ба хач фиристад.

Бигзор Хизби Исломи набошад. пас барои чи?
дар мактаби миёна ё Донишгох намегузоред,ки Духтарои мо Хичоб пушанд Дар чанд соли охир бинед чигуна
духтарои мо бехаё мешаванд.

Ягон хел хизби дини даркор нест

Чамшед8808 н.Восеъ
Дустам Имсон! Шумо бе хаёгиро дар сатр накардан мебинед? А мо бошем хаёро дар сатрдор намебинем. Чаро? Барои он,ки мо имрузхо дидаистодаем баъзе сатрдорон ба чи корхо машгуланд. Одами бе хаё чи сатрдор бошад ё бе сатр, бехаё аст. Шумо сатру ришро факат барои худнамоишдихи ва мардумфируби ба бар мекунед. Бисёранд духтароне,ки сатр надоранд лекин аз 99,9 фоиз ба гуфти ту сатрдорон дида ба хаёву бо иффатанд. Чи модарони мо солхои пеш сатр надоштанду руймол доштанд бехаё буданд? Албатта НЕ! Ман бе хаёгиро дар тарбияи нодурусти фарзанд аз чониби падару модар мебинам. Бахонаи кампири гу... нони чавин мегуянд (узр). Як бор чашмонатонро калонтар кушоед дунё васеь аст, илму техника чи кадар тараки карда истодааст Мо бошем гаштем ришу сатр гуфта. Ман бовар дорам хамун солхои пеш аз ночори риш мегузоштанд ба мисли хозир агар лезваву жилетхои нозанин мебуд хеч кас риш намемонд хама тозаву озода мегаштанд. Сатрро бошад барои аз офтоби тасфони биёбонхои араб панох доштани худ мегузоштанд. (Албатта ин фикри шахсии ман аст.Мумкин хато кунам чун бе хато факат Аллох аст). Мегуян ба мисли гук (курбока)-хам хони бо лабу лахчаи худат хон. Саломату сарбаланд бошед мардуми сарбаланди Точикистон! Озодагон медонам Шумо бе тарафед ва бе ягон дигаргуни нашр менамоед.

Самар
Фарк надорад, бо румол йо либоси дигар авратро мепушонанд, мухим доираи шар'иро хонумон риоя кунанд. Чаро як нафар ба луч гаштан хукук дорад, дигар хохар бо сатр пушидан хак надорад, бигзор ихтийори озод бошад!

мухочир
Чамшед8808 н.Восеъ,агар мард боши
мусалмон боши аз ришдорхову сатрдорхо урз пурс тарихро ки намедони ........

Azimdushanbe
Ҷавоб ба Ҷамшед 088 ва Сахидод!!! Ҷамшед ту аз дини Ислом буй набурдаи чаро назар ба муқобили фаромини Аллоҳ медиҳи Агар надони инро бидон Сатру Риш фармони ягон мулло нест!!! Балки фармони ҳамон Худоэ ҳаст ки Туро офарид ва ақлу донишу фаҳмиш дод ва риш Дастури Ҳамон паёмбаре ҳаст ки ҳамеша барои ту борин уммати бадбахт ашк мерезонд то ба ҷаҳаннам нарави пас оё Аллоҳ чени ту намефаҳмад ё туву ҳукуматдорон имруз аз Худоҳам зуртар шудед наъузубиллоҳ!??? Ва ба сахидод ҳизби дини даркор набошад пас маълум ки динҳам ба ту лозим нест пас мушаххас бигу ки ту кофири ё мусалмон!!!???

dust
injo gap sari hayo nest gap sari hukuki shahrvand meravad.on hukuke ki shahrvand hak dorad libosi dilkhohro pushad va khohad rish monad.hayo kori shakhsii insonhost.agar islom hizbro man karda boshad hama guna hizb manast na tanho dini.yo shumo guftanied islom tanho baroi nahzatihovu ba shumo dakhl nadorad.namedonam inhoro az kujo meorand in guna bemantiku besavodand.

...Inho moneai bargashtani gurezaho ba vatan meshudand"Ya'ne guftanied ki Shumo Mucholifinro fireb doded!?He kand zaned neki Vakili muhtaram!Gapam nestu gapzan ham nest nekem!Holo nekem gurezaho dar Russiyahand.Injo ki monea shudaistodaast ki biyored onhoro? winkedHarchi ham meguedu mekuned lekin girdu atrofa nigoh kuned begonaho niz gush mekunand suchanoni shumoro.E farkash nest-mi shumonba?!

Расул
Чамшед! Бехуда туро дар Росия Чамшуд нагуфтаанд. САТР кардан ин амри ХУДО аст, дар Курон возех навишта шудааст. Ту ким-чи сафсата мегуи. Ислох шав, ки Оллох даъюсонро сахт чазо медихад.

мусалмон
Паёмбар (с) гуфта буданд,ки дин дар дасти мусалмон мисли оташ мемонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)