Бахшҳо

Нимпайкараи раҳбари кушташудаи “Алфа”-ро 23 феврал насб мекунанд

Нимпайкараи генерал-майор Рустам Амакиев, раҳбари пешини гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар рӯзи артиши миллӣ -- 23 феврал насб мешавад.

Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ гуфтааст, ин нимпайкара дар назди бинои литсейи касбӣ- техникии ноҳия дар баландии 3,5 метр гузошта мешавад. Ба қавли ӯ, ҳоло корҳои тарҳрезии нимпайкара ба итмом расида, бинокорон ба қисми дуюми сохтмон шурӯъ намудаанд. Барои насб кардани нимпайкара мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст, хабар додааст хабаргузории "Ховар".

Бар илова қарор аст, китоби “Корнамоии безаволи Рустам” низ, ки аз корнамои Амакиев нақл мекунад, ба чоп бирасад. Қаблан, литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустам Амакиев гузошта шуд. Пайвандони ӯ ба "Озодагон" иттилоъ дода буданд, кӯчаи “Душанбе”-и ноҳияи Восеъ низ, ки марҳум онҷо зиндагӣ мекард, ба номи вай гузошта мешавад.

Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон Рустам Амакиев рӯзи 15 сентябр дар пайи бархӯрд бо гуруҳи генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода , муовини собиқи вазири мудофиа дар дараи Ромит кушта шуд. Ҷанозаи Амакиев дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд. Баъди маргаш бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба Амакиев, ки рутбаи полковникро дошт, унвони генерал-майор дода шуд.
Мӯҳр
Tajik
Часад ба хок супорида мешаваду чаноза баргузор мешавад ё хонда мешавад. Чаноза ин маросим аст ва наметавонад ба хок супорида шавад.

Икдоми Хуб Арзанда Хаст .Барои Миллату давлат Чонашро Дод.Ороми Боша Гуфта.Нипайкара камаст .Бояд Мардхои Часуро Хайкалашро монен Наврасо Бубинан бдонан

точик
дигар нафарони барои ин ватан чондодаро низ фаромуш накунед. ин бояд система бошад... корманди алфаю омон ва г бояд донанд, ки баъди худо нахоста фавташ зану фарзанди у зери гамхории ДАВЛАТ карор мегиранд....

Овоза накунед,ки ( Салафихо ) шунаванд Ширк мегуянд

Полковник не. Генерал-майор Амакиев

Сабзина
Сайидо,
Бисёр хуб, ки чунин азм гирифтанд ва нимпайкараи ин марди бузургро мегузоранд... Лек хуб мешуд аз он 100 хазор сомон хади акал нисфашро ба фарзандону ахли оилаи мархум кумак мекардан хубтар мешуд.. Гуфти бузургвор Баъди маргам хо биёи хо наё...

Полковник не. Генерал-майор Амакиев

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)