Бахшҳо

Шикояти зане, ки мегӯяд аз бонк қарздор аст, аммо ба тиҷораташ иҷозат намедиҳанд

Як соҳибкорзани 60-сола аз ноҳияи Ашт мегӯяд, давоми чор моҳ мешавад ба ӯ иҷозаи боз кардани нуқтаҳои фурӯши фиттаҳояшро намедиҳанд.

Асил Сулаймонова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бо пули қарзи бонк се нуқтаи дискфурӯшӣ боз кард, аммо ба дарёфти гувоҳнома барои фурӯши дискҳо муваффақ нашуд. “5-6 ҳазор диски моро роҳбари “Тоҷиккино” дар ноҳияи Ашт гирифта, бозпас намедиҳад”,-мегӯяд ин зан. Хонум Сулаймонова афзуд, ҳар вақт ки барои дарёфти ҳуҷҷат назди роҳбари “Тоҷиккино” меравад, ба ӯ мегӯянд, “барои савдои шумо аз Душанбе иҷозат надоданд”.

“Ман шавҳар надорам. Аз бонк 8 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ҳоло пардохт накардаам. Намедонам чӣ кор кунам? Фарзандонам бо оилаҳояшон аз маблағи фурӯши дискҳо рӯз мегузаронанд. Ҳар бор назди раиси “Тоҷиккино” дар ноҳияи Ашт равам, дашномҳои қабеҳ мекунад, ки аз гуфтанаш шарм медорам”,-иброз дошт Асил Сулаймонова.

Аммо аз “Тоҷиккино”-и Ашт ин иддаоро рад мекунанд. Акмал Турсунов, роҳбари “Тоҷиккино” дар ин ноҳия мегӯяд, фиттаҳое, ки оилаи Сулаймоновҳо мефурӯшанд, ғайриқонунӣ аст: “Фиттаҳои мефурӯхтаи онҳо ба қонун ҷавобгӯ набуд, ҳатто ман чанд маротиба ба оилаи Сулаймоновҳо огоҳӣ додам, ки чунин фиттаҳоро ба фурӯш нагузоранд. Тибқи қарор оид ба нигоҳдорӣ ва ба ҳисобгирии филмҳо ҳар филме, ки аз берун вориди кишвари мо мегардад, аз назорат гузаронида мешавад. Ба наздики филми “Гумроҳлар”, ки аз Узбекистон оварда шуд, фурӯшашро манъ кардем. Ҳамчунин фурӯши филми “20 рӯзи бойгарии ман” низ манъ аст”.

Ба қавли Турсунов, баъзе аз фиттафурӯшон намедонанд, чи гуна филмҳоро ба фурӯш гузоштаанд: “Тибқи оинномаи мо гуфта шудааст, ки иҷозаи фурӯши фиттаҳо ба шахсоне дода шавад, ки маълумоти миёна дошта бошанд. Вале баъзе аз фиттафурӯшон саводи миёна надоранд, ман вақте ба онҳо гувоҳинома медиҳам, ҳатто хонда наметавонанд. Баъзе аз фиттафурӯшон киноро аз интернет нусхабардорӣ карда, ба фурӯш мегузоранд, онҳо сарфаҳм намераванд, ки чӣ фурӯхта истодаанд”.

Раҳбари “Тоҷиккино” дар Ашт мегӯяд, бар пояи қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кино филмҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд бояд аз қайди “Тоҷиккино” гузаранд: “Фурӯши ҳар кино иҷозат нест, мафкураи мардумро вайрон мекунанд. Ман дар чанд нуқтаи фурӯши фиттаҳо назорат гузаронида, баъзе дискҳоро гирифтам”.

Асил Сулаймонова бошад, иддао дорад, фиттаҳояш ғайриқонунӣ нестанд ва ин тиҷорат ягона роҳи пешбурди хонаводааш маҳсуб мегардад.
Мӯҳр
az..za
bechora zanak chikor kna khay az gushnagira bmbra bshina??

Юсуф
az..za,
аз гушнагӣ мурдан беҳтар аз ин аст ки идиалогияи муғулӣ ва зидди тоҷикии душманро дониста ё нодониста таблиг кунад!!!
далелҳои точиккино комилан мантиқӣ аст

Zafar
az..za, ba sukhanhoi durugi Tojikkino bovar kardi? Ziyoda az 15nuktai diskfurushi dar nohiyai Asht ba direktori Tojikkino va rafikash Olim taalluk dorad, khulosa fitafurushiro dar Asht monopolia kardand, in zan bo farzandonash 2-3 nukta dorand, Akmal tursunov bo har tuhmatu bahonaho in zana az bozi barovardan mekhohad. Chie ki hamin zan mefurushad, dar nuktahoi khudi direktor ham hast, in hamash bahona(((((((((((

Фикри ман хамин,ки дар нохияи ашт 15 нуктаи дискфуруши дорад хамаи ин нуктаха вобаста ба як нафар хаст ин нафар олим як шахс номи студияи Садо мебошад.Вахтеки раиси пештараи Ашт Азам ном дошт одами хуб буд,Раиси точиккинои пештара хама дискфурушоро дастгири мекард,Аммо Олим як одам одами худашро бо маблаги калон бо точиккино шахри Душанбе харидори карда Турсунов Акмалро раиси точиккино нохияи Ашт кард.Аз як хона се бародар мехостанд аз дигар студияхои шахр диск оварда мефурухтан раиси Ашт Турсунов акмал бо хар бахона диски ин фарзандони ин заифи ашро бо хар бахона дискашро чам карда мегирифт.

млм
Аслан дуруст аст, ки филмхои давлати хорича ба аудитория таъсири манфи мерасонад, лек хубаш хам, кам нест. Хуб мешуд сабаби ичозат набударо рохбари "Точиккино", ба пурраги шарх медод ё худ он камбудихоро равшан баён мекард, то ки он зан ислох кунад ва барои фаъолияташ ичоза гирад. Дар шароити хозира мебоист дастгири хамдигар бошем, на зид. Хар хатои бударо ислох кардан мумкин аст. Агар фитахо сифати хуб надорад ё филмхо ба омма таъсири бад мерасонад пас рохбар инро ба дурусти фахмонад ва барои огози фаъолият мусоидат намояд.

касе хакикатро чустан мехохад ба ашт биёяд ба игвою дасисахо дода нашавед ин зан мехохад бо лулигию игвоангези корашро пеш барад агар ман аз ин зан 5000 диск гирифта бощам аз олим 6000 гирифтаам хамаи дискфурушон "криша" доранд мехоханд бо кришабози масаларо хал кунанд лекин конун конун аст ин зан давоми 3 сол фармонхои точиккиноро ичро накард саркаши кард барои хамин дигар ичозат дода намешавад агар ин зан бо бачахояш конуни кор мекард хочати ба хамачо овоза кардан хам набуд Мо агар ба ду се хамин хел кришабозону конуншиканхо гувохнома надихем ба дигарон ибрат мешавад. АКМАЛ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)