Бахшҳо
11 фев 2016 11:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тарҳи “Tcell” ва Бунёди Оқохон муаллимонро интернетӣ кард

Ширкати мухобиротии “Tcell” ва Бунёди Оқохон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аввали соли таҳсили 2015 тарҳи “Фанноварӣ барои такмили ихтисоси муаллимон”-ро ба роҳ андохтанд.

Бино ба иттилои “Tcell”, дар ин барнома 120 омӯзгор аз мактабҳои дурдасти ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шӯрообод иштирок доштаанд. Ширкати “Tcell” ширкаткунандагони ин барномаро бо интернет таъмин карда, онҳоро бо маркази таълимоти касбии муаллимон пайваст мекунад. Дар давраи аввалин ин барнома 119 муаллими фани “Технологияи информатсионӣ” аз 27 мактаби вилояти Бадахшон ширкат намудаанд.

Муаллимон баъди ҳузур дар ин барнома то имрӯз аз тариқи интернет бо маркази маълумоти касбии муаллимон дар тамосанд ва аз иттилооту захираҳои нави ин марказ истифода мебаранд. Акобиршо Пайшанбиев, омӯзгори мактаби рақам 12 ноҳияи Рӯшон, гуфтааст: “Дастрасӣ ба интернет имкон фароҳам овард, ки аз иттилоот ва додаҳои нав барои кори омӯзгорӣ истифода кунем. Ҳамчун омӯзгори фани Информатика ман ба ҳамаи муаллимони мактаб дар заминаи истифода бурдан аз интернет, масалан, маълумоти иловагӣ дар бораи мавзӯъҳо ё нақшаи дарс, кумак мекунам. Баъди иштирок дар ин барнома ман барои ҳамкорони худ тренинг мегузаронам, ки онҳо аз интернет ба таври босамар истифода баранд ва корбари ҳамешагии шабакаи интернет бошанд”.

Афзун бар ин мутахассисони ин тарҳ дар “Google disk” барои муаллимон китобҳо ва нақшаи дарс омода кардаанд, ки омӯзгорон ба он дастрасӣ доранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)