Бахшҳо
12 фев 2016 09:29Тоҷикистон / Сиёсат

Сафир: Русия ба ваъдаи ёрии низомиву техникӣ ба Тоҷикистон вафо мекунад

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ҷониби Русия омода аст тамоми тааҳҳудоти худ дар заминаи ҳамкориҳои низомию техникӣ бо Тоҷикистонро иҷро кунад.

Игорь Лякин-Фролов дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории “РИА Новости” таъкид кардааст, Русия ба Тоҷикистон дар таҷдиди қувваҳои мусаллаҳ дар ростои ҳамкориҳои дуҷониба ёрӣ намуда, ба Душанбе техникаи муосири аслиҳаӣ ва низомиро ворид кардааст. Ин изҳори назари сафири Русия дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар Сироҷиддин Аслов, вазир умури хориҷаи Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, “дар масъалаҳои низомӣ ва ҳифзи сарҳад, мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм бо Русия ҳамкории хуб дорем ва аксари кӯмакҳоро на дар сатҳи дуҷониба, ҳатто дар чаҳорчӯбаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳо мегирем”.

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар мусоҳиба гуфтааст, чанде пештар муовини вазири дифои Русия -- Анатолий Антонов ба Душанбе омадаву изҳор дошт, Маскав омода аст тамоми тааҳҳудоти худ дар заминаи ҳамкориҳои низомию техникӣ бо Тоҷикистонро иҷро кунад. Игорь Лякин-Фролов афзудааст, Русия тавассути пойгоҳи 201 кафили истиқлол ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар таъмини вазъияти мутавозини низомию сиёсии ин кишвар саҳм мегузорад: “Русия дар ҳолатҳои таҳдиди хатар ба Тоҷикистон мардуми тоҷикро танҳо намегузорад”.

Дар ин мусоҳиба сафири Русия аз сатҳи ҳамкории сафорат бо Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, қаробати мавқеъҳо дар самти муаммоҳои асосии байналмилалӣ шароити мусоидро барои ҳамкорӣ эҷод кардааст. Сафир ҳамчунин гуфтааст, Тоҷикистон ҳанӯз ба омӯзиши асноди меъёриву ҳуқуқии иттиҳоди иқтисодии Авруосиё машғул буда, кадом изҳори назари мушаххасе барои пайвастан ба ин созмон садо надодааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)