Бахшҳо
12 фев 2016 10:57Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти гурезаи афғон бо иттиҳоми гардиши ғайриқонунии 72 кило маводи мухаддир

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ошкор шудани гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ хабар додааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар ҳайати ин гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон шомил будаанд. Манбаъ гуфтааст, дар натиҷаи тафтиши пешакӣ муайян гардида, шаҳрванди Афғонистон – “Ш.М.”, ки аз соли 1997 бо аҳли хонаводааш ҳамчун гуреза дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бо шаҳрванди Тоҷикистон – “Ҷ.А.”, сокини муваққатии Душанбе барои аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол додани маводи мухаддир созиш бастаанд: “Дар ин амали ҷиноятӣ ба онҳо қочоқбари афғон бо номи Шоиста кумак намудааст. Гуруҳи мазкур бо роҳи қочоқ 113 бастаи махсус — зиёда аз 70 кило маводи мухаддирро ғайриқонунӣ, бо истифода аз мавзеи сарҳадии Сайроб аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Тоҷикистон гузаронид”.

Ба иттилои манбаъ, “Ҷ.А.” баъд аз гирифтани ин миқдор маводи мухаддир 23 бастаи онро ба воситаи мошини гурезаи афғон “Ш.М.” ва нафари ҳамроҳаш бо номи Ҷамшед ба шаҳри Душанбе интиқол доданд: “9 феврали соли равон кормандони КДАМ шаҳрванди Тоҷикистон “Ҷ.А.” ва шаҳрванди Афғонистон “Ш.М.”-ро дастгир карда, ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёт, аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 бастаи полиэтилениро ошкор ва мусодира карданд. Хулосаи ташхиси махсус муайян кард, ки дар бастаҳо 22 кило воситаҳои нашъадори ҳашиш ва чарс будааст”.

КДАМТ меафзояд, дар идомаи чорабиниҳои иловагии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони мақомоти амнияти миллӣ аз дохили як махфигоҳ, воқеъ дар деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ боз 90 бастаи махсусро бо 50 килограмм маводи мухаддир дарёфту мусодира намуданд: “Вазни умумии воситаҳои нашъадори мусодирашудаи ҳашиш ва чарс, ки ба боздоштшудагон “Ш.М.” ва “Ҷ.А.” тааллуқ доштанд, дар маҷмуъ 72 килоро ташкил дод”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)