Бахшҳо

Баҳои Бордюжа ба суботи Тоҷикистон: Беҳтар аз Аврупост!

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мегӯяд, рӯз ба рӯз вазъ дар Афғонистон муташанниҷтар мешавад.

Бордюжа имрӯз, 12 феврал зимни нишасти хабарӣ дар пасманзари зиёд шудани бенизомиҳо дар Афғонистон таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистонро зарур хондааст: “Вазъ дар Афғонистон тибқи баҳогузориҳои мо дар ҳоли бадшавист. Бо назардошти ин мо барои таҳкими нерӯи СПАД ва таҳияи барномаи байнидавлатии таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон кор карда истодаем”.

Дабири СПАД изҳор доштааст, ки талош мекунанд, ки ба муташанниҷ шудани вазъ дар навоҳии ҳамсарҳад бо Афғонистон роҳ надиҳанд. Ӯ таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон муътадилтар аз бархе кишварҳои Аврупои Ғарбӣ мебошад: “Агар хулосаи умумӣ барорем, ба фикри ман субот дар кишварҳои узви СПАД пешгӯишаванда ва муътадилтар нисбати бархе аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ мебошад”.

Қаблан Бордюжа дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 рух надодани бетартибиҳо ва тазоҳуроти оммавӣ дар кишварҳои узви созмонро натиҷаи ҳамкории хуби мақомоти амниятии кишварҳои узв хонда буд. Ӯ изҳор дошт, ки СПАД ба нерӯҳои манфиатдор имкон намедиҳад, ки суботи дохилии кишварҳои узви созмонро барҳам занад: “Мо кор мекунем, то ҳаводиси атрофи созмон-терракт, бетартибиҳои оммавӣ ва даргириҳои мусаллаҳона дар дохили созмон ба вуҷуд наоянд”.

Ба гуфтаи Бордюжа бархилофи кишварҳои Аврупо, ки соли 2015 шоҳиди бетартибиҳои оммавӣ, даргирӣ ва террор шуданд, дар кишварҳои узви СПАД ҳатто тазоҳурот ба қайд гирифта нашудааст: “Ин натиҷаи кори мақомоти амнияти миллии кишварҳои узви СПАД ва ҳамкориҳо дар доираи созмон мебошад”.

Дабири кулли СПАД амнияти иттилоотиро самти асосии дигари фаъолияти созмон хонда, илова намуд, ки тайи соли 2015 даҳҳо сомонае масдуд гардиданд, ки тариқи онҳо созмонҳои ифротӣ таблиғот мебурданд.

СПАД - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорусияро дар бар мегирад.
Мӯҳр
Чи дуруг мегуи чаноби Бордюжа киргизхо бар хилофи хамаи хамкорихо ба мо ханчар мезанад. Оё онхо бо мо хампаймон нестанд?

исмат
ин бардюжа аз кушиши табадулоти давлатии хочи халим дар точикистон дарак надорад чи?

Ба Бардак
Бардак, узр, Бардуха, охир ту бгу ки кадом калаварам ба кишварҳои фақири СПАД меояд??? ҳама ба кишварҳои Аврупо мераванд барои он ки унча ЦИВИЛИЗАЦИЯ аст на диктаторию фасодзадаги!втанпарвар,

мехмон
Ин албатта барои чалби бештари Точикистон ба ЕврАзЕС талош мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)