Бахшҳо

Ширкати туркии «TUSKON» ба пружаҳои саноатии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронс оид ба Афғонистон "Ҳамкорӣ ва амният дар қалби Осиё" дар ш.


Истамбули Туркия қарор дорад, бо соҳибкорони бонуфузи Туркия - аъзои Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни “TUSKON” мулоқот доир намуд. Дар рафти мулоқот ҷаноби Зарифӣ оид ба ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, ҷиҳати ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати сабук, кишоварзӣ ва бунёд кардани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот, алюминӣ, сангҳои мармару хоро, нафту газ, иштирок дар пружаҳои манзилӣ, иншоотҳои фароғатӣ (меҳмонхона, истироҳатгоҳ, майдонҳои варзишӣ ва ғайра), сохтани корхонаҳои истеҳсоли семент ва масолеҳи сохтмонӣ, лоиҳаи муҳими минтақавӣ CASA-1000 ва санадҳои қонунгузории ҶТ дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ ҳозиринро шинос намуд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, соҳибкорон ва сармоягузорон ба санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии   Тоқикистон, ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун, иштирок дар озмунҳои кушодаи байналмилалӣ, масъалаҳои андоз ва гумрук барои воридоти молҳои саноатӣ, тартиби иҷора ё фурӯши замин, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, иншоотҳои фароғатӣ ва ғайраҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар вохӯрӣ соҳибкорон ва сармоягузорони турк ба Ҳамрохон Зарифӣ хабар доданд, ки дар охири моҳи ноябри соли 2011 ҷиҳати шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)