Бахшҳо

Убайдуллоев тағйири Конститутсияро “тақозои вақт ва ҷомеа” хонд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфтааст, маҳз такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия рушди устувору босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин намуда, сарчашма ва заминаи асосӣ барои ҳар як инсон муттасил фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона мебошад. Ӯ ин нуктаро душанбеи 15 феврал дармулоқот бо аҳли ҷамоатчигии пойтахт иброз доштааст.

Дар ин мулоқот, ки ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдор, перомуни “фаҳмондадиҳии моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон” баргузор шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, ибтикороти мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бозгӯи тақозои вақт ва ҷомеа мебошад. Ҷаноби Убайдуллоев таъкид кардааст, “тағйиру иловаҳо ба тавсеаву тақвияти равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар омилхои пешрафти ҷомеа ва Ватани махбубамон нигаронида шудаанд”.

Раиси Маҷлиси миллӣ ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистонро шарҳ дода, аз ҳозирин даъват кардааст, 22 майи соли ҷорӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок намоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Убайдуллоев дар идома гуфтааст, “вохӯрии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе бобати фаҳмондадиҳии моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 19 феврали соли ҷорӣ бо фаъолони чор ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони варзида анҷом дода мешавад”.
Мӯҳр
Чоплусонро сафарбар кунед аз Носир Салимов шуруъ намуда.

Хама бо як шева: талаботи замону, таквият ба раванди демократи кунони чомеа , хукуку озодихои инсон.
Шумо аз кадом днмократя гап мезанед кадом озоди кадом алаботи замон ? ??
Мардумро бе андактарин хукукашон паси панчара карда истодаед. Ришу Сатру манъ кардед . Масчидхоямонро хароб намудед. Хаминаст демократяи шумо ? Лозим нест .

Tajik
тагйири конституция бо максади паст кардани нархи чой.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)