Бахшҳо
16 фев 2016 11:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Иттифоқи истеъмолкунандаҳо: Ҳар дуюмин нафар дар Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад

Иттифоқи истеъмолкунандаҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ҳар дуюмин сокини Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад.

Илҳом Абидов,
раҳбари иҷроияи ин иттифоқ имрӯз, 16 феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, феълан танҳо 53 дарсади аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ таъминанду бас. Ин рақам дар шаҳрҳо ба 90 дарсад мерасад: “Дар маҷмӯъ, ҳар дуюмин фард дар кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад”.

Нишасти хабарии мазкур зери унвони “Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва ҳолати санитарӣ дар Тоҷикистон” бо ибтикори Иттифоқи истеъмолкунандаҳо ва Анҷумани миллии расонаҳои Тоҷикистон созмон ёфта дар он намояндаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об, КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок доранд.

Имомиддин Искандаров, намояндаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди боло рафтани арзиши хизматрасонии об гуфт, аз афзоиши нарх корхона манфиат намебинад. Ба қавли ӯ, чун фаъолияти “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” аз ҳисоби сармоя аст ва бештари ин маблағҳо қарз мебошгад, барои пӯшондани қарзҳо маҷбуранд, арзиши хизматрасониро боло баранд: “Вақте арзиши хизматрасонии барқ боло меравад, мо ҳам маҷбурем барои пӯшондани харҷҳо тарифҳоро қимат намоем. Аз ин мо ягон фоидае намебинем”.
Мӯҳр
Саид
Як проблемаи дигар аз хар як хона дар шахри душанбе комунални гуфта пул мегиранд. Ахоли пули партов алохида об ва баркро медихад боз хочагихои комунали пул мегиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)