Бахшҳо

Дархости Аврупо аз Тоҷикистон: Ҳуқуқу озодиҳо нақз нашаванд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 16 феврал аз анҷоми ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел хабар дод.

Ба иттилои манбаъ ҳайати Тоҷикистонро вазири умури хориҷӣ, Сироҷиддин Аслов ва ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Берт Кендерс, вазири умури хориҷии Ҳолланд, кишвари раисикунандаи ИА, роҳбарӣ карданд: “Зимни мулоқот масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, инчунин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Самтҳои асосии ҳамкорӣ, ҳолати муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи стратегияи миллии рушд ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, мавзӯи об ва энергетика, масъалаҳо доир ба амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд”.

Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт. Вазорат ҷузъиёти ин нишасти матбуотиро ироа накардааст, танҳо хабар додаст, ки ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идома додани ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ҳавасмандии худро тасдиқ карданд.

Ба иттилои расонаҳои Ғарб Сироҷиддин Аслов зимни ин нишаст аз бастани ҲНИТ ва амалиёти моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон ҳимоят карда, изҳор доштааст, ки террористон қасди табаддулоти давлатӣ доштанд. Берт Кандерс дар навбати худ бо баёни эҳтиром ба ҳуқуқи Тоҷикистон барои ҳимоя аз худ ва мубориза алайҳи ифротгароӣ, зарур хондааст, ки дар ин раванд набояд ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақз шаванд.
Мӯҳр
Қаробкафруш
Қарпухин худаша нитоо ҳис карсос....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)