Бахшҳо
18 фев 2016 10:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

Масъулини маркази миссионерии “Грейс Сонмин” мегӯянд, замин ва амволи марказ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ғайриқонунӣ тахриб ва ба соҳибии каси дигар дода мешавад. Мақомоти маҳаллӣ бошанд, ин иддаоро рад мекунанд.

Абдуаҳад Абдукаримов, ҳуқуқшиноси ин марказ мегӯяд, маркази миссионерии “Грейс Сонмин” заминҳои воқеъ дар ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакиро ҳанӯз соли 2002 харидорӣ намуда, онҷо хоҷагии моҳипарварӣ таъсис дода буд: “Ҳоло мақомоти маҳаллӣ иддао доранд, ки гӯиё мо роҳи умумро бастаем. Дар ҳоле ки тибқи сертификати истифодабарии замини хоҷагии моҳипарвар барои Маркази миссионерии “Грейс Сонмин” як миқдор замин ҷудо шуда, дар он ягон роҳи умум қайд нашудааст”.

Ба гуфтаи оқои Абдукаримов, ҳадафи масъулини ноҳияи Рӯдакӣ аз даъво барои кушодани роҳ аз самти шоҳроҳ ба ҷониби дарёи Кофарниҳон ба ихтиёри як тоҷир, ки дар қисми рости дарё корхонаи сангу қум дорад, гузоштани қисмате аз заминҳои ин хоҷагии моҳипарварӣ аст. Ҳуқуқшиноси “Грейс Сонмин” мегӯяд, ахиран бо истифода аз техника мехоҳанд, деворҳои марбут ба хоҷагиро хароб кунанд.

Абдуаҳад Абдукаримов афзуд, якуми октябри соли 2015 намояндаҳои мақомоти маҳаллӣ дарвозаи хоҷагиро шикаста, гуфтанд, "команда аз боло" шудааст: “Онҳо ягон санад надоштанд. 15 январи соли 2016 соати шашуними шом нозири минтақавӣ, намояндаи ҷамоат бо ҳудуди 20-30 корманди корхонаи коркарди сангу қум бидуни ҳеч огоҳӣ бо техника деворро хароб кардаанд".

Ба қавли ҷаноби Абдукаримов, дар мавриди ин қонуншиканиҳо 7 маротиба ба Додситонии кулл ва дигар мақомоти дахлдор шикоят бурд, аммо посухе дарёфт накард.

Сокинони маҳаллӣ низ мегӯянд, барои кушодани роҳ ба корхонаи сангу қум розӣ нестанд. Назрибек Юсупов, истиқоматкунандаи рустои Элок, ки дар шафати хоҷагии моҳипарварӣ воқеъ аст, мегӯяд, “ҳоло мошинҳои даврони Шӯравӣ нест, ки 10 тон бор барад. Инҳо 50-60 тон бор мекунанд ва агар ду маротиба аз пушти хонаҳои мо гузаранд, деворҳо фурӯ мерезанд”.

Гулчин, як сокини дигари ин деҳа гуфт, аз боз кардани роҳ танҳо як тоҷир фоида мебардорад. Ӯ афзуд: “Агар ин ба манфиати давлату ҷамъият бошад, ман розӣ, лекин соҳибкор аст, барои худаш кор мекунад. Мо даъво дорем, ки инҷо роҳ накушоянд, зеро гаштугузори фарзандони мо хатарнок мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, Аъзам Алиев, муовини раиси ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ин кор бо иҷозаи ҳукумати ноҳия, амри додситонӣ ва мақомоти корҳои дохилии ноҳия анҷом мешавад. Ҷаноби Алиев, иддао дорад, хоҷагии моҳипарварӣ роҳро ғайриқонунӣ бастааст: “Борҳо ба раҳбарияти марказ муроҷиат кардем. Ба онҳо гуфтем, роҳро банд кардаанд ва бояд мустақилона боз намоянд, аммо розӣ нашуданд”.

Абдуаҳад Абдукаримов, ҳуқуқшиноси маркази миссионерии “Грейс Сонмин” бошад, мегӯяд, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро дар ихтиёр доранд, ки собит месозад, онҳо ягон метр қитъаи заминро ғайриқонунӣ нагирифтаанд. Ӯ ҳамчунин афзуд, яке аз иддаои мақомоти дахлдори ноҳияи Рӯдакӣ ин аст, ки гӯиё дар маркази миссионерии “Грейс Сонмин” тарғиботи динӣ бурда мешавад: “Ин суханҳо асос надоранд. Инҷо танҳо ба фаъолияти хоҷагидорӣ, моҳипарварӣ машғуланд ва маҳсулот барои дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд, мактаб-интернатҳо ва ятимхонаҳо равона мешавад”.


АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ

АКС: Баҳси замин миёни хоҷагии моҳипарвари “Грейс Сонмин” ва мақомоти Рӯдакӣ
Мӯҳр
adl
Ма як чиза нафахмидам ин итиходияи динии кадом дин аст? Масехи ё мусалмони? Агар мусалмони бошад як девор не балки худатонро хароб мекунанд. Агар масехи бошад пас то чое даъвоятонро гуш мекунанд.

Дар Точикистони сохибистиклол конунгузориро иыро намекунанд. Ин холат барои манфияти як сохибкор дорои маблаги зиёд шуда истоддаст, ва Хукумат ва прокуратура онро тарафдори мекунанд мухолифи манфияти давлат. Аввала бояд хамаи чоррахои зарруриро тибки конун бисозанд.

Мухтарам сармухарир, Шумо барои чи аз Хукумати Рудаки, Прокуратураи рудаки ва Прокуратураи генерали, ки шумо мегует онхо ба ончо мурочиат кардаанд, аз онхо интервью нагирифтед??? Аз макомотхои зикргардида пурсед нисбати ин ходиса, ки онхо чи мегуянд, барои чи ин як катор чоррахои гайриконуни андешидан??? Бо манфияти ки он кадар харакатхои гайриконуни? Чи максад доранд? Илтимос нисбати ин масъала дар хукумати рудаки интерьвью гиред?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)