Имсол 21 овозхон ҷоизаи “Tamoshow Music Awards”-ро мегирад
Дуюмин маросими тақдими ҷоизаи “Tamoshow Music Awards” 5 март дар Душанбе баргузор мешавад.
Беҳрӯз Зеваров, раҳбари ширкати “Топ-Медиа”, ки бунёдгузори ин ҷоиза аст, ба “Озодагон” гуфт, имсол ба 21 овозхони тоҷик, ки клипҳояшон соли 2015 дар шабакаи Tamoshow-и Ютуб сербинанда будаанд, ҷоиза тақдим хоҳад шуд. “Бар илова ба ду хонуми сароянда ҷоизаи махсус -- Барои саҳми арзанда дар санъати миллӣ супарда мешавад”,-афзуд ӯ.
Ин дувумин маросими тақдими ҷоизаҳои “Tamoshow Music Awards” мебошад. Соли сипаришуда Ҷонибек Муродов, Меҳрнигори Рустам, Нигина Амонқулова, Фарзонаи Хуршед, Суруш Холов, Нигора Холова, Шаҳроми Абубакр, Фаридуни Хуршед, Зайнура Пулодова ва чандеи дигар барандаи ин ҷоиза шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |