Бахшҳо

Ҳикмати сиёсии Меркелбону ва пиндорҳои дугонаи Ғарб

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Як ҳафтаи ахир ин суханони Меркел, садри аъзами Олмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳофили баҳсии тоҷикӣ хеле баррасиву матраҳ шуданд:
“Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ, 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар Сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусалмонон 1 Худо, 1 паёмбар ва 1 Китоб доранд, вале хиёбонҳояшон ба хуни ҳамдигар сурх шудааст!
Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар!
Мақтул ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар!
Ва куштаҳои 2 тараф шаҳид номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутаваҷҷеҳ нестем дин чист!”


Ҳатто ҳафтаномаи “СССР” дипломи вижа ва 100 сомонӣ мукофотро барои бону Меркел ихтисос додаву онро дар сафорати Олмон дар Душанбе супурд. Аз нигоҳи инсондустӣ ва хирадгаройӣ муаллифи ин суханон ба ҳама гуна ҷоизаву мукофот сазовор мебошад. Вале агар шахсияти муаллифро ба унвони яке аз роҳбарони кишварҳое бидонем, ки дар тамаддуни Ғарб яке аз ҳарфҳои аввалро мезанад, моҳияти ҳикмат каме фарқ мекунад.

Суханони Меркел дар худии худ воқеияти баҳснопазиранд, агар наҳваи сиёсии чунин як изҳори назарро аз ҷониби ин роҳбари кишвари пешоҳанги аврупоӣ сарфи назар накунем. Аз ин гуна вазъи ҷаҳони Ислом на танҳо Меркел, ҳатто тамоми ҷаҳон дар ҳамин гуна як ҳайратанд. Мо, ин ҷо аз шарҳу тафсири ақидативу фалсафии ин гуфтаҳо канор меравем ва як руйкарди сиёсӣ ба ин нуқтаназар хоҳем дошт. Ин нукта, ки ҷомеаи мусалмонӣ гирифтори ҳамин гуна мушкил ва ҳамоқату нафратест, ки Меркел гуфтааст, ҷойи баҳс надорад. Вале чаро Ғарб, кишварҳои аврупоӣ ҳам дунболи тавсеаи ҳамин бебандуборӣ мебошанд? Оё ба ин суол Меркел ва ё Обама ё нахуствазири Бритониё посух доранд?!

Кишварҳои аврупоӣ дар даврони бештар аз дусадсолаи истеъмори худ дар кишварҳои мусалмониву арабӣ оё ҳамин танишҳои мазҳабиву бовару эътиқодиро тавсеъа надоданд? Магар мо шоҳиди ҳамин гуна тафаккур, пиндор ва танишҳо дар ин мустаъмараҳои аврупоӣ набудем? Кӣ имрӯз аз худкоматарин режимҳои хонаводагиву диктатории Саудӣ, Қатар, Имороти арабӣ ҳимоят мекунад, вале Эронро барои нақзи ҳуқуқи инсон таҳрим мекунад? Мисри диктатории даврони Муборакро кӣ аз нигоҳи сиёсӣ “крышевать” мекард, аммо боз кӣ ҳукумати интихобӣ ва бар асоси иродаву раъйи мардум ҳосилшудаи Мурсиро нахост? Чаро Ғарб ҳокимони диктатори Осиёи Марказиро ҳамеша ихтор медиҳад, чаро сарнагун шудани режими Асадро пуштибонии молиявию низомӣ мекунад, аммо аз сӯйи дигар барои аз миён рафтани ҳукуматҳои мардумӣ дар ҷомеаи мусалмонӣ боз ҳам талош мекунад? Олами Ислом “бо ҳама гўливу гарангӣ” шоҳиди чунин сиёсатҳо ва стандартҳои дугона мебошад.

Чаро Ғарб ҳам ин мекунаду ҳам он, вале чаро на ин мехоҳаду на он?
Ғарб бо рӯйи кор овардани гуруҳҳои террористуву қатлиомгари “Толибон”, “Ал-қойида”, “ДИИШ” ва садҳои дигар барои мо бовар медиҳад, ки ин ҳама ҳосили ҷомеаҳоеянд, ки як Худову як китобу як дин доранд. Дар ҳақиқат ин гуруҳҳо аз ҷомеаи мо бархостаанд, вале магар худҷӯш буданд?

Мо медонем, ки Ғарб, хусусан қудратҳои аврупоӣ ва ИМА дар асри XX ду душмани асосӣ дошт; куммунизм ва Ислом. Бо шикастӣ режими куммунистӣ, ҳоло Ғарб як душмани идеологӣ - Исломро дорад. Ғарб аз Ислом ба андозаи “шайтон аз бисмиллоҳ” метарсад. Инро тамоми муҳаққиқон -- Ҳонгтинтон, Эдвард Саид, Луис Бернард ва садҳои дигар ишора кардаанд. Пеш аз ҳама муҳаққиқони ғарбӣ ба ин нукта ишораҳои гуногун доранд. Хусусан, ин гуна баррасиҳо ва тарсҳо аз баробар омадани зуҳури Ислом ва сарнагун шудани императории Рим дар доираҳои фикрии Ғарб бисёр дида мешавад. Тарси ғарбиҳо аз маҳвшавии тамаддуни ғарбӣ аст. Онҳо тамоми кору чораро меандешанд, то “тамаддуни ғарбиро аз касоне, ки мехоҳанд ин тамаддун ва шеваи зиндагии ғарбиро нобуд кунанд” ҳифз намоянд. Ҳамин гуна тарс ва душманӣ Ғарбро дар муқобили Ислом қарор додааст ва тамоми талоши мумкин карда мешавад, ки мусалмонон “хиёбонҳояшон ба хуни ҳамдигар сурх” бишавад ва қотилу мақтул бигӯянд, ки “Аллоҳу Акбар”.

Бо ҳамин мақсадҳост, ки дар олами Ислом ва мусалмонҳо ҷангҳои ниёбатӣ, мазҳабӣ ҳеч аст, ки тамом шаванд. Оламе, ки ба як дину як Худо ва як китоб бовар дорад, аз ин гуна ҷангу куштор ҳеч хаста намешавад.

Луис Бернард, муҳаққиқ варзидаи бритониёӣ дар китоби арзишмандаш “Ғарб ва Ислом” фаслҳои алоҳидае бо номи “Ғарб ва Ислом” ва “Аврупо ва Ислом” дорад ва дар ин гуна таснифот ҳадафи ин муаллиф аз Аврупо ва Ғарб на қаламрави ҷуғрофиёӣ, балки як ҳудуди тамаддунӣ ва сиёсӣ дар баробари Ислом аст. Ин муҳаққиқи варзида менависад, “барои мусалмонҳо Ислом танҳо як низоми боварҳо ва ибодат нест ва танҳо яке аз ҷанбаҳои зиндагӣ низ нест, балки бо тафовут аз дигарон, ки дар ихтиёри ҳукуматҳои секулор ҳастанд ва дар зиндагиашон қонунҳои дунявӣ ба кор меравад, дар фурсатҳои наздик зиндагӣ бо ҳама тамомияташ ва дастуроти Ислом ҷойгузини таъйиноти маданиву ҷинойӣ ва ҳатто он чизе мешавад, ки мо онро ҳуқуқи конститутсионӣ меномем”.

Дар назарияи “бархӯрди тамаддунҳо”-и Ҳонгтинтон ҳарчанд тамаддунҳои динмеҳвар мавриди баҳсанд, вале бархӯрди Ғарб бо Ислом ҳамчун бархӯрди асосии ду тамаддуни ҳоким дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар ҳамаи ин таҳқиқот як чиз ҳадафи олӣ дониста мешавад: ҳимоя ва ҳифзии тамаддуни ғарбӣ. Барои ҳимоя ва ҳифзи тамаддуни ғарбӣ назарпардозони аврупоиву амрикоӣ улгуву роҳбурдҳое гуногунеро пешниҳод мекунанд вале чарост, ки Ғарби сисёӣ бештар ба роҳандозӣ ва гирифтор кардани олами Ислом ба куштор пора-пора кардани якдигар бартарӣ медиҳад. Вале равандҳои ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки ин роҳҳо чӣ қадар хатову зиддиинсониянд.

Ҳоло ҷаҳони Ислом ва фарҳанги сиёсии ғарбӣ дар мубориза ва рақобатҳои шадид қарор дошта, бештарин қурбониҳои ҷаҳон ҳосили ҳамин гуна рақобатҳои бемаъниву инсонкуш мебошанд. Аммо бояд гуфт, ки дар саргаҳи ҳамин гуна рақобат бештар Ғарб истод мешавад.

Ин суханони маънидори Меркелбону замоне маънидортар мешаванд ва ё мебошанд, ки агар Ғарб аз баҳри сиёсатҳои дугонааш бигзарад. Замоне инсонгароёнатар садо медиҳанд, ки “ДИИШ” дигар пуштибонии молиявию низомиро надошта бошад. Замоне демокартитар маърифат мешаванд, ки терроризм ба “хубу бад” тафкик нашавад. Ва ҳазор замону ҳазор омили дигар. Дар ғайри сурат ин суханони ҳикматомез аз шиорзании сиёсие беш намебошанд.
Мӯҳр
Мухочир
Офарин Иршод Сулаймони бехтарин тахлил худованд забонатро буротар аз шамшер гардонад.Сухан вакте, ки амал надорад таьсир надорад.Офарин ба Зафари Суфи бехтарин чавон бехтарин тахлилгарро баргузидааст.

Рахмати худо бар ту бод бародари азиз Иршод ,

Ана инро тахлилгар мегуянд

Рости як кисмати маклоаро хондаму дигар нафорид ки то ба охир бихонам.. Факат хаминро гуфтаниам ки аввалан на ту ва на Маркелбонуат хакки дар бораи мусалмонхо тахлилу барраси карданро надоред. Пеш аз оне ки ба мавзуи дини ки марбут ба ИСЛОМ-у муслимин хаст шумо ва Маркелбону даст мезанед хадди акал аз илми КУРЪОНУ СУННАТ ва масоили ФИКХ-и бояд бохабар бошед...

ФТ
Тахлили ба дарачайи оли ва бисер хам муйшикофона,дастатон ахд дардро набинад Иршоди арч,манд.

дуогуи муслимин
Иловаи ман ин аст, ки аз таьнаи ин гайримусалмонхо дар сурьате халос мешавем ки ДИНАМОНРО хуб омухта ДУШМАНОНИ ДИНАМОНРО шиносем!!! - на ин, ки ба хотири ЧИЗЕ АЗ МОЛИ ДУНЬЕО-!!! - фирефтаи макрхои гарбиену... дигарон шавем! Мушкиламон он аст ки мо худи мусалмонхо гирифтори фитнахои худсохтаи Душманони дин ба мисли :"давлати исломи"... ва дигарон гашта -байни ДУСТ ва ДУШМАН ФАРК намегузорем.

Тахлили хубу чолиб мувофикам

точикистони нав
То вакте мо ба оину дини кадимии худамон бар нагардем якбора гумроху мисли барзагов дар ботлоки зиндаги мемонем.

Ба ном тахлилгарону донишмандони акидативу мазхабиро гуфтаниям ки аввалан магзхои худатонро даво кунед то худшинос бошед баъд ба мардум тахлилгари намоед!!!

алишер
Пушида нест, ки дар чахони имруза зери мафхуми терориз ва терорист аксари мардуми чахон махсусан аврупою амрико русияву чин ва гайра мардуме ки пайрави дини мубораки ислом мебошанд мебинанд.
ВАЛЕ як бор касе намепурсад, ки зиёда аз 40 млн. мардуми куштаи чанги дуюми чахонро мусалмон накушта буд, мардуми кушта шудаи чанги 1 чахонаша ки кушт, дар япония мусалмон бомбаи атом напартофт ва садхо дигар вокеоти таърихии дигар, ки аксари он аз аврупою он тарафи укёнус сарчашма гирифт. Мусалмон дар чахони муосир бояд милси мазхаби Ханафияи мо ва суханони хамешагии сарвари давлат тахамулпазир бошанд.

Саидэхсони Камол
Иршод, мардуми Шумо мегуяд, ки "аблахро ёфтию фалонаш накарди гунохаш дар гарданат". Дигар хочати шарх нест. Чаро чохилию торикии хешро ба гардани дигарон мезанем? Онхо пайи манфиатхои худ мегарданд. Мо хам бояд манофеи худро хифз кунем. Мо то замоне ки аз пушти равшанфикре не, аз кафои чохиле меравем, Меркелбону ва хамсафонаш ин амалхояшонро дар мукобиламон идома хоханд дод. Дар чомеае ки равшанфикраш пеши бесаводе сари хас обру надорад, интизори пешрафт шудан камоли беаклист. Худат бо Мехмоншою чанд чавони дигари босавод дар байни чавонони зодгохатон чи кадар эътибор доред? Кариб, ки хеч. Аммо ду се муллою чанд муштзур садхо нафар аз ин чавононро аз пушти худ мебаранд. Аз як зодгохи кучаки Шумо наздики сад нафар дар ДИИШ-анд. Чаро аз гиребони худ нею аз Меркел мегиред? Мо бояд мунтазири он нашавем, ки Гарб "аз бахри сиёсатхои дугонааш бигзарад". Инсони муваффак онест, ки бо сангхои суяш хаводода барои худ хона месозад (ин суханони ман нестанд). Максад, худат мефахми чиро дар назар дорам.

офарин Сулаймони бояд дар хама холат хакро гуфт на ин ки лагандбардор!

озод,
САВСАТА НАВИШТАЙ барои чунин суханон нуктаи назар даркор ва касоне ки ояту хадисхоро ба кавли худ бо санадхояшон медонанд хамонхо даст ва мусулмонкуши мезананд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)