Бахшҳо
20 фев 2016 09:06Тоҷикистон / Тема дня

Падаре, ки духтарашро “сабукпо” гуфт, барои таҷовуз маҳкум шуд

Дар пайи эълони ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон, ки Файзиддин Гадоев, сокини 58-солаи ноҳияи Қубодиёнро ба 30 соли зиндон маҳкум кард, ҷузъиёти нави ин парвандаи пурсарусадо ошкор гардид.

Гадоев, ки моҳи октябри соли гузашта, барои қатли Моҳрухсор, духтари 34-солааш боздошт гардида буд, зимни мурофиаи додгоҳӣ инчунин дар таҷовуз ба номуси духтараш гунаҳкор дониста шуда, ҳафтаи гузашта ба 30-соли зиндон маҳкум гардидаст.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи қатли Моҳрухсор аз дасти падараш ба “Озодагон” иттилоъ дода, буд, ки Файзиддин Гадоев рӯзи 18 октябр, соати 05:50-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар пайи муноқиша бо корд 6 маротиба ба аъзои бадани духтари 34-солааш зарба зада, ба ҳалокат расонидааст. Мақомоти тафтишотӣ дар рӯзҳои аввали боздошти Гадоев иттилоъ доданд, ки муттаҳам сабаби даст задан ба ин ҷиноятро ба сабукпоӣ машғул шудани духтараш арзёбӣ кардааст: “Аммо баъдан маълум шуд, ки ӯ худаш низ ба духтараш дастдарозӣ кардааст”.
Мӯҳр
Аз Худо битарсед марди бечораро тухмат назанед. Имрӯзхо занхои фохиша зиёданд ва он мард дигар зани сабукпо наёфт ки ба духтари худаш тачовуз мекунад? Аз Худо битарсед бо зарби шаллоқ гунаҳро аз сараш бор накунед. Иншоаллоҳ зулм оқибати хуб надорад ва хонаи худи золимонро хароб мекунад. Худо фарзандони ҳамин золимонро ба зиндон гирифтор мекунад иншоаллоҳ. Озодагон илтимос чоп кунед шумо даххо мактуби моро чоп накардед

мехмон
Дар мо адвокату хукукшиносхо, муффатишхои касби ё худ хондаги умуман ангуштшуморанд. Он нафароне ки аз собик СССР морда буданд ба нафака баомаданд. Ва барои рейтинг ва худнамои чи корхое намекунанд. Барои чи катли шахсони маъруфро намеёбанду котили як духтаре ,ки мункин гайри падараш хеч кас надошт ошкор шуд ??????

Хуршед
Абдурахмон, Пеш аз нависондан камакак и тарафу у тарафта нигох куну пурс чура бад гап зан......и падарлаънати касофат ай рости ба духтараш дастдарози мекардаст.....30 сол кам аст, хукми и и касофат марг аст. Ин шо Аллох ки агар хамин кора кардаги бошад хам дар ин дунёву хам дар он дунё азоби саааааахта мебинад.

Ватандуст
Абдурахмон,
Вакте хеч чизро намедони, хубаш аз пушти монитор сухан магу. Кормандони ВКД низ мусалмон хастанд. Бисёр корхои бад мешавад нишон намедиханд, барои онки шумобаринхо кур курона назар мекунед хечизро намебинед дарав казоват карданро сар мекунед. АГАР БОВАРИ НАДОШТА БОШИ РАВ ВКД КОР БИКУН ВА ЧИНОЯТКОРО ДАСТГИР БИКУН ТОЧИКИСТОН РУ БА ПЕШПАВИ НАМО.

Гапи ҳардуятон росту,
Лекин ХУДО медонад, ки инкорҳам рост бошад..

Ватандуст,
Ватандуст,
Ин амалро Аллох медонад. Агар хамин мард бо рости бо духтари худ расида бошад вай бояд абади зиндон бошад агар накарда бошад худи онхо гунахкоран. Худо нигох дорад аз чунин амалхо

аз кадом сабаб ин духтарҳо бо ин кор даст мезананд. ?????

аз чи сабаб инхел духтарҳо бисëр шудаанд.
сабабаш дар чист ??????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)