Бахшҳо
22 фев 2016 09:02Тоҷикистон / Тема дня

7 назар: Агар имкон медоштед, дар Сарқонун чиро иваз мекардед?

22 майи соли равон дар Тоҷикистон раъйпурсӣ баргузор мешавад. Шаҳрвандони кишвар бояд муайян кунанд, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонунро мепазирунд ё на. Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид, ки: АГАР ИМКОН МЕДОШТЕД, ДАР САРҚОНУН ЧИРО ИВАЗ МЕКАРДЕД?

Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос
Агар имкон медоштам, ба мафҳуми демократияву ҳуқуқбунёду дунявӣ эътибори ҷиддӣ медодам. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки эътибори олии ҳуқуқӣ доранд, дар амал татбиқ менамудам, на дар рўи коғаз. Ба ҳама ҳизбҳои сиёсӣ имконоти ворид шудан ба саҳнаи сиёсатро муҳайё менамудам. Аз ҳама муҳимаш синну соли номзад ба мақоми раиси ҷумҳурро аз 35 ба 30 не, балки аз 35 ба 40 боло мебурдам, зеро чавони 30-35-сола лаёқату маҳорату малакаи пешбурди давлату миллатро надорад . Қариб дар 40 модда ё банди Сарқонун бояд тағйиру илова ворид карда шавад.

Усмон СОЛЕҲ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
Ман фикр мекунам, ки ҳоло зарурати таърихӣ пеш омадааст, ки ба Сарқонуни кишвар тағйиру иловаҳо ворид шавад. Тӯли ин солҳо, ки таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёде ба миён омад ва бо таваҷҷуҳ ба ин, вақти он фаро расидааст, ки дар Сарқонун низ тағйирот ба миён ояд. Тағйиру иловаҳои ахир ба Сарқонуни Тоҷикистон, ин низоми ҳуқуқии кишварро боз ҳам мустаҳкам мекунад ва ман ба он тағйиротҳо комилан мувофиқам.

Шуҳрат ЛАТИФОВ, коршинос
Агар имкон медоштам, дар Сарқонун маориф ва тибро расман пулакӣ мекардам. То он ки як нархномаи муайян ва стандартӣ ҷорӣ шаваду ин ҳама коррупсия ё худ пулситонии ғайрирасмӣ дар соҳаи маориф ва тиб аз байн равад. Маориф ва тиб мувофиқи Сарқонун ройгон аст, лекин бо “Постановления” ва дигар санадҳои идоравӣ пулакӣ шудааст, ки мухолиф ба Сарқонун мебошад.

Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқшинос
Агар дорои салоҳият мебудам, бо назардошти вазъи кунунии кишвар моддаи 9-и Сарқонунро ки “ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”, пешбинӣ намудааст, хориҷ мекардам, зеро ин як мардумфиребӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба давлату миллату Ватан мебошад. Ҳеч як ҳокимияти мустақил дар Тоҷикистон нест. Имрӯз кор то ҷое расидааст, ки ҳокимияти иҷроия, ҳукумат, суд, қонунбарор ва ҲХДТ- ро аз ҳам фарқ кардан ҳеч имкон надорад. Ин беҳурматӣ ба Қонуни асосӣ нест? Аслан ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дилхоҳ қонун ягон бадӣ надорад, чунки ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле бо суръати баланд пеш рафта истодааст, ҳамарӯза талабот тағйир ёфта истодааст. Бо матни пурраи тағйиротҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шудам. Воқеан, соли 1994 зимни қабули он хеле аз мафҳуму калимаҳои ғайритоҷикӣ истифода шудаанд ва имрӯз ислоҳ кардаанду тағйир додаанд, ки боке нест. Аммо дар қисмати он ки президенти кунунӣ бемуҳлат ва бемаҳдудият метавонад номзадии худро пешниҳод кунад ва агар содда карда гуем, ӯ президенти якумра боқӣ мемонад, мувофиқ ба усулҳои демократия нест. Чаро? Модоме, ки тибқи моддаи 1-и Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф кардем, чӣ тавр мешудааст, ки президент як умр сари қудрат бимонад? Дар як вақт ҳуқуқи 8 миллион аҳолии Тоҷикистон ба интихобот ва интихоб шудан поймол мегардад, яъне, аҳолии кишвар дигар хуқуқи интихоб шудан ва интихоб кардану дар ҷараёни сиёсӣ иштирок карданро надоранд. Дар чунин ҳолат сухан кардан аз як ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуҳуқбунёд фикр мекунам, мантиқ надорад.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия
Чӣ фарқ дорад, ки дар Сарқонун чиро тағйир медодам ё не? Агар талаботи Сарқонуни мавҷуда иҷро мешуд, аллакай олам гулистон мегардид. Агар давлати қонунӣ мебуд, аввалин коре ки мекардам, дар боби 2 менавиштам, ки “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (Форсӣ ) аст. Дигар ҳамаи бобоҳояш аз қавонини давлатҳои дигар “плагиат” шудаанд.

Алим ШЕРЗАМОНОВ, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон
Агар имкон медоштам, Конститутсияро пурра аз нав мекардам ё ҳадди ақал имрӯз якчанд банди онро тағйир медодам, ки аз нигоҳи ман ҳоло ба он ҷомеа воқеан ниёз дорад. Аз ҷумла: маҳдудсозии чашмраси ваколатҳои Президент, ҳамзамон баланд бардоштани мақоми раиси ҳукумат, додани ваколатҳои бештар ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, барҳам додани палатаи болоии палумон, таҷзияи воқеии ҳокимияти давлатӣ аз тарафи МН ва таъини дигар судяҳои судҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз тарафи маҷлисҳои вакилони халқи воҳидҳои маъмурӣ. Ва ин феҳрасти охирон нест. Ва як банди алоҳида дар бораи тағйирнопазирии муҳлати ваколатҳои президентӣ, ки бояд на зиёда аз ду маротибаи панҷсола ва новобаста аз он ки пайдарпай аст ё не. Васеъ кардани ваколатҳои ВМКБ, ки ин мавзӯи алоҳида аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)