Бахшҳо

Хоҷалӣ: Мудҳиштарин фоҷиаи низоъи Қарабоғи Кӯҳӣ

Баъди фурӯпоши ИҶШС дар ҳар минтақае аз ин кишвари собиқи “шашяки рӯйи замин” низоъҳо ва ҷангҳое сар зад, ки яке аз омилҳои аслӣ дар ин ҷангу низоъҳо минтақаҳои махсуси баҳсии миёни “кишварҳои миллӣ” буд, ки дар замони Шӯравӣ ба таври огоҳона аз ҷониби болшевикони рус эҷод шуда буданд. Ин минтақаҳои махсус ба он хотир эҷод шуда буданд, ки идораи минбаъди ин давлатҳо барои Русия осонтар шавад. Баҳсҳои ҳалношудаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ҳаводису низоъҳои озорбойҷону Арманистон бар сари Қарабоғи Куҳӣ, масъалаҳои Самарқанду Бухоро миёни Тоҷикистону Узбакистон ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Яке аз оилҳои марказии фоҷиа ва қатли омми Хоҷалӣ реша дар ҳамин сиёсати Шӯравӣ дорад ва беҳуда ҳам нест, ки дар ин фоҷиаи нангини таърихи инсоният яке аз полкҳои мутаҳҳидаи неруҳои ИДМ, ки ғолибан таҳти фармони Маскав буд, иштирок кард.

Дар мавриди қатли омми Хоҷалӣ ва фоҷиаи озариҳо, ки дар таърихи инсоният яке аз золимонатарин ва хунхортарин фоҷиаҳо дониста мешавад ва ҷоҳон онро чунин баҳогузорӣ мекунад ба содагӣ ҳарф задан мушкил аст. Ҳарчанд бештари расонаҳо дар замони ин ҳодиса мехостанд таъкид бикунанд, ки ин қатли омми мусалмонҳо аз ҷониби арманиҳои масеҳии апостол аст ва инро чун як ҷанги масеҳиёну масалмонон тафсир бинмоянд, ин мақсад ҳосил нашуд, зеро ин фоҷиа ҷинояти башарӣ буд, на диниву мазҳабӣ. Ва ҳамчунин танҳо барои ёдоварӣ дар ин бора навиштан дарк накардани ин ҷоҳилияти инсонӣ дар поёни асри XX аст. Хусусан вақте мо чунин эътирофи президенти кунунии Арманистон Серж Саргсянро дорем: “Мо чунин меҳисобем, ки дар ин бора бо садои баланд ҳарф назанем. Он чӣ ба қурбониёни озарӣ дахл дорад, хеле бисёр нишон дода мешавад. Бале, ба гурезаҳои озарӣ муқовимати мусаллаҳона нишон дода шуда буд. Аммо ман фикр мекунам, ки масъалаи асосӣ тамоман дигар аст. То ҳодисаи Хоҷалӣ озариҳо фикр мекарданд, ки бо мо шӯхӣ кардан мумкин аст ва арманиҳо қобиляти даст бардоштан ба аҳолии осоиштаро надоранд. Мо тавонистем ин қолабро бишканем. Ин чизе аст, ки иттифоқ уфтод” (аз китоби мустанади “Боғи сиёҳ” – и журналисти бритониё Том де Валл).

Роҳбари фақиди Озорбойҷон Ҳайдар Алиев ин ҳодисаҳоро чунин баҳогузорӣ намуда буд: “Қатли омми Хоҷалӣ дар умум алайҳи мардуми Озорбойҷон равона шуда буд ва бо бераҳмӣ ва усулҳои ғайриинсонии хушунатбор яке аз амалҳои ваҳшонияттарин дар таърихи инсоният мебошад. Ин қатли омм дар он замон ҷинояти таърихӣ бар муқобили тамоми башарият буд".

Дар тафсири мавқеи ин ду роҳбари кишварҳои ҳамсоя мешавад, ки ҳазор назарияву консепсияро ба кор бурд, вале беҳтар аст, ки инҷо назари ду хориҷӣро биоварем, ки онҳо чӣ гуна баҳогузирие ба ин ҳаводиси нангини таърихи башарият доранд. Дабири кулли институти тадқиқотии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА Сване Корнелл гуфта буд, ки “баъди фоҷиаи озариҳо дар Хоҷалӣ аҳоли осоишта хонаҳои худро дар аввалин бори наздик шудани неруҳои арманӣ аз тарси такрор шудани ҷанг тарк карданд. Яке аз ҳадафҳои қатли омми Хоҷалӣ эҷоди чунин як тарсе буд, ки барои тоза кардани қаламрави Озорбойҷон аз мардум хеле таъсир гузошт”.

Журналисти маъруфи бритониёӣ Том де Ваал дар китоби мустанади худ бо номи “Боғи сиёҳ”, ки ба фоҷиаи Хоҷалӣ бахшида шудааст, менависад:
“Ман фикр намекунам, ки ин як амали қасдона буд. Ман фикр мекунам, ки дар ҳама гуна ҷангҳо ҳодисаҳо хеле зуд, худбахуд рух медиҳанд. Вале ба ҳар ҳол ҷолиб ин аст, ки онҳоро чӣ гуна тафсир мекунанд. Ман фикр мекунам, ки ин як иқдоми огоҳонае буда, ки ҳосили тавофуқ бо боло ва фикр мекунам, ки ин як ҷанг буд”.

Қатли омми шаҳри озарии Хоҷалӣ аз ҷониби ташаккулҳои мусаллаҳи арманӣ ба шинохт ва баҳогузории сарчашмаҳо мудҳиштарин ва бузургтарин хунрезӣ дар тамоми ҷанг ва низои Қарабоғ мебошад. Ҷониби Озорбойҷон ин ҳодисаро ба унвони қатли омми Хоҷалӣ ва фоҷиаи Хоҷалӣ шинохтааст ва ҳамин тур онро барои ҷаҳон пешниҳод мекунад. Аз сӯйи дигар ҷаҳон ҳам инро ба унвони як ҷинояти башарӣ ва хунрезӣ бо ваҳшонияти бесобиқа қабул кардааст.
Шаби 25- ба 26-уми феврали соли 1992 ташаккулҳои мусаллаҳи арманӣ бо ҳузури хидматчиёни полки 366-уми Неруҳҳои муттаҳидаи ИДМ шаҳри Хоҷалиро ба тасарруфи худ дароварда бар пайи ҳамла ҳазорҳо куштаву бедаркшуда бар ҷой гузоштанд.

Мантақае, ки арманиҳо ба тасаруфи худ дароварданд дар Қарабоғ як мантақаи истротежик буд. Тавассути Хоҷалӣ роҳҳои Агдам – Шуша, Аскеран – Степанакерт мегузаштанд ва ҳамчунин инҷо ягона фурудгоҳи Қарабоғи Куҳӣ ҷойгир буд, ки тайёраҳоро мепазируфт. Ин шаҳр аз соли 1988 ба баъд чандин бор маркази даргириҳои миллӣ ва ҷанҷолҳо миёни ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷумҳурявӣ буд. Ҷониби Арманистон даъво дошт, ки ҳукумати Озорбойҷон бо мустақар кардани гурезаҳои озарӣ ва туркҳои месхетинӣ мақсади махсус дорад ва мехоҳад вазъи демографӣ дар минтақаро тағйир бидиҳад. Аҳолии минтақа дар соли 1988 213 5 нафар буд, ки соли 1991 то 6300 расид, аз ҷумла аз ҳисоби гурузаҳои озарӣ аз Степанакерт ва дигар нуқтаҳои аҳолинишини Қарабоғи Кӯҳӣ. Ба ин ҷо ҳамчунин 54 хонаводаи турки месхетинии аз Фарғонаи Узбакистон бар асари ошӯб фирор карда ҷойгир карда шуд. Соли 1990 Хоҷалӣ мақоми шаҳрро соҳиб шуд.

Бояд гуфт, ки тирамоҳи соли 1991 Хоҷалӣ аз ҷониби ташаккулҳои мусаллаҳи арманӣ тақрибан тасарруф шуд ва баъди берун рафтани неруҳои ИҶШС аз Қарабоғи Кӯҳӣ комилан дар муҳосараи онҳо гирифта шуд. Шаҳри Хоҷалӣ шаҳре, ки бештарини қурбониҳоро дар муборизаи милливу маъмурии Озорбойҷону Арманистон бештарин қурбониро дод, аз январи соли 1992 ба ба ин шаҳр барқ дода намешуд. Қисме аз мардум шаҳрро тарк мекарданд, вале ба муроҷати боисрори раиси вақти шаҳр Э. Мамедов диққат надоданд ва тамоми шаҳр тахлия карда нашуд. Дар ин шаҳр тамоси телефонӣ, барқ, гармӣ ва обӣ нушокӣ қатъ карда шуд. Аз октябри соли 1990 ба баъд ягона василаи робита бо ҷаҳони берун чархболҳо буданд. 13 феврали соли 1992 вақте охирин парвози чархбол ба Хоҷалӣ сурат гирифт аз он ҷо 300 бошанда кучонда шуд. Давродаври ин шаҳр дар муҳосираи арманиҳо буд.

Яке аз баҳсҳои мушкил ва пурҳарфи ин фоҷиа теъдоди кушташудагони бегуноҳ аз ҳисоби аҳолии осоишта ва он ҳам озариҳо мебошад, ки дар ҷаҳон ҳамчун қатли омм тафсир мешавад. Маркази мудофеи ҳуқуқи “Мемориал” (Русия), ки инҷо таҳқиқоти густардае гузаронид таъйид кардааст, ки ҳангоми ҳамла дар шаҳр аз 2 то 4 ҳазор нафар вуҷуд доштааст. Кумисюни вижаи парлумони Озарбойҷон, ки ҳаводисро таҳқиқ карда буд теъдоди қурбониёни ин ҳодисаро 485 (бо шумули касоне ки дар роҳ аз шиддати сармо мурдаанд) нафар медонад. Муаллифи китоби “Боғи сиёҳ” ҳам ин маълумотро боэътимод медонад.

Маркази мудофеи ҳуқуқи “Мемориал” маълумот пешниҳод кардааст, ки дар Агдам ташхиси давлатии тибии судии 181 ҷасад, аз ҷумла 130 ҷасади мард, 51 ҷасади зан, 13 кудак гузаронда шуд. Дар натиҷа маъулм шуд, ки сабабҳои марги 151 нафар бар асари тир, 20 нафар — бар асари захмҳои гулӯлаӣ, 10 нафар — аз зарбаи ашёи вазнин будааст. Як қисм фирориёни захмин дар хунукиҳои куҳу ҷангалҳо ҷонро ба ҷонофарин супруданд.
Ҳукумати Озорбойҷон дар як маълумоти расмӣ теъдои қурбонийонро 613 нафар гуфтааст, ки аз ин теъдод 63 кӯдак, 106 зан, 70 нафар солхӯрда мебошанд ва 8 хонавода комилан кушта мешаванд. Бар асоси ҳамин маълумот дар ин ҳодисаи нагини башарӣ 487 нафар бо шумули 76 кӯдак захмдор мешаванд ва 150 нафар комилан пайдо нашуданд.

Бар асоси маълумоти «Мемориал» 28 марти 1992 ба ҷониби озарӣ бештар аз 700 сокини ба асорат гирифта шуда дода шуд, ки бештари онҳоро занону кӯдакон ташкил медоданд. Ҳамчунин дар яке аз мактубҳои ҳукумати Озорбайҷон ба унвони Котиби генералии СММ дар соли 1994дар замони ҳукумати Ҳайдар Алиев рӯйхати 82 кӯдаки озарие оварда мешавад, ки аз ҷониби низомиёни арманӣ ба асорат гирифта шудаанд, ки 19 кӯдаки онҳо дар Хоҷалӣ асир гирифта шудаанд. Баъзе расонаҳо шароити нигоҳдории асиронро аз ҷониби арманиҳо бисёр ғайри инсонӣ ва тоқатфарсо дониста, гуфта буданд, ки бештар мардон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Ҳарчанд, ки гуфта шуда буд занҳову кӯдаконро шиканҷа накардаанд, вале аз чанд мавриди таҷовуз ба номуси занҳои асир ҳам маълумот пешниҳод шудааст. Журналист Виктория Ивелевой, ки дар мантақаи низоъ қарор доштааст менависад, ки арманиҳо ба асрирон инсонворона муносибат мекарданд ва ба кӯдакони асир либосу ашёи гарм низ медоданд. Зимистони солҳои 1991–92 шаҳр ҳамеша мавриди гулулаборон қарор гирифтааст ва бо таъйиди созмони мудофеъи байналмилалии «Human Rights Watch», ки баёноти шоҳидонро гирд овардааст баъзе аз тирборонҳо ба биноҳои маскунӣ равона шуда буд, ки қурбониёни худро аз ҳисоби аҳолии осишта доштанд.

Хабарнигори рус Вадим Белих, ки замони низоъ дар ҷониби озарӣ қарор доштааст навишта, ки ҷониби арманиҳо аз як моҳ қабл аз ҳамла ва амалиёт хабар дода буданд, вале ҷониби Озарбойҷон барои берун кардани аҳолии осишта коре накард. Чанд рӯз пеш аз амалиёт минтақаҳои арманинишинро тавассути тамосҳои родиёӣ хабардор карданд ва хоҳиш карданд, ки аз шаҳр берун бираванд.

Элман Мамедов роҳбари иҷроияи Хоҷалӣ дар соли 1992 гуфт, ки 25 феврал дар соати 20:30 иттилоъ дарёфтаанд, ки ҷониби рақиб мавқеи ҷангиро ишғол кардааст ва соати 23–и шаб гулӯлаборони Хоҷалӣ аз вазнинтарин силлоҳо оғоз шуд. Ҳуҷуму таҷовузи арманиҳо аз соати 1–и шаб то 4–и субҳ давом кард.
Журналисти бритониёӣ Том де Ваал дар китоби худ огози ин ҳамларо чунин ба қалам додааст. Арманиҳо ҳадафмандона дар солгарди ҳаводиси Сумгоит бо дастгирии полки 366 Артиши Шӯравӣ аз се тараф Хоҷалиро муҳосира карданд ва баъди он сарбозони арманӣ вориди шаҳр шуданд. Маркар ва Сета Мелконян бародар ва ҳамсари Монт Мелконян, ки дар феврали соли 1992 яке аз роҳбарони гуруҳҳои мусаллаҳи арамнӣ буд дар китоби худ «My Brother’s Road: An American’s Fateful Journey to Armenia» (соли 2005) ҳамчунин ба ҳадафмандона ҳуҷум кардани ба Хоҷалӣ дар солгарди ҳаводиси Сумгоит ишора карда, онро як нав иқдоми ҷавобиву таллофиҷӯёна шарҳ додаанд.

Шоҳидони зиндамондаи шаҳр қисса кардаанд, ки онҳо дар дили шаб барои панаҳ бурдан аз тир ба зербиноҳо ҷой шуданд ва ё дар соати 3 шаб шаҳрро тарк мекарданд. Дар ин ҳамла бар асоси бозрасиҳое, ки то кунун шудааст 7 арманӣ кушта шудааст. Хабаргузориҳои арманӣ гуфтаанд, ки 30\40 сарбози озарӣ куштаву бештар аз 100 нафар ба асорат гирифта шуд. Қисме аз аҳлӣ баъди огози ҳуҷум иҷборан шаҳрро тарк мекарданд. Маркази “Мемориал” навишта, ки ба як қатор фирориҳо ҳам ҳуҷуми мусаллаҳона сурат гирифта, мардуми бисёре кушта шуд. Қисме аз фирориҳо бо азобу машақатҳои зиёд ҷон ба саломат бурданд, вале як қисм, аз ҷумла занҳо ва кӯдакон (ки дақиқ кардани шумораашон мушкил аст) ҳангоми фирор дар кӯҳҳо аз шиддати хункӣ мурданд. Қисме аз фирориҳоро ба асорат гирифтанду онҳоро баъдтар куштанд. Баъзе аз расонаҳо навиштаанд, ки “барои тарсондан бо як ваҳшониати бемисл занҳоро дар хиёбонҳои шаҳр мекуштанд”.

Хабарнигори телевизионӣ Юрий Романов, ки бо гуруҳи журналистон ба макони ҳодиса дар 28 феврал бо чархбол бурда шуда буданд дар хотироташ ваҳшониат ва гайриинсонитарин амалҳоро менависад: “Ман аз тирезачаи гирди чархбол ҳануз пеш аз фуруд омадан ҷасадҳои хобидаро медидам. Дар ин миён ҷасади занҳо, пиру кампирҳо, духтаркаону писаркони ҳама гуна синну сол, аз ширхор то наврас дида мешуд. Моро як манзараи даҳшатафкан такон дод. Ҷасади ғелида кампире бо наберааш. Ҷасади кампир бо сари урёнгаштаи сафедаш дар баробари ҷасади духтараке бо пирҳани кабуди рӯсаридор мехобид Пойҳои онҳо ба чӣ хотире бо симхор гиреҳ хӯрда буданд. Аз кампир дастонаш низ гиреҳ хурда буд. Ҳардуйи онҳо аз сарашон тир хура буданд. Духтарак тахминан чорсола буд”.

Томас Голтс ҳамон замон дар «Washington Post» навишта буд, ки беморхонаи Агдама аз фирориён лабрез аст. Голтс навишта, ки бештари кушташудагон дар замони таваққуф тир хӯрдаанд ва қисме аз қурбониён ҷарҳатҳое аз корд доштанд. ББС ҳам маълумот дар бораи тирпаронӣ ҳангоми таваққуфро таъйид карда буд. "Дар Агдам шоҳиди додугирифти асирони зинда бо ҷасадиҳо шудем. Мудҳиштар аз ин чизе набуд, ки ман гӯшҳои бурида, чашмҳои кофта, сарҳои бурида ва сарҳои пӯстшударо медидам. Ҳамоқату ваҳшниятро сарҳад набудааст", – навиштааст як рӯзноманигори “Известия”.
Маҷллаи амрикоии «Newsweek» навишта буд, ки бештарин кушташудагон аз фосилаи бисёр наздик парронда шуда буданд ва ин бозгӯ мекард, ки онҳо ҳангоми фирор кушта шудаанд. Шореҳи журнали «Time» Джилл Смолоу навишта буд, ки баъди дидани ваҳшонияти ин ҳаводис ба ин гуфта, ки мардуми бегуноҳ аз тарафи арманиҳо махсус кушта нашудаанд, бовар кардан бисйор сахт аст.

Ба навиштаи расонаҳои озарӣ як наворбардор духтараки шашсолаеро навор гирифта буд, ки чашмаш бо пасмондаи сигор сӯзонда шуда буд.
Яке аз омилҳои марказии ин қатли омм иштироки хидматчиёни полки 366-уми вомонда аз Артиши Шӯравиро дар Қарабоғ дар фоҷиаи Хоҷалӣ аксари тарафҳои ҳодиса бидуни фармони роҳбарияти полк медонанд. Баъдтар маълум шуда, ки афсарону пропоршикҳои ин полк бо ҷонибдорӣ аз ҳар ду тараф: ҳам арманиҳову ҳам озариҳо иштирок кардаанд. Ҳузури ин низомиёнро ҳам созмонҳои мудофеъ ва ҳам фирориёни Хоҷалӣ таъйид кардаанд. Ҳарчанд дафтари матбуоти Неруҳои мутаҳиддаи ИДМ дар оғоз иштироки полки 366-умро комилан рад карда буд, вале 11 марти 1992 нашрияи «Красная Звезда» иштироки хидматчиёни ин полкро эътироф кард. Малик Шоҳназарян, ки дар ин ҳангом мақоми раиси кумисиюни доимии Неруҳои Мусслаҳи Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳиро дошт дар баъзе аз китобҳояш ҳузури сарбозону афсарони полкро инкор мекунад ва менависад, ки “неруҳои мусаллаҳи арманӣ дар ин замон барои анҷоми амалиёт техникаи низомии қобили мулоҳизае доштанд”. Дар муроҷиатномаи Шӯрои олии Озарбойҷон ҳам иштироки хидматчиёни ҳамин полк гуфта мешавад, ки бидуни гирифтани фармон аз роҳбарияташон буда.

Юрий Гирченко яке аз хидматчиёни ин полк гуфтааст, ки аз ҳисоби хидматчиёни полкашон асосан арманитаборҳо дар фоҷиаи Хоҷалӣ иштирок карданд ва менависад, ки дар он шаб қумандони яке аз баталонҳо арманитаборҳо ва ихтиёриёни дигар миллатҳоро ҷамъоварда ва барои ҳуҷум ба Хоҷалӣ фиристод. Ба навиштаи Том де Ваал яке аз сабабҳои аз инҷо бурун кардани полк бо фармони Маскав иштироки шармандаворонаи он дар ҳаводиси Хоҷалӣ буд.
Аёз Муталибов президенти вақти Озорбойҷон, ки он замон истеъфо дода буд, гуноҳро ба гардани неруҳое зад, к ӯро маҷбур ба истеъфо карда буданд. Томас де Ваал дар китобаш менависад, ки Муталибов бо ин изҳорот мехост гуноҳи худ – таъмин карда натвонистани ҳимояти шаҳрро пинҳон кунад.
Вале Муталибов дар як қатор мусоҳибаҳои баъдии худ гуфта, ки гунаҳкори асосии ин ҳаводис неруҳое набуданд, ки ӯро иҷбор ба додани истеъфо карданд, танҳо ин неруҳо ҳаводиси рухдодаро барои сарнагун кардани ӯ истифода карданд.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҳодсаи Хоҷалӣ дар вақташ изҳори таасуф кара буд. Бар асоси иттилои баъзе расонаҳои озарӣ як қатор ҳомиёни ҳуқуқи арманӣ ба таври ошкоро аз озорбойҷониҳо барои қатли ом дар Хоҷалӣ узр хостанд, ки миёни онҳо шахсиятҳои маъруфе чун Карен Оғоҷониён ва Микаел Дониёлиён президенти Ассотсиатсияи Хелсиникии Арманистон дар умури ҳуқуқи инсон буданд. Бар асоси баҳодиҳии ҳуқуқии созмонҳои ҷаҳонӣ амали неруҳои арманӣ ба таври бисёр дағалона вайрон кардани Муоҳидаҳои Женева, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва “Муоҳида дар бораи ҳуқуқи занон ва кӯдакон дар ҳолатҳои фавқулода ва дар давраи низоъҳои мусаллаҳона” мебошад.

26 феврали 2007 парлумони Озорбойҷон муроҷиатномаеро барои тамоми созмонҳо ва ҳукуматҳои ҷаҳон пазируфт, ки онҳо бояд фоҷиаи Хоҷалиро як амали қатли омми озариҳо бишносанд. Соли 2010 Созмони Конфронси Исломӣ санаде қабул кард, ки бар асоси он бояд кишварҳои узв фоҷиаи Хоҷалирро ҷинояти зиддибашарӣ бишносанд. Соли 2012 Кумитаи умури байналмилаии парлумони Покистон ҳам Хоҷалиро як ҳодисаи қатли омм донист. Дар Небраска ва Ню Мексикои ИМА 26 февралро “Рӯзи поси хотири Хоҷалӣ” эълон кардаанд. Лавҳаҳои поси хотири қурбониёни фоҷиаи Хоҷалӣ дар хеле аз кишварҳои Осиё ва Аврупо ва қораи Амрико ҳам сохта шудаанд. Бо вуҷди ин ки дар мавриди Хоҷалӣ наздики 10 филм дар сартосари ҷаҳон бардошта шудааст ва чандин асару оҳангу сурудҳо эҷод шуда, аммо сар аз соли 2002 то кунун ҳамасола муроҷиатномаи гурезаҳои Хоҷалӣ ба унвони СММ, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо қабул мешавад. Дар аввалин муроҷиатнома чунин гуфта шудааст: “Бо гузашти бештар аз 10 сол, ки мо хоҷалиҳо гуреза шудем бо як дарди дил ва умеди бузург ба тамоми мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон ва созмонҳои ҷаҳонӣ муроҷиат мекунем, ки ба ин таҷовуз ва ғасбкорӣ баҳо ва сазои ҷомеаи ҷаҳонӣ дода мешавад”.

Аммо Қарабоғи Кӯҳӣ ва фоҷиаи Хоҷалӣ мантақаҳое барои ҳадафҳои гестратегӣ ва геосиёии кишварҳову созмонҳо қарор гирифта, омилҳову ангезаҳо ва ҷиноёти башарии ин фоҷиа баҳогузорӣ нашуда, ҳукми таърих дар баробари ин қатли омм содир нашудааст.

И. Сулаймонӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)