Бахшҳо

Додгоҳ Остон Азизовро 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Остон Азизов, овозхони шинохтаи кишварро чор ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, Азизов бар пояи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷрим шинохта шуда, ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 4000 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, Остон Азизов бидуни қарордод дар як тӯй ҳунарнамоӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, гуруҳи кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар пайи як санҷиш муайян кардааст, ки Остон Азизов 16 августи соли 2015 дар иистироҳатгоҳи “Жасмин”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб дар тўйи хонадоршавии бародари шаҳрванд Ҳакимов Б хизмат мерасонад: “Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Остонақул Азизов худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор наҳисобида, нишон дод, ки 16 августи соли 2015 ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ӯ як шиносаш бо номи Ҷамшед тавассути телефони мобилӣ занг зада, хоҳиш намудааст, ки ба тарабхонаи “Жасмин” даромада, ҳамчун туҳфа як-ду суруд хонад”.

Ин сароянда гуфтааст, бо далели он ки ҳофизи асосии ин тӯй набуд ва ройгон хизмат расонд, бо соҳиби маърака шартномаи хизматрасонӣ набаст. Ӯ таъкид кардааст, ки “ҳоло дар ягон ҷой кор накарда, ягон манбаи даромад надошта, дар таъминоташ панҷ фарзанди ноболиғ доштааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбат ба ӯ ҷазои сабук таъйин шавад. Гарчанде, ки ҳуқуқвайронкунанда Азизов О.Д. худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисоб накунад ҳам, гуноҳи ӯ бо далелҳои дар парванда мавҷудбуда, аз ҷумла санад, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 19.08.2015 сол баёноти шоҳидон Шералӣ Исмоилов, Сайдобид Хоркашов, Муҳаммадӣ Саидов ва Бахтиёр Ҳакимов, ки дар баёноташон онҳо қайд кардаанд, ки дар тўйи мазкур сароянда Азизов Остонақул хизмат менамуд, тасдиқи худро меёбад”.

Остон аз хонаводаи хонандаҳои саршиноси Азизовҳо аст, ки замоне бо гуруҳи “Анис” овозадор буданд. “Нозанин”, “Дигар намеоям” ва “Лайлӣ ва Маҷнун” аз таронаҳои машҳури ӯянд.




Мӯҳр
идрис
Айбае одамо дар кайхон гаштестан инхо бошад туй маърака гуфта гаштиян.

ра
Ин Остонакул будааст ку.......

Чамшеда фамиляшам нависен!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)