Лағви пурраи “лимит”-и барқ дар Тоҷикистон
Сокинони бархе манотиқи Тоҷикистон мегӯянд, шаби сипаришуда дар манзилҳояшон барқ қатъ нашуд.
Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пештар реҷабандии рӯзонаи барқ комилан бардошта шуда буд ва шабона пас аз соати 22 ва чанд рӯз пеш баъди соати 23:00 барқ хомӯш мегардид.
Лағви “лимит”-и рӯзона дар ҳоле иттифоқ афтод, ки расонаҳо аз хароб шудани як пояи хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ хабар доданд. Тавассути ин хатт аз Тоҷикистон ба Афғонистон барқ интиқол меёфт.
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” аввалҳои моҳи феврал ваъда дода буд, соли равон маҳдудияти нерӯи барқ барои аҳолӣ барвақтар бардошта мешавад. Ба қавли ӯ, мусоид омадани боду ҳаво сабаби лағви “лимит” хоҳад шуд. Як масъули ширкати "Барқи тоҷик" имрӯз, 24 феврал ба "Озодагон" гуфт, бо як қарори раҳбари ин ширкат аз рӯзи гузашта "лимит"-и барқ пурра лағв шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |