Як хонуми 54-сола, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро доштааст, барои интиқоли ғайриқонунии гурезаҳои афғон ба ҳудуди Русия пушти панҷара рафтааст.
Марҳабо Рафибоева бо ҳукми Додгоҳи вилоятии Омск якуним сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Николай Серебренников, сухангӯи Раёсати марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) гуфтааст, Рафибоева тобистони соли сипаришуда ҳангоми дар Тоҷикистон қарор доштанаш мефаҳмад, ки як хонаводаи афғон, иборат аз даҳ нафар мехоҳанд ба Русия бираванд, аммо ҳеч санаду асос барои ин амалро надоранд: “Тоҷикзан ба ин афғонҳо ваъда медиҳад, ки бар ивази 13,5 ҳазор доллар онҳоро ба Русия мебарад. Маблағро гирифта, Рафибоева канали ғайриқонунии интиқоли ин муҳоҷи ронро роҳандозӣ мекунад”.
Ба қавли Серебренников, даҳ шаҳрванди Афғонистонро берун аз минтақаҳои назорати сарҳадӣ марзи се кишвари ИДМ-ро убур карда, танҳо дар марзи Русияву Қазоқистон дастгир мешаванд: “Афғонҳо аз қаламрави Русия ихроҷ шуданд. Додгоҳ Рафибоеваро муҷрим шинохта, ӯро барои якуним сол аз озодӣ маҳрум кард”.
Акс аз торнамои "Вечерний Омск"
Мӯҳр