Бахшҳо
24 фев 2016 16:26Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баъди ҳалокати 13 нафар: Интиқоди А.Иброҳим аз истеҳсолот бо баҳои ҷон

Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон аз риоя нашудани техникаи бехатарӣ ва ҳалокати коргарон дар истеҳсолот интиқод намудааст.

Тибқи иттилоияи расмӣ, ки дастраси “Озодагон” шуд, Азим Иброҳим, имрӯз, 24 феврал зимни ҷаласа дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ, таъкид намудаст, ки бинобар сатҳи пасти дониши мутахассисон ва риоя нагардидани техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот солҳои охир ҳодисаҳои нохуш зиёд шудаанд, ки ин боиси нигаронии ҷиддӣ аст.

Ноиби сарвазир изҳор доштааст, ки дастовардҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон набояд бар ивази талафоти ҷонӣ таъмин карда шаванд. Ӯ ҳамчунин масъулини Хадамоти назоратиро муваззаф намудааст, ки ҳолати кории ҳар як лифтро дар иншооти шаҳру навоҳӣ аз ташхиси техникӣ гузаронанд ва танҳо дар сурати ҷавобгўй будан ба талабот барои истифодаи он иҷозат диҳанд.

Таъкиди Азими Иброҳим ба талафоти ҷонӣ дар истеҳсолот дар ҳолест, ки Раҳим Санъат Асо, раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи кӯҳкорӣ иттилоъ дод, ки соли 2015 дар пайи нохушиҳо дар ҷои кор 13 нафар ҷон дода, 15 каси дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба иттилои Санъат Раҳим, соли 2015 аз ҷумла дар рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун 3 нафар ҳалок шуда, 6 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи ӯ миёни маҷруҳшудагон 2 шаҳрванди Эрон ва 2 шаҳрванди Чин мебошанд.

Раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ суст будани интизоми меҳнат, техникаи бехатарӣ, фарсуда шудани таҷҳизот, нагузаштан аз экспертизаи бехатарии саноатиро сабаби асосии нохушиҳои маргбор донист.
Мӯҳр
мехмон
800-1000 нафаре ки аз Руссия оварда мегуронем точик нестанд ё аз хисоб берун , нодаркор хастанд.Марги 2 хитои ва 2 эрони ба чашм мерасаду аз мухочирон касе намепурсанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)