Бахшҳо

Сокинони Нуробод: Чарогоҳҳои моро баргардонед!

Як гуруҳ аз сокинони рустои Шашволони ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод мегӯянд, масъулини ноҳия 1500 га замини чарогоҳашонро бидуни ризоияти онҳо ба ихтиёри Тақдир Исмоилов, раҳбари ҶДММ “Мадад” гузоштаанд.

Ба қавли онҳо, ин заминҳо ба Хоҷагии деҳқонии Пунбачӣ, ки саҳҳомаш ҳастанд, тааалуқ дошт ва мебоист ҳангоми ба ихтиёри Исмоилов вогузор шуданашон ҳарфи онҳо низ шунида шавад. Сайвоҳид Ғаюров, сокини деҳаи Шашволони ҷамоати Комсомолобод имрӯз, 24 феврал ба “Озодагон” гуфт, Тақдир Исмоилов соли 2007 замини чарогоҳи чорвои онҳоро ҳуҷҷат карда, соҳиб шудааст: “Мо намедонем, ки чорвои худро ба куҷо чаро барем. Исмоилов ба касе иҷозат намедиҳад, ки чорвояшро бичаронад. Барои иҷозат пули калон талаб мекунад”.

Чанде аз сокинони рустои Шашволон мегӯянд, дар ин робита чандин бор ба раиси ноҳияи Нуробод ва ҳатто Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, вале ҳанӯз мушкилашон ҳал нашудааст. Оятулло Додаров, яке аз бошандагони ин деҳа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз Дастгоҳи раисиҷумҳур ба муроҷиати дастаҷамъии онҳо посух доданд, ки ин масъаларо раҳбарияти ноҳия дида барояд, “вале мушкили чарогоҳ ҳалли худро наёфт”.

Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, соли 2007 бо қарори раиси вақти ноҳияи Нуробод замини чарогоҳ бе протоколи розигии халқ ҳуҷҷат карда шуда, ба ҶДММ “Мадад” дода шудаст: “Мувофиқи қонун бояд протокол тартиб медоданд ва мо дар он имзо мегузоштем. Аз вақте ки Тақдир Исмоилов заминҳои чарогоҳи моро соҳиб шудааст, чорвои худро ба ноҳияи Тавилдара ва дигар гӯшаҳои дурдасти ноҳия мебарем, ки роҳ хеле дур аст. Агар чорворо ба заминҳои чарогоҳи пешинамон, ки ҳоло дар ихтиёри Тақдир Исмоилов аст, барем, сари ҳар чорвои майдаи шохдор 12 сомонӣ мегирад”.

Оятулло Додаров мегӯяд, чанд маротиба барои ҳалли мушкил ба Сиёмарзода Сайдамир, раиси пешини Нуробод муроҷиат карданд, аммо чун дархостҳояшон бепосух монд, бо аризаи дастаҷамъона аз Президент кумак хостанд: “Вақте ҷавоби муроҷиати мо аз Дастгоҳи президент ба ҳукумати ноҳия рафт, Сиёмарзодаро аз вазифа гирифта буданд ва Дӯстзода Ҳасан раиси ноҳия буд. Такроран ба раиси нав муроҷиат кардем. Ӯ гуфт, ки шумо аз ин замин даст кашидаед ва ин масъаларо бояд барвақт ҳал мекардед. Дубора ба Президент муроҷиат кардем. Ин навбат ҳам ҷавоб омад, ки раиси ноҳия ва раиси Кумитаи замин масъаларо баррасӣ карда, аз натиҷааш ба муаллифони муроҷиатнома маълумоти муфассал бидиҳанд. Лекин ба истиснои ду ҷумла ягон маълумоти муфассал ба мо надоданд. Танҳо ҷавоб доданд, ки аризаи шуморо, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ирсол гардида буд, дида баромадем ва метавонед ба Кумитаи замини Нуробод муроҷиат кунед. Аммо дар он ниҳод гуфтанд, ки ин заминҳои Тақдир Исмоилов аст, ки ҳуҷҷат шудаанд. Лекин мо даъво дорем, ки агар ҳуҷҷат шуда бошад, қарори маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ куҷост?”.

Маҳмадулло Тоиров, муовини раиси ноҳияи Нурообод имрӯз, 24 феврал дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ кард, ки баҳси замини чарогоҳ аз соли 2007, яъне, 9 сол боз идома дорад. Ӯ гуфт, дар пайи аризаву муроҷиатҳои сокинон, қисмате аз заминҳои дар ихтиёри ҶДММ “Мадад” буда, ба сокинони деҳаи Шашволони ҷамоати Комсомолобод дода шуд: “Лекин боз онҳо розӣ нестанд. Вақти ҷудо кардани замин ҳамаи ин одамон ҳузур доштанд, аммо ҳоло даъво доранд, ки аз дигар ҷойи ҳамин 1500 гектар барояшон замин ҷудо кунем”.

Аммо сокинони деҳаи Шашволони ҷамоати Комсомолобод мегӯянд, дар заминие, ки барояшон ҷудо шуд, чаронидани чорво ғайриимкон аст. Онҳо талаб доранд, маҳз заминҳое ба ихтиёрашон гузошта шавад, ки қаблан чарогоҳашон буд.
Мӯҳр
Рости гап вакте ки сухан дар бораи хал нашудани мушкилии касе меравад пеш аз хама ноухдабароии раиси он намоён мешавад. Маълум мешавад ки у дар фикри ободии ватанаш набудааст.

Тавба наход ки Президент Дустзодаро бовар карда раис таъин кунаду супориши Дастгохро ичро накунад. Ман хайрон мешавам.

точик
хами халки мо хеч ай бахели намон ки намонд барои хами ягон точик часми серро намебинад.

ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БА ИНХО ВАЗИФА МЕДИХАД КИ БА МАРДУМ ХИЗМАТ КУНАНД. АММО ИНХО ХИЗМАТРО ФАРОМУШ КАРДА КАТАГИРО САР МЕКУНАНД. ГАПИ РАИСЕ КИ БА ЗЕРДАСТОНАШ НАМЕГУЗАРАД...

точик
хами халки мо хеч ай бахели намон ки намонд барои хами ягон точик часми серро намебинад.

Нурободихои мухтарам ба раистон гуед ки аз Раиси Файзобод корро ёд гирад. Кор карда ки наметавонад чи раис шидай. шарм надора биёя ай расой дига пурса ки чихел бо мардум муомила кардан даркор. ба чои хал кардани мушкилии мардум боз проблема эчод мекунад. айбасте айб.

Друд ба кормндон ва мухлисон. Оиди ин масъала ман хам ба Озодагон ва хам ба Озоди кариб як сол пеш маълумот дода будам, пас аз як суханрониам бо як шахрванди Файзобод. Ман ба ин шахрванд гуфтам, ки чаро талу тебахои зиёд дар атроф дореду чорводориро равнак намедихед? У дар чавоб гуфт, ки ин талу тепахо сохиб доранд ва барои чарондани чорво маблаг талаб мекунад, ки фоида намемонад. Хамеша дар бораи чарогохон менависам, ки аз андозу тамаи маблаг озод шавад, чунки мардум тавонан ба чорводори машгул шаванд, ки дар вакти набудани чои кор як манбаи даромад мешавад. Мутаъсифона ин навиштахои маро чоп намекунанд. Бозам менависам, ки чарогохро ба мардум баргардонед то ки акалан ба чорводори машгул шаванд, дар холате, ки бо чои кор таъмин карда наметавонед. Рузе мешавад, ки ин давлат оксигенро бо пул мекунад ва барои нафаскаши дар хар махала пул талаб мекунанд. Озодагон ин дафъа чоп кунед. Мардум гуфтанихои бисёр дар ин бора доранд.

Заминои Халкам Аз Худ Кардагирифтен.Рузе Овболи Халк Мегиратон.Бад Мебинемо

ИН МАСЪАЛА ХАНУЗ ЯК СОЛ МЕШАВАД КИ ИДОМА ДОРАД. РУЗИ БИСТУМИ ФЕВРАЛ МО ПАНЧ НАФАР СОКИНИ ДЕХАИ ШАШВОЛОН БА НАЗДИ РАИСИ НОХИЯ ДУСТЗОДА ХАСАН ТАГДИР ДАРОМАДЕМ. ДАР АСНОИ СУХБАТ МАН БА У ГУФТАМ КИ АГАР ИН МАСЪАЛА ИН ДАФЪА ДАР НОХИЯ ХАЛ НАШАВАД МО ЧИ КОР КУНЕМ? ВАЙ АСАБИ ШУДА АЗ КУРСИЯШ ПАРИДА ХЕСТ ВА АНГУШТАШРО КАЛТАК КАРДА БА МАН ГУФТ КИ МАН ТУРО ФАХМИДАМ БА БОЛО ШИКОЯТ БУРДАНИЙИ. МНДА УЛТИМАТУМ НАМУН. РОСТИ ГАП МАН УЛТИМАТУМРО НАФАХМИДАМ АЗ ЯК ДУ КАС ПУРСИДАМ КИ УЛТИМАТУМ ЧИ МАЪНО ДОРАД. ОНХО ГУФТАНД КИ МАРА АЗ ХЕЧ КАС ТАРС НАТЕ ГУФТААСТ. БАЪД ФАХМИДАМ КИ У АЗ ЯГОН КАС НАМЕТАРСИДААСТ. АНИКТАРАШ ТАРС НЕЮ ЭХТИРОМ НАДОШТААСТ.
ХОТИРНИШОН МЕНАМОЯМ КИ МО ЗАМИНРО АЗ ДУСТЗОДА ВА АЗ КАСИ ДИГАР ТАЛАБ НАМЕКУНЕМ. МО ЗАМИНИ ЧАРОГОХ КИ СОЛХОИ ПЕШ ДАР ИСТИФОДАИ СОКИНОНИ ДЕХАИ МО КАРОР ДОШТ АЗ ДАВЛАТ ТАЛАБ МЕКУНЕМ ЧУНКИ ЗАМИН МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТ АСТ.
МАКСАДИ НАВИШТАНИ МО ИН АСТ ДИГАРОН ДОНАНД КИ ДАР НУРОБОД ЧИГУНА МАРДУМ МУШКИЛИ ДОРАНД. АГАР АЗ РУЙИ ИНСОФ ХАМ ФИКР КУНЕМ БА ЯК ОДАМ 1500 ГЕКТАР ВА ДИГАРОН ЗАМИНИ ЧАРОГОХ НАДОРАНД РОСТ НАМЕОЯД.
МО СОКИНОНИ ДЕХАИ ШАШВОЛОН КУШИШ МЕКУНЕМ КИ ШИКОЯТАМОНРО БА АСОСГУЗОРИ СУЛХУ ВАХДАТИ МИЛЛИ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН МУХТАРАМ ЭМОМАЛИ РАХМОН РАСОНЕМ.
БАРОИ БАРГАРДОНИДАНИ ЗАМИНИ ЧАРОГОХ ТАМОМИ ИМКОНИЯТХОРО ИСТИФОДА МЕБАРЕМ.

Албата пас аз хондани ин макола кас хайрон мешавад, зеро чорводори яке аз хадафхои стратеги (таъмини озукавори) мебошад, хуб мешуд масъулини нохия инро авлавият мехисобиданду ба дарди мардум даво мечустанд. Дар айни замон хамаи чиз гарон аст Мухтарам Масъулини нохия онхо ба чуз чорво чи доранд? "Адл тарозуи худост дар руи замин" Мухаммад (с). Конуни Нютонро ба ёд овареду фишор наоваред! Боки Худо инсофтон тияд, сер парвои гурусна надорад медонем.

тоҷик
У мардак налога меспора шумо бошед намеспоред

тоҷик
Ма баҷои раиси ноҳия бошам аз дарам намемонам ки дурои

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)