Бахшҳо

Сарбози содиқи Ватан ва раиси амнияти ҳукумати конститутсионӣ

Нуралӣ ДАВЛАТ

Сайдамир Зуҳуров, яке аз пояҳои асосии ҳукумати кунунӣ дар тӯли якуним даҳаи гузашта дар арафаи 65-солагиаш ба истеъфо рафт. Ӯ дар як суҳбат гуфт, аз ин ба баъд ба тарбияи набераҳояш машғул мешавад.


МАҲБУБИЯТ ДАР ҶОМЕА

"Ба нафақа баромадан як давлати калон аст. Ман аз ин чиз бисёр хурсанд ҳастам. Шукронаи халқу миллату Ватан мекунам, ки нисбати ман эҳтиром доранд. Ҳар коре, ки аз дасти ман меояд, барои ин халқу миллату Ватан дареғ намедорам”,-гуфта буд Сайдамир Зуҳуров баъди бознишаста шуданаш.

Аз генерал Зуҳуров дар матбуот, шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳои интернетӣ ҳамчун як шахсияти миллӣ ном мебаранд, ки манфиатҳои миллиро ҳамеша боло мегузорад. Толибшоҳ, як корбари Интернет чанд сол қабл зери як мусоҳибаи Сайдамир Зуҳуров бо Радиои Озодӣ навишта буд: “Мо генерали бисёр дорем, вале генерал Зуҳуров барин инсонҳо каманд. Ва кам тоҷикеро метавон ёфт, ки генерал Зуҳуровро дӯст надорад ё эҳтиром накунад. Худо нигаҳбони Шумо бошад, генерал».

Нафари дигар аз Алма-ато зери матлаби мазкур гуфта буд: “Бузургтарин хидмати акаи Саидамир ин аст, ки ӯ дар солҳои фоҷиабори 1992-1999 бо дарки рисолати миллиаш аз таҳдид, таъқиб ва марги садҳо ҳазор тоҷик ҷилавгирӣ намуд. Вой бар ҳоли мо, агар дар он давра каси дигаре масъули амнияти кишвар мебуд!
Дигар хидмати таърихии Сайдамир Зуҳуров ин аст, ки бо ибтикор ва талошҳои хастагинопазири ӯ ҳазорон гурезаи точик аз Афғонистон ба Тоҷикистон боз гардонида шуданд, вале аксари ҳамватанон аз ин хидматҳои Сайдамир Зуҳуров огоҳ нестанд. Одамгарӣ, ростӣ ва хоксорӣ хислатҳои азалии акаи Сайдамир буданд ва сарфи назар аз мақому давлату савлат ҳанӯз пой барҷоянд!»

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҷангҳои шаҳрвандӣ касоне, ки чеҳраҳои калидии як тарафи сангар ҳисоб мешаванд, маҳбубияти аксари ҷомеаро ба даст оварда наметавонанд, алалхсусус агар бахши амниятро ба дӯш дошта бошанд. Ин қоидаи ҷангҳои шаҳрвандӣ аст. Чун маъмулан дар ҷангҳои шаҳрвандӣ миллатҳо ба сангарҳо ҷудо мешаванд ва пешвоён дар муқобили ҳам қарор мегиранд, аз ин рӯ, кушиш мекунад, то пирӯзӣ мубориза баранд.

Генерал Сайдамир Зуҳуров, яке аз пояҳои асосии ҳукумати конститутсионӣ аксиомаи ҷангҳои шаҳрвандиро дар мавриди эътироф нашудани пешвоёни як ҷониб аз ҷониби дигар зимни фаъолияти худ дар як даҳсола, инкор намуд. Ба ҳамин хотир, ҳатто сарсахттарин мухолифони ҳукумати қонунӣ маҳбубияти ӯро дар ҷомеа эътироф кардаанд. Аммо чӣ гуна ин шара ба генерал Зуҳуров насиб гардид? Ин мақола кушишест барои посух гуфтан ба ин савол.

“ЭЪТИМОД” БА ТОҶИКОН

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар қатори омилҳои зиёд як омили дигаре низ дошт, ки онро дарди маҳалгароӣ меноманд. Яке аз собиқадорони соҳаи амният генерал Худойқул Ҳамроқулов баъди пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ дар як мусоҳибае моҳи декабри соли 1991 гуфта буд, акнун Тоҷикистон мустақил шудааст ва КГБ бояд ба манфиати миллати тоҷик хизмат кунад. Ӯ изҳор дошта буд, агар кормандони амният бо камоли масъулият кор кунанд, пирӯзӣ ва дастовардҳо насиби мо мегардад. Ба таъкиди ӯ: “Агар чун собиқ аз рӯи садоқати шахсӣ, маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ ба кадрҳо муносибат кунем, гумон аст, ки муваффақият ҳамқадами мо бошад (“Эътимод масъулият бор меоварад”. Рӯзномаи «Садои мардум», 24 декабри соли 1991).

Боят тазаккур дод, ки дар системаи КГБ–и собиқ Шӯравӣ барои тоҷикон рутбаи подполковникии С. Зуҳуров рутбаи хеле баланд ҳисоб меёфт, зеро баландтарин рутбае, ки як фарди тоҷик дар системаи КГБ гирифта метавонист, полковник буд. Дар Тоҷикистони Шӯравӣ танҳо раиси ин ниҳод рутбаи генерал-майорро дошт. Аммо тавре Худойқул Ҳамроқулов дар мусоҳиҳбаи зикршуда мегӯяд, КГБ–и ҷумҳурӣ танҳо ба ном дар итоати роҳбарияти Тоҷикистон буд, зеро он пурра аз тарафи Маскав идора мешуд: “На танҳо раиси Кумита, балки ҷонишинҳои ӯ, мудирони шӯъбаҳо, сардорони Раёсати вилоёт аз тарафи марказ (яъне Маскав-Н.Д) таъин ва тасдиқ мешуданд”.

Ба қавли номбурда, ягон тоҷик дар тӯли мавҷудияти ин кумита роҳбар таъин нашуд, дар ҳоле ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон намояндагони мардумони маҳаллӣ роҳбарии ин ниҳодро бар уҳда доштанд. Дар таърихи КГБ-и Тоҷикистон танҳо як нафар тоҷик -- Шариф Қурбонов рутбаи генерал-майор гирифт ва ӯ ҳам баъди ба нафақа баромадан.

Корманди дигари КГБ-и Тоҷикистон майор Абдулло Назаров дар як мусоҳибаи худ дар соли 1992 гуфта буд, аз ҳисоби миллатҳои таҳҷоӣ низ гӯиё кадр тайёр мекарданд. Аз рӯи «бародарӣ - баробарӣ», вале дар асл ин тавр набуд.
Ӯ таъкид мекард, ки дар аксар хадамот, аз ҷумла «оперативно-техническая служба», «шифровальная служба» танҳо русзабонҳо кор мекарданд, зеро ба тоҷикон эътимод надоштанд. «Вақтҳои охир ҳамин хел принсип пеш оварданд, ки кадрҳои соф «интернасионал»-ро ба кор гиранд. Яъне занаш ё модараш ё падараш миллати ғайритоҷиканд»,-гуфта буд А. Назаров дар мусоҳибаи худ («Ку Гунаҳкорони Баҳманмоҳ», ҳафтаномаи «Чароғи рӯз». Феврали соли 1992).

РАИСИ АМНИЯТИ ҲУКУМАТИ КОНСТИТУТСОНӢ

Фаъолияти подполковник Сайдамир Зуҳуров дар ҳукумати конститутсионӣ баъди интихоб шуданаш ба яке аз вазифаҳои калидӣ -- раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар ибтидои моҳи декабри соли 1992 шурӯъ шуд.
Аммо дар тирамоҳи соли 1992 вақте ки дар иҷлосия вакилони мардумӣ подполковник С. Зуҳуровро ба вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллӣ интихоб карданд, ин ниҳод мушкилтарини даврони таърихи худро аз сар мегузаронд.

Барои исботи ин гуфтаҳо кофист ба 6 моҳи фаъолияти КАМ дар даврони Ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ назар андӯзем. Аввалан, дар тӯли ин муддат чанд раис иваз шуд. Чунон ки маълум аст, баъди дар зери фишор барканор шудани раиси Шӯрои олӣ С. Кенҷаев, мавсуф раиси КАМ таъин шуд. Ҳамин тариқ, дар таърихи амнияти Тоҷикистон С. Кенҷаев нахустин нафаре гардид, ки роҳбарии ин идораро ба уҳдааш гузоштанд, ҳарчанд эшон тамоми умр корманди системаи прокуратура буд. Аммо баъди 10 рӯз С. Кенҷаев боз курсии раиси парламентро соҳиб шуд ва ба раиси нави КАМ Ризо Турсунов, ки аз Маскав даъват шуда буд, таъин гашт. Р.Турсунов дар саҳифаҳои таърих бо ду корнамояиш боқӣ монд. Аввалан бо тирборон кардани ҷонибдорони майдони Шаҳидон, ки гӯиё бинои КАМ-ро забт карданӣ буданд ва сӯзондани бойгонии он, ки бойгонии миллат ҳисоб мешуд. Баъди чанд моҳи фаъолият ӯро низ барканор карданд ва ба Маскав баргашт. Ба ҷойи ӯ Алиҷон Солибоев таъин гардид, вале баъди муддате аз мансаб сабукдӯш шуда, курсиашро ба Шаҳоб Шарифов дод. Ш.Шарифов дар саҳифаҳои таърих ҳамчун фарде боқӣ монд, ки дар замони раисиаш мулло Абдуғаффор ва Исмати авулӣ президент Раҳмон Набиевро дар фурудгоҳ гаравгон гирифта, маҷбур карданд, аризаи истеъфояшро нависад.

Замоне ки Р.Набиевро «ҷавонони ғаюри Душанбе» (гуруҳи мулло Абдуғаффор ва Исмати авулиро ҳафтаномаи «Чароғи рӯз» ҳамин хел муаррифӣ карда буд), гаравгон гирифтанд, раиси КАМ дар куҷо будани президентро намедонист. Вақте ки и.в. президент, раиси Шӯрои олӣ аз фурудгоҳ ба Ш. Шарифов занг мезанаду дар куҷо будани Набиевро мепурсад, раиси амният посух медиҳад, ки хабар надорад, зеро сардори давлат ба куҷо рафтанашро ба ӯ намегӯяд. Ба ҳамин хотир, и.в. президент, раиси Шӯрои олӣ А. Искандаров Ш. Шариповро сабукдӯш карда, ба ҷояш боз А.Солибоевро нишонд.

Бозгашти А.Солибоев бори дуюм ба вазифаи раиси КАМ вазъиятро беҳтар накард, зеро баъди ба истеъфо рафтани Набиев вазъият ба маротиб муташанниҷ гашта, контроли вазъият чӣ дар манотиқи ҷангзада ва чӣ дар шаҳри Душанбе номумкин гардид. Вазъияти пойтахт баъди ҳамлаи С.Кенҷаев дар рӯзи 24-уми октябри соли 1992 бамаротиб муташанниҷ гашт. Барои исбот аз суханронии раиси КАМ А.Солибоев дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ёд меоварем. Мавсуф аз ҷумла ишора карда буд, ки охири соли 1991 қариб сеяки кормандони ин ниҳодро ихтисор карданд, дар Раёсати марказии КАМ ҳамагӣ каме бештар аз 155 нафар кор мекард. Бинобар ин, вақте фармон шуд, ки гирдиҳамомадагони майдони Шаҳидон пароканда шаванд, КАМ чунин имкониятро надошт. Гузашта аз ин, идораи онҳоро чанд бор тобеи ин сохтору он сохтор, ҳатто вақте буд, ки онро дар як вақт тобеи чанд сохтор карданд.

Ба иддои А.Солибоев, дар тӯли каме бештар аз як сол 8-умин раиси идораро иваз намуданд. Номбурда дар иҷлосияи Шӯрои олӣ бо сароҳат изҳор кард, ки баъди воқеаҳои моҳи май раис, яъне Ризо Турсунов ба Маскав рафту дар натиҷа худи ӯ ду моҳ танҳо кор кард, аммо пас аз ин талаб карданд, ки ҷойро холӣ кунад ва ба онҳое, ки ӯро ҳангоми ифои вазифа дастгирӣ карда буданд, ташаккур гуфта, аз мансаби раиси КАМ канор рафт. А.Солибоев тирамоҳ боз ба мансаби раисӣ баргашт ва чунон ки худаш зикр кард, ӯ барои раиси КАМ нашудан хеле пофишорӣ намуд ва ин чанд сабаб дошт: “Бо талаби и.в. раиси ҷумҳур ва ба хотири пареш нахӯрдани кадрҳо баъди ду ҳафтаи гуфтугузор розигӣ додам. Ба ҳамаи интиқоде, ки нисбати камбудиҳо дар фаъолияти КАМ ин ҷо баён шуд, ман комилан мувофиқам”.

Ӯ дар ин суханронии худ эътироф намуд, ки КАМ воқеан кор накард, зеро на сохтори давлатӣ буду на механизми ҳукуматдорӣ ва аз ҳама муҳимаш на танзимсозандаи ҳуқуқ.

(Идома дорад)


ШАРҲИ ҲОЛ


Сайдамир Зуҳуров соли 1951 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, солҳои 1969-1971 дар вилояти Запорожеи Украина хизмати аскариро адо кардааст. Баъди хатми Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко дар соли 1975 фаъолияти худро ба ҳайси муаллими фанни таърих дар ноҳияи Фархор шурӯъ кардааст.
Соли 1977 ба Мактаби КГБ-и ИҶШС дар шаҳри Минск шомил гардида, онро бомуваффақият карда, корро дар Раёсати амнияти вилояти Кӯлоб идома медиҳад.
Сарбози содиқи Ватан ва раиси амнияти ҳукумати конститутсионӣСолҳои 1981 -1982 шунавандаи Курсҳои забони форсии Институти Байрақи сурхдори КГБ ИҶШС буд. Баъди хатми ин мактаб ӯ бо супоришҳои вижа ба Афғонистон фиристода мешавад. Ибтидои солҳои 90 -ум ӯро муовини раиси ниҳоди амниятӣ дар вилояти Кӯлоб таъин мекунанд.
Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ Сайдамир Зуҳуров раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Солҳои 1996-1997 дар вазифаи вазири умури дохила кор карда, сипас ба вазифаи қаблиаш, яъне вазири амният баргашт.
Соли 1999 С. Зуҳуров муовини сарвазир шуд ва дар тӯли 6 соли оянда дар ин вазифа кор кард. Пас аз хурӯҷи нирӯҳои марзбонии Русия аз Тоҷикистон роҳбарии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ба ӯҳдаи ӯ гузошта шуд. Аз моҳи декабри соли 2006 то ибтидои соли 2016 ӯ сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон кор кард. Рутбаи С. Зуҳуров генерал-полковник буда, соли 2013 бо ордени “Спитамен”-и дараҷаи аввал мукофотонида шудааст.


БОЗНАШР АЗ ҲАФТАНОМАИ "ОЗОДАГОН"
Мӯҳр
Саидамир Зухурович хакикатан дорои хислатхои неки инсони дошта буда, дар таьрихи навини Точикистон як шахсияти боиси Ибрат боки мондаанд!

Генирали хакики

Точик
Дар хакикат марди бузурги ватан!Хизматхояш фаромушнашаванда мебошанд. Саломат бошед устоди азиз!

Фахри миллат, марди шучоъ! Худованд умри дарозу давлати пириро насиб гардонад.

Дар хакикат ман шахсан ба ин кас хамчун марди поквичдон ва ватандуст аз даврахои вазнинии миллату ватан боварй дорам, ба хотирам як мачлисй чамъбастии солонаи хукумати шахри Вахдат омад, кй дар он ин родмардй ватандуст баромад намуда буданд ва дар хамон давра муовинй сарвазир кор менамуданд( мохи январи 2003 сол). Дар он чаласа оидй мансабдорон суханронй намуда кайд карда буданд, кй то замоне мансаб дар давлат хариду фуруш карда мешавад, нисбатй пешравии миллату давлатдорй аз ёдатон бароред, ва то хол ман ба гуфтаи ин кас коил хастам. Акои Саидамир ба Шумо дар ин давраи хуби зиндагй хама хушихой зиндагиро таманно дорам ва бигузор то абад хамин хел поквичдону родмард бимонед.

Бе муболиға Сайдамир Зуҳуров бо гуфтор, рафтор ва кирдораш дар замони сахту сангин барои миллат, меҳру самимияти тамоми тоҷиконро сазовор гардид.
Бо шарофати он ки марди хирадманд, саводнок, таҷрибадор ва кордида буд, дар солҳои мудҳиш барои ин миллат хизмати босазо ва бебаҳо анҷом додааст.
Ман дар солҳои вазнини ҷанг дар манотиқишоҳиди аслии корнамоиҳои бузурги ин фарзанди фарзонаи миллат мебошам ва агар муаллифи мақола лозим донад, бо Ӯ ин лаҳзаҳоро қисса мекунам.
Мардуми ҷамоати Сагирдашти ноҳияи Дарвоз, чун дигар ашхоси худогоҳи кишвар мудом некбини ин родмарди асил ва дуогуи тансиҳативу обрумандии Генерали шоистаи тоҷик мебошанд.

мирзо
Эй мардуми точикистон хоччат ба тахлили Зухурзода нест. Зуъуров ,мард хаст, инсони поквичдон хаст, бопадару модар хаст, Ахмадшох масуд аст, мужик хаст, чаноби оли бояд як умр и нафаро ба нафака равон намекард. Як гапи коки Зухуров ,сад бор бехтар ва натичаовар аст аз кору бори амалии дигар раису вазирои сохтаи имруза. Ман сахт мехохам бо зухуров хамсухбат шавам. мегуянд, ки бисьёр марди суханвар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)