Бахшҳо

Зани дуюми Ҳалимов бо 4 кӯдакаш ба Сурия рафтаст

Манобеи “Озодагон” сафари Ҳумайро Мирова, собиқ сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамсари дуюми Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-ро ба Сурия, тасдиқ карданд.

Манбаи “Озодагон” гуфт, ҳамсари Ҳалимов ҳамроҳи кӯдакҳояш ба Сурия рафтааст: "Феълан ҷузъиёти қазия барои ман маълум нест".

Аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 26 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки Ҳумайро Мирова ҳашт моҳ пеш барои таваллуди кӯдак ба рухсатӣ баромадаст: “Дар мавриди сафараш ба Сурия иттилоъ надорем”.

Ҳумайро Мирова, қабл аз омадан ба Хадамоти гумрук дар бахши дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор мекард ва ҳангоми кор дар ин ниҳод бо Гулмурод Ҳалимов шинос шуда, издивоҷ намудаст. Ӯ аз шавҳари аввал як фарзанд доштааст ва дар давоми солҳои зиндагӣ бо Гулмурод Ҳалимов соҳиби се фарзанди дигар шудаст. Дар пайи пайвастани Ҳалимов ба "Давлати исломӣ" Мирова зимни бозпурсиҳо Гулмурод Ҳалимовро мусбат тавсиф карда, изҳори боварӣ кардааст, ки шавҳараш ҳатман бармегардад.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аввали соли равон изҳор дошт, ки 992 тоҷикистонӣ феълан ба сафи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Вазир дар мавриди Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки соли гузашта ба “Давлати исломӣ” пайваст, иттилоъ дод, ки ду бор захмӣ шуда, феълан дар ҳолати вазнин қарор дорад. Вазири умури дохилӣ гуфт, феълан барои Гулмурод Ҳалимов 100 доллари амрикоӣ нафақаи маъюбӣ таъин шудааст: "Ӯ тақдирашро худаш маълум кард".

Собиқ фармондеҳи “ОМОН” ки 27-уми майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
Чаро дар вакташ ин Гулмуродро ВКД барои дузанаги чарима ва баъдан суд накард!? Хар кори бад аз худи милисахо сар мешавад! ПАс аз ин хама хиёнат боз ба зани ин хоин дар макомоти давлати вазифа доданд, шарм доред масъулин бо ин кадр интихобкуни! Зани Хочи Халим хам ки дар ВКД кор мекунад ба наздики СУрия хода рафт!

Сабаби х,амаи ин бадбахтию шармандагих,о ба фикри ман х,амчун як шах,рванди Ч,Т бемасхулятии коркунони х,укумат мебошад. Зеро масъулият дигар нест дар корхонахои давлати. Х,ушу рух,и коркунон факат дар пора гирифтан мошину к,асрсози аст. Манфиати шахсии худро аз манфиати давлат боло медонанд. Кадом рузе душман ТЧ-ро гасп мекунанд хабар намеëбед. Мардум шуморо бовар карда дар ин вазифа мондаанд, то индарач,а бе масъулият будан шармандагист!

Точик
сурия дом отдыхай чи зану кадаконашонро мебаранд?) хукумат кучоро нигох мекунад?

АЧОИБ.... ПАДАРИ 95 СОЛАИ КАБИРИРО ДАР ФУРУДГОХ ХАБАРДОР ШУДА КАПИДАНУ ЗАНИ ГУЛМУРОДРО БО ЧОР ФАРЗАНДАШ ИЧОЗАТИ ПАРИДАН ДОДАНД???? ЗДЕСЬ ЧТО ТО НЕ ТАК, СТОИТ ЗАДУМАТЬСЯ..

Марди рох.Сохил.Нева
Абубекор,
Абубекор,аз ту худо безор,садкаи занхо шави,ту аз таровату буи хушу накхату ъусни дилрабову табассуму гунахои лолагуни зану чашмони зебову мижгонхои чонкушу теги нигохи дилбари занхо,аз набзу нафасхои гарми у аз насими есуману хинову ноъунхои нозуку рангбори у,аз дастони нозуку панчахои нарму чонбахшаш хело,хело дури..Шоху мурдаи.Марди хакики дар ин холатхо ба зани саргардони ишку мухаббат эрод намегирад..Офарин хонум Хумайро!!!!!

Рафтаст рафтааст-дия! Гулмурод Халимов аз беадолатии давлатдорон,нохакки нисбати мардум рафт-дия!

Марди танхо сохили нева.
Суханх,ои маро нагзтар хон. Мазат нест ë аз ак,л беруни бародар. Чих,о мегуи чихел эрод?

Аз Нева.
Абубекор,
Узр бахшиш мепурсам аз шумо Абубокир,чавоби ман ба Давлат буд.Узр бародар!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)