Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия, зимни истиқбол аз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Минск ӯро Дмитрий Анатолевич хитоб карда, фавран ин иштибоҳашро ислоҳ кардааст.
Дар навори истиқбол аз раисиҷумҳури Русия дар Минск, ки 25 феврал нашр гардид, Путин шӯхиомез ин иштибоҳи Лукашенкоро ба масъалаи пул рабт дод. “Пул, ки дар он ҷост”-дар ҳукумат, ки роҳбарии онро Дмитрий Медведев ба уҳда дорад.
Аммо Лукашенко ин фарзияи Путинро рад карда, иштибоҳашро ба он рабт дод, ки қабл аз ин мулоқот бо Дмитрий Медеведев дар мавриди рушди муносиботи иқтисодӣ суҳбати тӯлонӣ доштаст.