Бахшҳо
26 фев 2016 16:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Се ҷавоб: Ба 43% зиёд шудани пасандозҳо бовар доред?

Бонки миллии Тоҷикистон аввали ҳафтаи ҷорӣ аз афзоиши пасандозҳои мардум ва корхонаю ташкилотҳо бо сомонӣ хабар дод. Ин ниҳоди молӣ гуфт, пасандозҳо дар бонк ва ташкилотҳои қарзӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 43 дарсад бештар шудааст. Бархе таҳлилгарон дар замони буҳрони молӣ наздики 50 фисад афзоиш ёфтани пасандозҳоро ғайривоқеӣ медонанд. Дар робита “Озодагон” аз чанд коршинос пурсид: БА 43% ЗИЁД ШУДАНИ ПАСАНДОЗҲО БОВАР ДОРЕД?

Абдулло РОЗИҚЗОДА, шореҳи масоили иқтисодӣ
Мувофиқи омори охирини Бонки миллии Тоҷикистон дар бонкҳои кишвар 4 миллиарду 247 миллион сомонӣ пасандозҳо гузошта шудааст, ки қариб нисфи он бо пули хориҷӣ, хусусан бо долларанд. Чун қурби доллар дар соли гузашта ва хусусан як моҳи соли ҷорӣ боло рафт, пасандозҳо низ бо пули миллӣ агар бозҳисобӣ кунем, ба назар зиёд менамояд. Аммо ба ҳисоби доллар гирем, шояд афзуншавие ба чашм нарсад, балки шояд кам шуда бошанд. Ин як навъ рӯйпӯш кардани мушкилот аст. Ин масъаларо масъулони Бонки миллӣ хуб медонанд, аммо боз ҳам ба хотири аз ҳолати воқеӣ хуб нишон додани вазъият чунин ҳиллаҳои омориро ба кор бурда, вазъиятро дигаргун нишон доданӣ мешаванд.

Зуҳуршо РАҲМАТУЛЛОЕВ, иқтисодшинос
Агар дар сохтори бонкӣ аксарияти пасандозҳо бо асъори хориҷӣ, ба вижа доллар бошанд ва асъори миллӣ қурби худашро гум кунад, нисбат ба доллар дар давоми ҳисоботӣ, пасандозҳо меафзояд аз ҳисоби беқурб шудани асъори миллӣ. Яъне, пасандози ман, агар ки $1000 ИМА бошад, бо курби асъори 2015, 5000 сомонӣ аст, соли 2016 пасандози $1000 аз ҳисоби қурби нав 8000 сомонӣ хохад шуд. Шояд баъзе бонкҳо фоизҳои худро зиёд карда, мизоҷонашонро бештар карда бошанд. Инчунин бо далели буҳрони молиявӣ шояд баъзе сохибкорон фаъолияти худро маҳдуд ва маблағи зиёдатиро дар сохтори бонкӣ нигоҳ доранд.

Саидҷаъфар ИСМОНОВ, вакили Маҷлиси намояндагон
Дар як ҳолат мешавад бовар кард, ки имрӯз таҳаввулотҳое, ки миёни Русияву Украина, Русияву Туркия ва дар Аврупо шуда истодааст, мардум фикр мекунанд, ки аз ҳамин бонкҳои Тоҷикистон дида, ҷойи амонати хубтар надоранд. Таъсири буҳрон ба давлати мо низ дар қатори дигар давлатҳо буд ва гап-гапи ин буҳрон панҷ сол пеш расид, лекин дар ин муддати буҳронӣ мо дидем, ки нархи маҳсулоту сабзавот боло нарафт, зиёд истеҳсол шуд ва соҳибкорону деҳқонон аз фурӯши он маблағ ба даст оварданд. Истеҳсолот зиёд шуд ва мардуми оддӣ соҳиби пул шуду онро пасандоз кард.
Мӯҳр
Саидчаъфар Исмонов афсонагуи хуб аст.

Бекалла
Сказочник Саидҷаъфар, кушти мардума аз хандая!! lol
Чувство юмораш баланд будааст ин мадака!! wink
Суол ҷиддист ва ҷиддӣ бояд посух дод!!
Ҳамин мардак боз раиси ҳизб ё фраксия ҳаст, ҳамтур не ми?

Бекор
Мардум зиндагиша базур мебара ай кичо пасандоз мекуна

qwer
Саидҷаъфар khub odama khandondide :)
Ba in afsonaatro shoyad kudaki to maktabi bovar kunad, maktabbacha ham ba in afsonaat bovar nadorad :)Салима,

мехмон
Аз соли 1991 инчониб МО хеч аз кризис баромадаги нестем. Ман мардуми оддии точикро дар назар дорам.

Саид
ин бародарон пасандозхои доллариро ба курси нави сомони хисоб карданд...
ин фоиз нишон медихад, ки сомони хамин кадар фоиз кохиш ефтааст

Сабзи
Исмонов срочно худатонро ба психотерапевт нишон дихед. ташаккур.

Ростгу
Салима,
Салима,
Дуруст гуфтед

Саидчафар барин одамон Хукумати парлумону судро ихота кардаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)