Ҷазои Онишенко-мунтақиди меваю муҳоҷирони тоҷик, барои ёвагӯӣ
Дмитрий Медведев, сарвазири Русия бо имзои як қарор ба муовинаш Геннадий Онишенко барои ёвагӯӣ огоҳӣ додаст.
Тибқи қарори имзонамудаи Медведев аз 24 феврали соли равон Геннадий Онишенко тартиботи муқаррашуда барои хизматчии давлатию гражданиро зимни изҳороти оммавияш нақз кардааст. Изҳороти мушаххаси Онишенко оварда нашудааст, аммо таъкид гардидааст, ки хизматчӣ муваззаф аст, зимни изҳороти оммавияш тартиботи муқарраркардаи қонунро риоя кунад: “Онишенко ин тартиботро вайрон кард”.
Геннадий Онишенко, ки аз соли 2004 то 2013 раҳбари “Роспотребнадзор” ва сардухтури санитарии Русия буд, бо изҳороташ алайҳи меваҳои хушк, қаторҳо ва муҳоҷирони тоҷик маъруф аст. Ӯ замони фаъолияташ ба ҳайси сардухтури санитарӣ муҳоҷирони тоҷикро паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ хонда, як муддат вуруди меваҳои хушки Тоҷикистонро ба Русия ба далели “заҳрнокияшон” манъ кард. Онишенко инчунин аз мувофиқ набудани қаторҳои тоҷик ба меъёрҳои санитарӣ нигаронӣ карда, масъалаи манъи ҳаракати онҳо ба Маскавро ба миён гузошта буд.
Дар Тоҷикистон аксари изҳороти Онишенкоро дорои тобиши сиёсӣ арзёбӣ карданд, ки барои ҳосил кардани ғаразҳои сиёсии Русия равона шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |