Бахшҳо

Интиқоди ноиби раиси Бонки миллӣ аз тақлид ба либоси бегона

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз баргузории силсила мулоқотҳо бо кормандони ин ниҳод бо ҳадафи тарғиби сиёсати ҳукумат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Икромов, муовини раиси Бонки миллӣ давоми моҳи феврал бо кормандони зинаҳои гуногуни бонк мулоқот намуда, аз вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ, авҷи ҷиноятҳои муташакили фаромарзӣ суҳбат намуда, аз ҳозирин даъват намудааст, "дар ҳифзи сулҳу суббот ва амнияти давлату миллат доимо масъулият эҳсос кунанд".

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, Сироҷиддин Икромов дар мулоқотҳо аз ҷумла таъкид кардааст: “Оромиву осудагии ҳар кадоми мо аз оромиву ободии кишварамон вобастагӣ дорад. Баҳри расидан ба ин мақсад, ҳар як шаҳрванди кишварамонро зарур аст, ки дар масъалаҳои амнияти давлатӣ зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд. Дар робита ба ҳамин масъала, бояд кору пайкор ва масъулияти баланди худро ба тарбияи насли наврас, ҷомеа ва хусусан фарзандони худ равона созем. Имрӯзҳо ҳолатҳоеро дучор мешавем, ки насли наврас аз нодонӣ ба урфу одат ва либоспӯшиҳои мардуми бегона тақлиди кӯр-кӯрона мекунанд, ки ин амалҳо боиси норозигӣ дар ҷомеаи суннатӣ гаштааст. Тақлид ба анъанаҳои бегона, дурӣ ҷӯстан аз урфу одатҳои анъанавӣ барои давлату миллат пайомади нек нахоҳад дошт. Бинобар ин, ҳар кадоми моро зарур аст, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандориву ватанхоҳӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба расму ойини миллии худ тарбия намоем”.

Ба иттилои манбаъ, оқои Икромов дар идома аз кормандони бонк даъват намуда, ки дар мавриди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пули миллӣ – сомонӣ дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд: “Пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Эҳтиром ба пули миллӣ – эҳтиром гузоштан ба давлату миллат аст”.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои гузарондани чунин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни кормандон ба дигар бонкҳои тиҷоратӣ низ тавсия дода шудааст.


Дар акс: Сироҷиддин Икромов
Мӯҳр
Саид
Дар хакикат тахкикотхои охир нишон дод ки занхои точик аз замонхои кадим мини юбка ва коротки причоска доштанд.

Savol: Charo korgarhoi davlat sala va jelak namepushan baroi chi costum bruk va tufli mepushan in az Tojikon nest charo ba Avrupo taklid mekunan vakte ki modarhoi mo va xoharhoi islomi mo mui sari xudro mepushonan in taklid bo davlathoi begona

Либоси миллии мо бояд Минни юпка доштан.
Шумо Либоси мили меген пас Чаро намегузоред,ки Духтарои мо дар Мактаби миёна Либоси мили Куртаи Точики пушанд.

Оё вазифаи БОНКДОР нигох доштани курби сомони нест, ки ба либос инхо хам часпиден ?????!!!!!

мухочир
аноб авал худат токи ва чома пуш бад суханкун

Бахшиш мухтарам раис шумо бонкиред ё назоратчии либосхоед .Шуморо чию либоспушии мардум чи.Хазру як проблема дар ватан аст Точикистон дар ботлоки кризис гутидааст инхо бошанд аз либоспушиву риши мардуд харф мезанад.Биёед монед шуморо проблематон аз муисаратон бисёр асту шумо бошуд ба чи корхо машгулед.

Суханонои Пешвои миллатро дузди накун

антиикромов
кори ту чияй ба либос пуши ту фикри курби пули миллиро кун фикри пешрафти иктисодиети давлата кун ба анъанаву чашну маросимхои милли давлат пеш намерад

ОВОРА
икромов ту балибос корат чи дар бораи иктисодиет гапзан е 1сомон 100доларшуду дигаргапнадори мо инчо худро таги барфу боррону шиканча монда ба бонки ту сум еоримекунему боз озпадархои мо зуран пулмегирию бо гап мезани

Сохторхои точикистони мо широки профилай, медицина ба форханг омехтаву бонк ба медицинаву , хичиша намефахмам ! Ай акиби ришу сатр гаштантонда роххои бекурбшавии асъора пегири кнен охиии (((( озодагон аку якум изхори назар карданмай чопуш кн

Мухтарам муовин! Биеед хар кас кори худаша кунад дар чомеа охир! Хукумат вазорату муассисахои гуногунро бунед кардааст, ки хар яки онхо вазифаи хосеро ичро намоянд. Хай мефахмем, ки шумо Пешвои Миллатро бенихоят эхтиром мекунед ва чову ночо суханхои уро такрор мекунед. Лекин шумо хубаш курби сомониро мустахкам нигах доред, ки инфляция дар авчи аъло карор дорад. Ин аст вазифаи аввалиндарачаи Шумо, на тарзи либоспушии мардум. Бисер бародаро дуруст кайд карданд, ки таърихчиен аник кардаанд, ки либоси милли момахои мо миниюбка, туфлии баланд ва куртахои остинкалтаву танг мебошанд......

Салим
Кандата зан Акаи Сирочиддин инро аз худат интизор надоштам

мехмон
Мухтарам бонкир ! Оё Шумо медонед , ки дар давлати демократии хукукбунёд зиндаги мекунем. Ва хар як шахс мувофики хости худаш мепушад. Албатта гайр аз муассисахои таълими ва дигар корхонахои либоси доими таиншуда. Ва кори шумо чи ба либоспушии мардум ? Ин ба вазифаи давлатии Шумо алокамандие надорад. Масъалаи баргардонидани мухочирон, бо кор таъмин намудани мардум , сахти зиндагиро бардоштан , заводу корхонахо сохтан мондагию ба мардум либоспуширо ёд медихед.
Ташвиш накашед мардум мувофики фахмишашон, хостаашон ва синну солашон либос мепушанд.
Умуман агар хамин хел бе кори рафтан гирад тани луч мегарданд ва дигар эърод гирифта хам наметавонед.

Хамин бонкхо монда буданд дар сару либоли мо дахолат накарда.

ilhom
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)