Бахшҳо
27 фев 2016 14:29Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Пешнҳоди Оқохони IV барои ҳалли мушкилот дар Африқо

Оқохони IV, Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар Форуми “Африқо-2016” дар шаҳри Шарм-ал-шайхи Миср даврони навро Замони Африқо ном бурда, рушди додани ҷомеаи шаҳрвандиро муваффақияти воқеии Африқо дар оянда донистааст ва гуфтааст, ки ин зарфитро бояд африқоиҳо истифода бибаранд. Ӯ изҳор доштааст, ки барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ қобиляти мародумони африқоӣ ва пешвоёни онҳоро кофӣ медонад.

Оқохони IV гуфтааст, ки “таҳти мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ соҳаи фаъолияти ҷамъиятиеро дар назар дорам, ки на аз созмонҳои соҳибкории хусусӣ ва на аз мақомоти давлатӣ бармеояд. Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадафашон ин аст, ки сатҳи зиндагии ҷомеаро беҳтар кунанд. Онҳо ниҳодҳои хусусӣ мебошанд, ки барои манфиати ҷомеа кор мекунанд”.

Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ сатҳи баланди бекорирро яке аз мушкилоти ҷидии ин қораи камрушдкардаи ҷаҳон донистааст. Ӯ дар суханронии худ гуфтааст, ки сатҳи бекории баланд дар ҳолест, ки кишварҳои африқоӣ дар ҷаҳон фоизи аз ҳама бештари ҷавононро доранд. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо муроҷиат ба сарони кишварҳои африқоӣ дар ин Форум гуфтааст, ки “қораро тарсе фарогир аст, ки зистгоҳи моро дигарон мудирият мекунанд ва ин ба андозаест, ки мо худро аз шарикони арзандаи зарфиятдор ҷудо мекунем”.


Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ ба қитъа-қитаъ тақсим шудан ва ҷудогаройиро яке аз мушкилоти умдаи Африқо ҳисобида гуфтааст, ки тика-тикашавии ҷомеа ба фалаҷшави арзишҳои зиндагӣ меоварад. Ӯ гуфтааст, ки имкон дорад ба ин авомил аз дигар зовия нигарист ва гуногунии Африқоро на ҳамчун таҳдид, балки чун имконият истифода кард.

Ӯ гуфтааст, ки таъкидҳои бешумораш бар ҷомеаи шаҳрвандӣ бар он аст, ки “мо дар бештари маврид зарфиятҳои ин ҷомеаро арзиш қоил намешавем, вале фарҳанги Африқо метавонад барои як ҷомеаи шаҳрвандии зинда хидмат кунад”.

Оқохони IV дар Форуми “Африқо-2016” гуфтааст, мо бояд рушд додани ҷомеаи шаҳрвандиро яке аз омилҳои ҷалби сармоягузорӣ низ бидонем.
Мӯҳр
Беном
Оқохони 4 пешвои исломиёни ҷаҳон?
Ин мақомро ба фикрам озодагон ба ӯ додааст. Ин шахс пешвои исломиён не, балки пешвои як қисмати мусулмонони равияи Исмоилия. Аз тарзи навистани матнҳои хабарҳоятон маълум мешавад, ки пешвои шумо ҳам Оқохони 4 мебошад.
Мавзӯи асосии матро як тараф монда чизҳои хурдро нашр мекунед ва мардум фикр мекунад, ки шумо чизҳои даркориро ба онҳо хабар медиҳед.
Масалан баромади муовини Раиси Бонки миллӣ дар маҷмӯъ барои ба шаҳрвандон фаҳмонидани эҳтироми пуллӣ миллӣ равона шуда буд. Аммо шумо танҳо қисми аввали баромади ин шахси мансабдорро гирифта нашр кардаед, ки ин қисмати баромади ӯ суханҳои умумиро дар бар мегирифт. Ин табиати баромад кардан аст, ки дар аввали баромади худ сиёсати Сарвари давлатро дастгири намоем баъдан мавзӯи мушаххасро баррасӣ кунем.
Даст кашед аз шӯбҳа андохтан миёни мардум!

Помирбача
Эмоми замон дилаш аз лаъли Бадахшон монда бошад, узум нафаҳм.
Чашм сӯи алмосҳои Африка духтааст.

Pomiray
Помирбача,
Помирбача,

Аввал аз номи худат гап заданро ёд гир . Ё аз номи Ҷамшудият шармат меояд. Бефаросат.

Tojik
Нуфузи байналмилалие, ки Аълохазрат дорад, ягон мусалмони дигар хатто дар борааш орзу хам карда наметавонад. У ягона мусалмон аст, ки будуни доштани тонку туп сарварони чахон ба харфаш гуш фаро медиханд ва ин албатта барои пайравони мазхабхии гайрисуннати ва навбаромади мо чандон хушоянд нест, гарчанде ки аз ин шахс ба Точикистон бадие нарасидааст. Хар коре, ки кардааст, чуз неки набудааст. Аммо боке нест, корвон дар харакат аст ...

Беном ту чи кури ё хондан наметавони? Агар кур боши рав чашмота мулоича кун агар бесаводи, рав саводи хондан ёд гир. Ту дар ин матн дар кучо пешвои исломиёни чахонро хонди? Дар ин матн дар хама чо пешвои исмоилиёни чахон навистаги. Кур-курона ва бесаводона тахлил накун.

Беном,
Номатонро дуруст нависед. Гарчи номи хонаводагии шумо "беном" хам бошад, худро "бадном" накунед...!
Ба "помирибача": лаъли Бадахшон номи Шох Носири Хусрав аст, на номи санге ки ту баринхо дар орзуи он дунёро падруд мегуянд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)