Бахшҳо
01 мар 2016 08:12Тоҷикистон / Иқтисодӣ

CАTV ба мушкилоти молӣ дучор шудааст ё мавҷи онро мезананд?

Central Asian TV (САTV) ё Телевизиони Осиёи Марказӣ, ки тавассути моҳвора пахш шуда, дар Тоҷикистон ҳам бинандаи худро дошт, чанд рӯз мешавад, дастнорас гаштааст. Дар зимн, сару садоҳое паҳн гашта, ки гӯиё пахши он аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон масдуд шуда бошад.

Ин овозаҳо дар ҳолест, ки дар гузашта масъулони шабакаи дигари телевизионӣ дар хориҷи кишвар – “Сафо” чандин маврид иддао карданд, мақомоти Тоҷикистон бо харидории дастгоҳҳои пурарзиш “мавҷи телевизионро мезананд”. “Сафо” моҳи августи соли 2013 дар Маскав ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард ва ҳамагӣ баъди 3 моҳ, дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон аз моҳвора ғайб зад.

Аммо як манбаи наздик ба САTV ба “Озодагон” далели қатъ шудани шабакаро дар маҳвора мушкилоти молӣ гуфт. Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик он дубора фаъол хоҳад шуд. Тамошобинони Central Asian TV дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон мегӯянд, аз рӯзи якшанбеи 19 феврал ин шабака дастнорас шудааст.

Дар ҳоле ки поягузорони ин телевизион ба таври расмӣ муаррифӣ нашудаанд, аммо фарзияҳое ҳаст, ки он шояд як тарҳи русӣ, афроди наздик ба Кремл ё мухолифини ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бошад. Дар доираҳои расмӣ ин шабакаро ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рабт медиҳанду онро чун “телевизиони Муҳиддин Кабирӣ” ном мебаранд. Кабирӣ дар як мусоҳиба бо пойгоҳи иттилоърасонии аҳли суннати Эрон ишорае ба таъсиси як телевизион карда буд, аммо нагуфт он чӣ ном дорад: “Наҳзат бо машварати дӯстон як шабакаи телевизиюнӣ роҳандозӣ кардааст, ки дар Маскав ва Истанбул дафтар дорад. Шояд дар Теҳрон ва ҷоҳои дигар ҳам дафтар таъсис кунад, чун тоза роҳандозӣ шудааст. Мехоҳем, аз тариқи барномаҳои телевизиюнӣ, ки ба забони тоҷикӣ аст, равшангарӣ ва ислоҳ сурат гирад”.

Сару садоҳо дар бораи ба кӣ таллуқ доштани ин телевизион дар ҳолест, ки бино ба иттилои баъзе аз шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, раисони маҳалла ва ҷамоатҳо дар бархе манотиқи Тоҷикистон аз мардум хостаанд, аз тамошои барномаҳои ин шабака худдорӣ варзанд.

Дар телевизиони мазкур хабарҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бештар аз нигоҳи интиқодӣ пешниҳод мегардад. Ҳарчанд дар баробари хабару гузоришоти интиқодиву таҳлилӣ барномаҳои фароғатӣ низ пахш менамуд.
Мӯҳр
Анвар
Ман дар Амрико хастам, хатто дар инчо онро тамошо карда намешавад. Ба интернет низ видео намепартоянд.

Журналист
ман журналистам, сад фоиз медонам ки маводи гаразнок чи гуна аст?Вокеан тамоми хабару гузориш ва барномахои ин шабака гаразнок аст.Барои мисол такрор ба такрор нишон додани як барномаи танкиди ин худ гараз аст. дуввум ин шабакаро метавон филиали сомонаи озоди номид, зеро тамоми матн ва видиохои ин сомонаро айнан ва бидуни ишора ба манбаъ пешниход мекунанд, магар журналистони ин шабака ин кадар бесаводанд, ки матн навишта наметонанад, ва бо як помиридухтар забони точикира канда канда шармандакарда мехонад.

Маблаггузораш амрико аст. Ин тв бар зиди пропагандаи тв хои русси ва ноором кардани осийои ммйона тасис шудааст. Ман гогх-гох тамошо мекунам 99% хабарош дуруг аст. Ягон гапи рост надора.

кулобӣ
Журналист,

Бародар журналист помиридухтар гуфта магар мо Тоҷико худамонро аз Помириҳо ҷудо намекунем?. Пас инқадар ваҳдати милли гуфтанамон лафзи нест?. Нав фаҳмидам ки аз мос ки бар мост.

Бехтарин канале буд бисёри мардум аз ахволи мухочирон хабардор мешудан бархе дуруг ё ихвогар мегуянд хакикат талх Барои хакикат намехостагихо!

Эй мардум шуморо фахмида намешавад. Гох ин тараф мегечеду гох он тараф. Авалаш ба журналист гуфтаниам, ки помири духтараст ё кулоби духтар ба ту фаркаш чи. Чудои нандоз дар байни мардум. Дуюмаш оё шумо ба сиёсати хозира президент рози хастед? Дар хама давлатхо пешрави иктисоди дида мешавад. Дар мо не. Тули 25 сол ахвол то чанде бад шуд. Тенчию оромии кишварро дар сиёсати хирадмандонаи раиси чумхур набинед, дар хушомадгуию тарсугии мардуми точик бинед.

Ба Кухистони
Бале Точикистон камбуди дорад, аммо наход як мувафакият надошта бошад, ин беинсофи бад аст, дар як шабака факат танкид бошад, аз журналистика бу намебари хап карда шин... ман аз медонам мардуми помир ботамаддун ва пешрафта хастанд, аммо манзури ман аз помиридухтар гуфтан на чудоиандози балки ин аст, ки ин шабака миллати точикиро муаррифи мекунад бигзор як наттоке гап занад, ки бо лахни зебои точики сухан кунад то ширинии забони точики ба мардуми олам расад...вагарна ман фидои як нигохи помридухтарам...бо щеваи бадахшони точики гап задан ха мрости ширин аст аммо ин шакли гуфторр хоси телевизон нест чура...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)