Бахшҳо

Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар ТВ: Аз умумигӯиҳои дилбазан то таърифу худнамоиҳо ва...(АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 1 март шабакаҳои телевизионии “Варзиш”-у “Синамо” ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умумро ифтитоҳ намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи шиносоӣ бо шароити корӣ ва оғози фаъолияти муассисаҳои нав бо ҳозирин мулоқот намуда, суҳбати ошкоро доир кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудааст, ки минбаъд шабакаи якуми телевизионӣ шабакаи “Тоҷикистон” номгузорӣ карда шавад: “Бо номи “Тоҷикистон” ба роҳ мондани фаъолияти шабакаи марказӣ ин ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, эҳтиром ба номи кишвар ва яке аз роҳҳои муаррифии шоистаи ватани маҳбубамон ҳамчун рамзи ҳастии миллат мебошад”.

Президент таъкид намудааст, ки телевизион бояд симои миллӣ дошта бошад ва дар фаъолияти худ ба тақлиду нусхабардорӣ роҳ надиҳад: “Одоби касбии рӯзноманигорӣ, холисона баррасӣ намудани масъалаҳои дар ҷомеа рухдода, беғаразона инъикос намудани онҳо, симои зоҳирӣ ва риояи меъёрҳои ҷаҳонии соҳа бояд қатъиян риоя карда шавад. Бахусус, дар таҳияи матнҳои мукаммали санҷидашуда ва услуби баён, маводи таҳлилии нишонрасу саривақтӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ аз кормандони соҳа дониши мукаммали таҳлилӣ ва сатҳи баланди касбиро тақозо менамояд”.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки сатҳи омода намудани барномаҳо ва касбияти коргардону журналистон дар муқоиса бо 10 соли пеш беҳтар шудааст, вале хеле кам: “Чунин ба назар мерасад, ки маҳсули тафаккури эҷодӣ, истеъдоди асили офарандагони ғизои маънавӣ барои тамошобин ва шунаванда ҳанӯз ҳам ба дараҷаи қонеъкунанда нест. Дуруст аст, ки телевизион ва радио бояд аслан расонандаи иттилоот бошад, вале рисолати журналист фақат бо нишон додани ҳодисаву воқеоти рӯйдода ба анҷом намерасад”.

Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон ба самъи роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ ва умуман таҳиягарони барномаҳои телевизионӣ чанд камбудиро расондаст: “Аввалин нуқсе, ки дар барномаҳо мушоҳида мешавад, сифати пасти тасвиру навор мебошад, ки аз набудани наворбардорони касбӣ гувоҳӣ медиҳад. Борҳо ба роҳбарони Кумитаи телевизион ва радио ва дар суҳбатҳои алоҳида бо худи наворбардорон низ таъкид намудаам, ки аз болои худ кор кунед, ихтисос ва маҳорати касбии худро такмил диҳед, вале мутаассифона, ин масъала то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур ба сару либос ва ҳаракатҳои шахсони сабтшаванда, яъне онҳое, ки дар эфиранд, кам аҳаммият дода мешавад ва ин камбудӣ ҳатто дар вақти танзим низ бартараф намегардад: “Камбудии сару либос, ҳаракатҳои ноҷо ё дигар ҳолатҳое, ки бояд рӯи навор набошанд, дар экран тез-тез ба мушоҳида мерасанд, ки ин боиси аз даст додани тамошобин, паст задани шаъну шарафи шахс ва костагии завқи зебоипарастии бинанда мегардад”.
Президенти Тоҷикистон бе омодагии пешакӣ барои таҳияи намоиш нишастани журналистонро масъалаи аз ҳама асосӣ хондаст: “Ин масъала низ борҳо гуфта шуда буд, вале ҳоло низ мебинем, ки як нафар имрӯз барномаи кишоварзӣ, фардо барномаи мусиқӣ, рӯзи дигар аз иқтисодиёти ҷаҳон ва бӯҳрони молиявӣ суҳбат мекунад. Ин камбудӣ агар аз нарасидани кадр бошад, пас бояд журналистон ҳанӯз аз курсии донишҷӯӣ ба тахассусҳои алоҳида ҷудо карда шуда, ба таври мақсаднок доир ба масъалаҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ, ҳарбиву сиёсӣ, фарҳангу маориф ва дигар бахшҳо маълумоти кофӣ пайдо кунанд ва ҳангоми суҳбат аз умумигӯиҳое, ки мардум аз онҳо дилбазан мешаванд, худдорӣ намоянд”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон камбудии дигаре, ки аз ҷониби ровиёни барномаҳо зуд – зуд ба назар мерасад, худнамоии бемаврид, худро ҳамадон вонамуд кардан ва риоя накардани маданияти суҳбат, бемаврид буридани сухани мусоҳиб, гӯш накардан ба суханони ҳамсуҳбат ва дар рафти барнома хотирпарешон нишастан аст, ки ин камбудии ҷиддии коргардонҳо низ мебошад: “Наттоқони барномаҳои иттилоотӣ аксар вақт гектарро аз садяк, миллиардро аз миллион, килоро аз тонна фарқ намекунанд, ки ин ибораҳо дар эфир борҳо садо додаанд. Номи шаҳрҳо ва минтақаву давлатҳои ҷаҳон аз забони наттоқони шабакаҳо хато, бо задаи бемаврид ва мантиқан нодуруст талаффуз мешаванд, ки ин аз надоштани касбияти гӯянда гувоҳӣ медиҳад. Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки тавассути оинаи нилгун ва мавҷи радио шаҳду зебоии забони ширину шоиронаи тоҷикиро ҳам ба ҳамватанони азизамон ва ҳам ба миллионҳо нафар бинандаву шунавандаи кишварҳои хориҷии дуру наздик мерасонед ва ин кор аз шумо масъулияти зиёдро тақозо мекунад”.

Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон кардааст, ки минбари телевизион, минбари ифодаи мақсаду маром ва ормонҳои миллӣ барои аҳли фарҳангу ҳунар ва илму адаб даргоҳест, ки масъулияти зиёд талаб мекунад: “Дар хотир дошта бошед, ки аллома Бобоҷон Ғафуров замоне фаъолияти худро аз касби пуршарафи рӯзноманигорӣ оғоз карда буд ва тавре ки аз зиндагии пуршарафи ӯ бармеояд, касби рӯзноманигорӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва таҷрибаи ҳаётии вай нақши муҳим бозидааст”.

Раисиҷумҳур қобили зикри махсус донистааст, ки дар барномаҳои иттилоотӣ низоми фаврият, яъне фавран расонидани хабар нест ва рӯйдодҳое, ки шабакаҳои ҷаҳонӣ соатҳо инъикос менамоянд, дар телевизионҳои мо баъди як шабонарӯз, ҳаҷман хеле кам инъикос мешаванд ва дар аксари мавридҳо матни тарҷумаи онҳо низ пурра фаҳмо нест, аз ин сабаб мардум иттилооти дақиқро аз дигар шабакаҳо меҷӯянд: “Набудани ғояи ягона ва мавзӯи дақиқ аз масъалаҳои дардноки барномаҳост, ки журналист атрофи якчанд мавзӯъ сарсарӣ омода мешаваду ба тамошобин чизе гуфта наметавонад. Ҳатто баъзан олимону академикҳоро сухан гуфтан намемонад”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сатрҳои равон низ соатҳо хатоҳои имлоиву техникӣ меравад, вале касеро парвое нест: “Аз муҳтавои баъзе барномаҳо ва таърифу тавсифи бемантиқи баъзе ашхос чунин хулоса мебарояд, ки гӯё дар фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, хусусан дар маҳалҳо ягон камбудӣ нест. Ҳол он, ки доир ба ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва иҷрои қонунҳо аз ҷониби сохтору мақомоти гуногун, аз ҷумла аз тарафи хизматчиёни давлатӣ беҳтарин маводу барномаҳои таҳлилӣ омода кардан мумкин аст”.

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба кормандони телевизион илова намудааст, ки дар замонаи таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва тезутундшавии зиддиятҳои геополитикӣ ахбор ва гузоришҳои телевизиону радио ҳамчун воситаи муҳимми таъсиргузории сиёсӣ барои таъмини амнияти давлатҳо нақши калидӣ доранд: “Ҳар як кишвар ё ҳукумате, ки дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб мегардад, амният ва пойдории сохти конститутсионии худро ҳифз карда наметавонад. Тавре ки ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ва кишварҳои Шарқи Наздик нишон доданд, «инқилобҳои ранга» аввал дар фазои иттилоотӣ амалӣ гардида, сипас ба воқеияти сиёсӣ табдил ёфтанд”.

Раисиҷумҳур иттилоъ додааст, ки айни замон дар кишвари мо 70 муассисаи телевизиониву радиоӣ фаъол буда, аз ин ҳисоб 9 телевизион ва 10 адад радио давлатӣ, 31 телевизион ва 20 радио ғайридавлатӣ мебошад: “Бояд гуфт, ки фазои иттилоотии кишвар ҳанӯз осебпазир буда, таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд мебошад. Алҳол мавҷҳои телевизиони «Шабакаи якум» 99,7 фоиз, «Сафина» 84,6 фоиз, «Баҳористон» 84 фоиз ва «Ҷаҳоннамо» 75,7 фоизи ҳудуди мамлакатро фаро гирифтаанд, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир қонеъкунанда нест. Ҳатто дар шаҳри Душанбе бинобар паст будани муҳтавои барномаҳои телевизионҳои давлатӣ ва камбудиҳои техникӣ қисми муайяни аҳолӣ онҳоро тамошо намекунад”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон телевизиону радиоҳои маҳаллии ғайридавлатӣ ё хусусӣ аксаран пойбанди манфиатҳои молиявӣ буда, бештар иттилооти тиҷоратӣ, реклама, барномаҳои каммазмуни фароғатӣ пахш мекунанд ва ба мавзӯъҳои тарбиявӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарғиби сиёсати Ҳукумат муносибати ҷиддӣ надоранд: “Дар шароити имрӯза рисолати асосие, ки дар назди телевизион қарор дорад, инъикос ва пайгирии мушкилоти ҷомеа аст. Шабакаи якуми телевизион бояд бештар шарҳу тафсири масъалаҳои сиёсиро роҳандозӣ намояд, вале дар он аксаран барномаҳои истироҳативу фарҳангӣ, спектаклу кинофилмҳо ва консертҳо такрор ба такрор намоиш дода мешаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон беҳтар хондааст, ки дастовардҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат дар муддати 25 сол бо истифода аз факту рақам ва далелҳои воқеан раднопазир аз деҳа то вилоят дар шакли барномаҳои саволу ҷавоб ва муқоиса бо вазъи солҳои пеш бо иштироки намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа- коргарону кишоварзон, аҳли зиё, ронандаҳо, духтурону муаллимон ва гурӯҳҳои дигари аҳолӣ ба маърази тамошо гузошта шаванд: “Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки дар ҷараёни пахши гузоришҳои иттилоотӣ кӯтоҳбаёнӣ, нутқи бурро ва калимаву ибораҳои нишонрас ба назар гирифта шавад”.

Дар мавриди телевизиони “Сафина” раисиҷумҳур изҳор доштааст, ки ҳангоми тарҷумаи филмҳои ҳуҷҷатӣ фақат кайҳон, сайёраҳо ва ҳайвонот не, балки масъалаҳои ҷолиби диққати таърихиву бостоншиносӣ, бахусус илмиву технологӣ низ мавриди баҳс қарор дода шаванд: “Масъулини телевизиони “Баҳористон» зимни таҳияи барномаҳо шарҳу тафсири мақому манзалати дониш, технология ва маърифати даврони муосирро барои дар рӯҳияи зебоиписандӣ, навандешӣ, бунёдкорӣ, инсоншиносӣ ва донишмандӣ тарбия кардани насли наврас тақвият бахшанд”.

Дар бораи радиоҳои давлатӣ, аз ҷумла радиои “Ховар” Эмомалӣ Раҳмон, изҳор доштааст, ки он ки бояд ҳамчун дастгоҳи тарғибкунандаи сиёсати давлатӣ хизмат намояд: “ Ин аст, ки рисолати асосии радио, яъне ба вуҷуд овардани афкори умумии созанда ва солим аз байн рафта, пахши гуфторҳои фарҳангиву фароғатӣ, суруду мусиқиҳои бегона, саволу ҷавоби бемантиқи шунаванда бо радио афзоиш ёфтааст. Тақрибан 90 фоизи сурудҳои тоҷикие, ки дар мавҷи радиоҳо пахш мешаванд, маҳсули студияҳои шахсӣ буда, матнашон ба худи сарояндагон тааллуқ дорад. Амалан, шабакаҳои радио ба минбари рекламаи суруду мусиқии ғайрикасбӣ ва сабуку хасакӣ табдил ёфта, баръакс, мусиқии касбии эстрадӣ, асарҳои симфонӣ ва мусиқии миллии «Шашмақом» ва «Фалак» аз мадди назар дур мондаанд. Бо ин сабаб қишри калонсоли ҷомеа хоҳиши гӯш кардани радиоҳои давлатиро надорад ва завқи ҷавонон ба фарҳангу мусиқии аҷдодӣ ва асили мардумӣ коҳиш ёфта истодааст”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки баъзе доираҳои манфиатҷӯй воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун фишанги таъсиррасонӣ ба фарҳангу маданият ва давлатдории миллии тоҷикон моҳирона истифода бурда, ба ин васила мехоҳанд ҳадафҳои душманонаи хешро амалӣ гардонанд: “Тарғиботи идеяҳои мухолиф ба арзишҳои миллӣ аз тарафи хоинони миллат, парастиши радикализми динӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротӣ ба сохти конститутсионӣ пайомадҳои хатарнок дорад. Дар натиҷаи пайдо шудани холигоҳи иттилоотӣ ҳоло як қисми аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон таҳти таъсири рӯҳониёни мутаассиб ва хурофотпарасту ифротгаро, ки барои онҳо мафҳумҳои «миллат», «давлатдории миллӣ», «истиқлолияти миллӣ», “дунявият”, «тараққиёт», «илм» ва «техника» бегонаанд, қарор гирифтаанд. Омили мазкур яке аз сабабҳои асосии гаравиши ҷавонон ба сафи созмонҳои террористӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” маҳсуб меёбад”.

Дар ин самт, Эмомалӣ Раҳмон зарур донистааст, ки Шӯрои бадеӣ фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиро дар асоси талаботи замони муосир, нишон додани посухи сазовор ба “ҷангҳои иттилоотӣ” ба муқобили Тоҷикистон, истифодаи суруду мусиқии баландмазмун ва саволу ҷавобҳои муассири телефонӣ бо шунавандаҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд: “Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад”.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон фарорасии фасли баҳор, Рӯзи модарон ва фаъолшавии се муассисаи навро шодбош гуфта, барои ҳозирини мулоқот муваффақият таманно кардааст.


Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар ТВ: Аз умумигӯиҳои дилбазан то таърифу худнамоиҳо ва...(АКС)

Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар ТВ: Аз умумигӯиҳои дилбазан то таърифу худнамоиҳо ва...(АКС)

Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар ТВ: Аз умумигӯиҳои дилбазан то таърифу худнамоиҳо ва...(АКС)

Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар ТВ: Аз умумигӯиҳои дилбазан то таърифу худнамоиҳо ва...(АКС)

Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар ТВ: Аз умумигӯиҳои дилбазан то таърифу худнамоиҳо ва...(АКС)

Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар ТВ: Аз умумигӯиҳои дилбазан то таърифу худнамоиҳо ва...(АКС)

Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар ТВ: Аз умумигӯиҳои дилбазан то таърифу худнамоиҳо ва...(АКС)
Мӯҳр
Бо се шабакаи дигар барои тарифкардани Емомали Рахмон кушодан ай хами се шабакаи дигар. буд безор шуда .будем 24 соат факат тариф буд ягонташ ягон барномаи соз нишон намедодан барои хами хичка тамошо намекна!!

Саид
Барандагони телевизион бо либоси милли баромад кунанд чома салла миенбанд муза бисер хуб мешавад

Дар кадом ТВ- тобути мухочиронро нишон медихад. дар калом тв - беморхонахою сарсонихои маризонро нишон медихад. Дар кабом тв - мизи шиносномадии
хи, А
Аэропортхо, зиндонхо вс аз холи мардуми дехоту шахр намоиш медихад. Ва аз кадомаш таьрифи шох Рахмонро нишон медихад

барои кушода шуданаш хело захмат кашиденду чаро маоши кормандони тв хатлонро яъне хаки каламро аз байн бурден ба 378 сомон зиндаги карда мешавад

Рустам
Шабакаи Аввал хаети аслии точикони имрузаро мегуяд - куча пури дорухона, шабака хам пур аз таргиби дорухо! Миллат бемор аст бемор, шабакаи аввалро бехтараш Шифо, ДармонТВ ва е ДоруТВ ном гузоред!

Idea
Janobi Oli! Ta'rifi khidtona ay television bardored hama tamosho mekunad!
Hami maza karda reklamaya tamosho karda meshinem ki yaki baynushda AKHBOR memonand yo KINO. O I chi mano doshta boshad fikri odama az reklama pareshonkhotir mekunand Moned hamon reklamaro tamosho karda shinem!!!!!!!!!!!!!!!!

хонанда
Баъди ин нутки пурмухтавои Пешвои миллат, ки хамчу мутахассиси касби дар бораи наксу камбудхои шабакахои телевизиони харф зада, лозим ва зарур аст, ки чаноби Пирзода ва командаи ноухдабарояш бо дасти худ аризаи истеъфояшро бинависад.

Акаи Саифиддин
Хуршедчон Файзуллозода Шуморо ба ин вазифаи пурифтихор табрик намуда ба Шумо барори кор ва дар пешрафт ва тарракиёти ТВ-Варзиш бурдборихо орзу менамоям.. Сад дар сад бовар дорам бо рохбарии Шумо ин телевизион махбуби мардуми Точикистон хохад шуд. ЗИНДА БОШЕД!

Ориф
Мо тамошшо менкунем аз номи хама гап назан

банда
Шабака Барри хеч кас даркор нест.Барои мардум кор даркор кор даркор кор даркор кор даркор!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

мехмон
Хатто Чаноби Олимаком , Пешвои Миллат , Кахрамони Миллат аз набудани танкид эътироз кардаанд!
Хама лаганбардору дуруя шуда ва ,, Гур сузаду дег чушад " - ро шиор кардаанд.

Мутаассифона Чаноби Олй дар бораи камбудии маошии хамон журналистони бечора чизе нагуфт((( Аз таърифи Пешвои миллат сари чанд калам шикаставу сарк руи садхо хазор когаз сиёху сафед шуданду журналисти бечора, алалхусус дар хамон радиои Ховар 300-400 сомонй маош мегирад. Дар шабакахои телевизионй хам даромади хуб доранд хам маошу ганарари хуб мегиранд, вале корашон хич маънй надорад. Радио бошад гуё "САГЕРАХОНА" аст касе ба вазъи молиявии онхо ахамият намедихад! Чанде пеш якчанд коркунони телевизиона ба радиохои давлатй "бадарга" карданд, уно кариб аз маошу даромади журналистони радио талхакаф шуданд, ки наход бо ин маош шумо зиндагй кунед? Умуман дар радиохои давлатй вазъи журналистон аз ин хуб нест. Дигар аз кучо сифати барнома талаб мекунед? Вакте журналисти бечора нисфирузи пуле надорад, ки абед кунаду маошаш хатто барои рохкирояш намерасад!
Ё Чаноби Олй ин масъаларо намедониста бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)