Бахшҳо
03 мар 2016 14:16Тоҷикистон / Тема дня

Убайдуллоев дар бораи нафрати мардум ба мансабдорон: Қонуншиканиҳоятонро мебинанд...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, дар ҳузури аъзои парлумон, вазирон ва раисони вилоятҳои кишвар аз нақзи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим аз сӯи мансабдорони тоҷик суҳбат кард.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ иттилоъ дод, Убайдуллоев дар хитоб ба ҳозирин гуфт, “99 дарсади онҳое, ки қонуни танзимро вайрон мекунанд, мою шумо, ҳамин ҷо нишастаҳоем”.

Ба таъкиди Убайдуллоев, бештар қонуни танзимро мансабдорони воломақом нақз мекунанд ва мардум инро мебинад: “Вақте мардум мебинанд, ки мансабдорони воломақом қонунро риоя намекунанд, нафраташон меояд”.

Раиси Маҷлиси Миллӣ инчунин аз журналистони кишвар интиқод намуд, ки вақте як-ду одами ба истилоҳ бесоҳибро меёбанд, атрофашон зиёд менависанд, аммо аз ифшои қонуншиканиҳои мансабдорони воломақом метарсанд. Ӯ аз намояндагони ВАО даъват намуд, дар самти ифшои қонуншиканиҳои мансабдорон фаъол бошанду ҳолатҳои риоя нагардидани қонун аз ҷониби мансабдоронро ба мардум расонанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, муборизаро барои ифшои қонуншикании мансабдорон, аз ҷумла риоя накардани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро пурзӯр намояд.
Мӯҳр
ЗАФАР КУРБОНОВ
ОФАРИН МУХТАРАМ УБАЙДУЛЛОЕВ М. ИНРО ЧАНДИН СОЛАСТ КИ ИНТИЗОР ДОШТАМ АЗ ДАХОНИ ЯГОН МАНСАБДОРИ ВОЛОМАКОМ ШУНАВАМ ВА НИХОЯТ ШУНИДАМ. БОЯД ДАР НАЗДИ КОНУН ХАМА БАРОБАР БОШАД. МАНСАБДОР НАКУНАД. КИ МАРДУМ АЗ КАФОЯШ НАРАВАД ВА Е ИНКИ МАРДУМ НАФРАТАШОН НАКУНАНД. ОФАРИН!.

Хонанда
Инро дар амал бояд нишон дод, наинки дар варак....... дар хама сурат бояд назорат пурзур карда шавад на дар Конуни Танзим ва дигар конунхам ба эътибор гирифта шавад......

Мир
Офарин Махмадсаид Убайдуллоев Шумо ба гап нест ва гап хам хеч вакт набуд. Одами рост дар хама чо гапи худашро мегузаронад.
Нисбати Шумо барин рохбар ман коил будам хастам ва мемонам. Бошед доимо саломат. Рохбар бояд хамин хел бошад, вакте ки савганда кабул мекунад бояд софдилона ба мардум ва ба чаноби оли хизмат мекунад рахмат ба Шумо минатдорем!

малик
бояд нафакат чашну маросим балки тамоми камбудихоро гуфтан даркор

Вафо
Дархакикат дар кучо як камбаґал маърака мекунад,бахши танзим хозир мешавад,баъд дуруґу рост у бечорая чарима мекунанд.аз шахсони бой ва мансабдорда кур мешаванд.......

Дархакикат дар кучо як камбаґал маърака мекунад,бахши танзим хозир мешавад,баъд дуруґу рост у бечорая чарима мекунанд.аз шахсони бой ва мансабдорда кур мешаванд.......

Фигри хуб Раис.Дар Амал Нишон бтеки Халк боваркна Гапхои Раиси Калонвори Гуфтан бигири Амал набоша Мазоки дахни Мардум мешен

ИН ГУФТАХО БОЗХАМ РУИ КОГАЗ МЕМОНАНДУ ХАЛОС
МУХТАРАМ МАХМАДСАИ ИМРУЗ ШУМО РУЗНОМАНИГОРОНРО ГУНАХКОР ДОНИСТЕД КИ ДАР БОРАИ МАНСАБДОРОН НАМЕНАВИСАНД
ОЁ АЗ ХОТИР БАРОВАРДЕД КИ ДАР БОРИ ХУКУМОВ НАВИШТА БУДАН ОКУБАТАШОН ЧИ ШУД.

Darvesh
...Маҳмадсаид Убайдуллоев дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, муборизаро барои ифшои қонуншикании мансабдорон, аз ҷумла риоя накардани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро пурзӯр намояд.....
........... ZEMLYAK UBAYDULLOEV ma ay Karl Marks!
Shumo naboyad Prokurorro farmoish dihed boyad Prokuror shumora farmoish dihad!!!!

Мухтарам Раис! Конуншикании мансабдорон факат дар танзим нест. Масалан дируз ман дар "шахри бехатари" БДА барои хукуквайронкунии зиеда аз 1 сол пеш содиршуда чарима супоридам, хол он,ки срок давност-и чунин хукуквайронкуни 6 мох аст. Як шиноси дигарам вакте, ки Нозироти Андози ш. Кулоб барои истифодаи коргари кироя андозаш бастанд, ва барои халли ин масала пеши раис даромадааст, ба вай гуфтаанд: "дар давлати тинч зиндаги кардан намехохи?-ба Афгонистон рав!" Чунин хел мисолхо бисйоранд. Чи хел ба'ди чунин муносибат боз мо мансабдоронро "дуст" дорем?ЗАФАР КУРБОНОВ,

Шахбоз
Darvesh,
Додар! Мухтарам Раис хак доранд ки прокурор ФАРМОИШ диханд. Он кас раиси Мачлиси Милли мебошанд.
Агар х,ар як журналист яктоги проблемахоро мегуфтанд имруз дар Точикистон проблема вучуд намедошт. Сад афсус ки аз таърифкуни намондем.

Як карикатраи давраи Советӣ буд , ки "ислоҳ шуда наметавонам аммо хдтанкидкуниро ба гардан мегирам " Хамин чиз ба мансабдорони точики имруза мода шудааст !!!

Убайдуллоев кани як тахлил кун туйи рустами эмомали аз руи конун буд ё не?

Тоҷикистони азиз
Домло Убайдуллоев “99 дарсад рост қайд кардед", ки қонуншиканҳо мою шумо раисҳо ва дақиқтараш раисони танзими ҷашну маросимҳо дар ҷамоятҳою деҳот ҳастем. Дар рӯзи ягон маросим ё аксаран дар рӯзи туй яке мебини меҳмони нахонда тоқишон каҷала, брутошон тофтагӣ, қавақошон дохтагӣ ручкаву дафтару папкашон дар дастҳо мебини омаданд. Ҳеҷ каса напурсида хонаҳоро, ошхонаву дугу табақу ҳоҷҷатхонара тафтиш карда пратакол нависира сар мекунанд. Мақсади ин гуруҳа то кампирой 104 сола медонанд. Баъд муовинош имову ишораву чашмакзанира сар мекунанд. Чи чизҳора разбор мекунанд, хулоса дар охир ҳозир ба фикрам 100 сомони шидаст сума панҳони мегиранд, соҳиби туй паноҳи локии раисора пур аз чизҳойӣ туёна мекунад паноҳи рафта дар мошини раис мемона. (Ҳамватанони азиз агар бовар надоред, мақомотҳои дахлдор рафта паноҳи мошини раиса аз бозгашташ аз туйхона кобед) (Ой ин бандити нест, чи ҳаст магар).
Ҷаноби Убайдуллоев, Шумо кафолат диҳед, ки ба рӯзноманигор ягон бало намерасад агар ӯ ягон раиса ё камандира пайгири ва саволу ҷавоб кунад. Хулоса чихеле ки раис мегуяд “Вақте мардум мебинанд, ки мансабдорони воломақом қонунро риоя намекунанд, нафраташон меояд”. Дуруст вақте ки қонун дар ҷомеъа ранго ранг хизмат мекунад, мардума қаҳрашон меояд ва дар пешрафти ҷомеъа фаъолона ширкат намекунанд.

Житель
Мухтарам кормандони ВАО "война без потерь не бывает" як СССР танхо не Шумо хам метавонед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)