Бахшҳо

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

Як ҷуфти ҷавони маълул, аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш дорад, ба додашон бирасад, то онҳоро аз хобгоҳ пеш накунанд.

Далер Саидалиеви 35-сола ва Гулноза Азизоваи 20-сола ҳамагӣ се моҳ пеш издивоҷ кардаанд. Далер маълули модарзод аст ва пойҳояш ҳаракат намекунанд. Гулноза бо душворӣ роҳ меравад. Ҳоло ин ҷуфтро хатари дар кӯча мондан таҳдид мекунад. Далер дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо дар хобгоҳи “Душанбе-Строй” зиндагӣ мекунанд ва ҳоло ин биноро Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайнерӣ гирифта, мехоҳад, бошандаҳои онро пеш кунад. Ӯ мегӯяд, 15 сол аст, ки дар ин хобгоҳ зиндагӣ мекунад ва дигар ҷойи рафтан надорад: “Умри ман дар беморхона гузашт, модарам фавтид, падарам доим аз бемории фишор азият мекашад. Дар ноҳияи Восеъ амакам хона дорад, аммо 3 бародарам онҷо зиндагӣ мекунанду ман боз сарборӣ мешавам”.

Аз сӯи дигар мегӯяд, Далер барояш дар пойтахт зиндагӣ кардан беҳтар аст, чун ин ҷо имкони пайдо кардани кор вуҷуд дорад: “Гоҳ-гоҳ дар бозор кукуруз фурӯхта, рӯзиямро пайдо мекунам”.

Ба қавли ин ҷавони маълул, чанд маротиба ӯ ва ҳамсарашро ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ даъват карда, гуфтаанд, хонаро холӣ кунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло умедаш танҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст ва аз ӯ хоҳиш дорад, ба ин қазия дахолат намояд ва агар холӣ кардани хобгоҳ ногузир бошад, мусоидат кунад, то соҳиби хона ё қитъаи замин гардад: “Хоҳиш дорам, маро бо хона ва ё замин таъмин кунанд. Ман ҳам орзӯ дорам фарзанддор шавам ва мехоҳам дар ягон ҷо кор карда, ба маъюбоне мисли худам кумак расонам. Нафақаам 130 сомонӣ муайян шудааст, ки он ҳам дар ноҳияи Восеъ мебошад. Амакам онро гирифта, ба дасти ягон нафар равон мекунад”.



Гулноза, ҳамсари Далер мегӯяд, вақте ҳамагӣ 4 сол дошт, падараш даргузашт ва ҳамроҳи модараш дар ин хобгоҳ зиндагӣ мекард: “Модарамро аз хобгоҳ пеш карданд, ҳоло дар хонаи холаам зиндагӣ дорад. Соли 2015-ро Президент Соли оила эълон карда буд, мо низ оиладор шудем. Ҳоло моро аз ин ҷо пеш карда истодаанд. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш мекунам, ба мо манзил бидиҳад, ки зиндагӣ кунем”.

Дар ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт омадааст, аз моҳи сентябри соли 2014 бинои хобгоҳ аз тавозуни Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили сохтумончиён”-и хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтумони Кумитаи меъморӣ ба тавозуни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Гулдаста Ашӯрова, модархонди Далер мегӯяд, ин ду нафар ҳамеша гиря мекунанд: “Инҳо ҳам мехоҳанд зиндагии хуб дошта бошанд, ҳоло ҷавонанд. Ман аз соли 1996 дар ин хобгоҳ зиндагӣ дорам, моҳона ва маблағи коммуналиро сари вақт пардохт мекунам. Хонае, ки ҳоло ин ду ҷавон изиндагӣ доранд, ҳоҷатхона буд, вале мо инҷоро обод кардем. Аммо ҳаминро ҳам аз мо мегиранд. Аз нафароне, ки дар ин хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, 35 нафарашро дар рӯйхат ҷо кардаанд ва онҳоро бо хона таъмин мекунанд, аммо ин ду маъюбро не. Касе ҳоли моро намепурсад ва моро дастгирӣ намекунад”.

Далер мегӯяд, онҳо дар ошёнаи чоруми хобгоҳ зиндагӣ мекунанд ва дар як ҳафта ҳамагӣ як ё ду бор берун мебарояд: “Зиндагиам торафт мушкил мешавад. Ман ҳозир ба ҳама чи ниёз дорам. Танҳо як мушкили хона нест. Аробачаи маъюбиам низ фарсуда шудааст. Медонам, ки дар ҷомеаи мо одамони саховатманд кам нестанд ва умедворам, ба қадри имконашон кумаки худро ба мо дареғ намедоранд”.

ШУМОРАИ ТЕЛЕФОНИ ДАЛЕР 987 64 71 71 БАРОИ ОДАМОНЕ, КИ МЕХОҲАНД ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ КУНАНД


(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!
Мӯҳр
Иншооллох, Раиси Ч,умх,ур Шуморо намегузорад дар куча монед дастгириатон мекунад. Ин судх,ои Точ,ик на рах,м доранду на шафк,ат. Наход ин оилаи маъюби бехонаву даро аз хона пеш куни. Пеш аз ин хона баровардани ин оилаи маъюб фикри ба куч,о рафтани инх,оро бояд кард. Х,аминк,адар раиси Ч,умхур гаштаю баргашта мегуяк дастгири маъюбону бенавоëн бошед. Шумо бошед боз хунукназари мекунед. Камтарак хох,иш мекунам рах,мдилу Худотарс шавед шавед.

Маълим
Ягон ҷавонмарди баландҳиммат пайдо мешудагист, ақалан мушкили аробачаи ин мазлумро ҳал кунад.

Пурдил
Худованд хайратон дихад кормандони Озодагон! Шумо масъулияти инсонии худро анчом додед! Акнун интизори тасмими Чаноби Оли мешавем!!!!

Аваз гуфтан одам хаст раис як бозор ки хамшахрии шумо хаст. Бисйор одами саховатманд аст. Бовар дорам ба шумо низ кумак мерасонад. То и н хабар ба Президент расдана...

Aziz
Абубакр,
Маълим,
Салом бародарон ва хохарони арчманд. Ман ин саргузащтро (яке аз хазор маюбони дигар, ки дар хамин холатанд) хонда нихоят андухгин шудам.
Ман хамеша дар хайрат мемонам ки чаро хар якнафар корафтода(аз дасти когазбозони хукумат ба ДОД омада) бояд ба Президент мурочиат кунад, то ки ДОД-и у щунавида щавад???? Дар холате ки бояд хамаро худи Президент хал намояд, пас ба мо ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИ ЧИ ЛОЗИМ???? уро бояд аз кор ронд !!! Чунки барало аз ухдаи вазифахои ба души у гузошта шуда, набаромада истодааст. Барои чи дар Тачикистон ягон мушкилии корафтодагон (боз хам ба хамун когазбози) бе дахолати Президент хал карда намешавд???? Чаро магар ба гайри у диигар вазирон кор кардан намехоханд??? то кай ин системаи ФАЛАЧ ШУДА мардуми худро азоб хохад дод??? Чоп кунед илтимос!!!

Charo ba in barodar yori namedihad ohir in barodar maybast

Мехрубон
Хамааш нагз мешавад.....ноумед набошед

пага мебини ки Хукумат иёра да гардани я ду бизнесмени бечора мепартоя .

Вокеан, мавзуи догро барраси кардед, ташаккур. Хайраш ба шумо мерасад. Хазорхо хонахо дар шахр интизори сохибаш хастанд. Як бор шабона дар ш. Душанбе ба тирезахо назар афканед, бештаринашон чарогашон гирён нест, яъне холи хастанд. О як маъюб сохиби хона шавад,ба фикрам, Худо хурсанд мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)