Бахшҳо
07 мар 2016 13:24Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Президенти Hydro: Бо ТАЛКО қонуншикание накардаем...

Дег Маҷдел, президенти ширкати норвегии “Norsk Hydro” дар вокуниш ба парлумон ва матбуоти кишвараш изҳор доштааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати алюминиюми тоҷик-ТАЛКО ба қонуншикание роҳ надодааст.

Маҷдел, имрӯз, 7 март бо пахши як изҳорот таъкид намудааст, ки “Norsk Hydro” дар ҳамкориҳо бо ТАЛКО қонунгузории кишвар ва меъёрҳои дохили ширкатро нақз накардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки қатъиян алайҳи фасод мебошад: “Norsk Hydro алюминиюми Тоҷикистонро танҳо бо нархи бозорӣ, бидуни ҷалби агенту миёнаравҳо харидуфурӯш мекард”.

Президенти “Norsk Hydro” илова намудааст, ки дар мавриди ҳамкорияш бо ТАЛКО ба Моника Маэленд, вазири саноат ва савдои Норвегия гузориш додааст. Тибқи изҳороти нашркардаи Hydro, ин ширкат ҳамкорӣ бо ТАЛКО-ро се сол қабл-2013 қатъ кардааст.

Ин вокуниш дар пайи азми парлумони Норвегия барои таҳқиқи ҳамкории “Norsk Hydro” бо ТАЛКО, ки аз соли 1993 то 2013 идома доштааст, нашр гардид.

Кумитаи интизомии парлумони Норвегия охири ҳафтаи гузашта аз азмаш барои ифшои асрори ҳамкорӣ миёни Norsk Hydro ва корхонаи алюминиюми тоҷик-ТАЛКО хабар дод.

Norsk Hydro, ки ҳудуди 35 дарсади саҳмияҳояшро давлати Норвегия соҳибӣ мекунад, аз калонтарин ширкатҳои ҷаҳон дар умури истихроҷи нафту газ ва алюминий мебошад. Ба гуфтаи аъзои парлумони Норвегия Norsk Hydro солҳо бо Talco Management Ltd, ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шуда, ҳаққи баромад аз номи ТАЛКО-и Тоҷикистонро дорад, додугирифтҳои тиҷорӣ доштаст.

Тибқи иттилои расонаҳои Аврупо Ҷет Кристенсен, узви Кумитаи интизомии парлумони Норвегия, аз адами шафофият ва эҳтимоли фасод дар ҳамкорӣ миёни Norsk Hydro ва ТАЛКО изҳори нигаронӣ карда, афзудааст, ки якҷо бо аъзои дигари парлумон азм дорад, асрори ин ҳамкориҳоро ифшо намояд.

Нахуст аз ҳамкориҳои шубҳаовари Norsk Hydro ва Talco Management Ltd, нашрияи “Dagens Næringsliv”-и Норвегия аввали моҳи равон хабар дод. Ба иттилои нашрия тайи солҳои ҳамкории Norsk Hydro ва Talco Management Ltd додугирифти молиявӣ тариқи зерширкатҳои офшорие амалӣ шудаанд, ки дар ягон ҷо номи соҳибонашон зикр нагардидааст.

Аъзои парлумони Норвегия чунин шеваи ҳамкориро барои ширкате, ки қисме аз саҳмияҳояш ба давлат тааллуқ дорад, номақбул хондаанд. Дар посух ба суолномаи қаблии вакилони парлумони Норвегия, масъулини Norsk Hydro изҳор доштаанд, ки бар асоси шартнома шариконашон намехоҳанд, номашон оммавӣ шавад.

Аммо Майкл Течнер, ноиби раиси Кумитаи интизомии парлумони Норвегия гуфтааст, ҳеч далеле барои пинҳон доштани номи афродеро, ки бо Norsk Hydro ҳамкорӣ мекунанд, намебинад ва зарур хондааст, ки дар ин самт шафофият таъмин гардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)