Бахшҳо
07 мар 2016 16:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сабти 4 марзшикании маргбор аз Хоруғ то Панҷ: Ҳифзи сарҳадот боз шадидтар шуд...(АКС)

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ҳафтаи гузашта қочоқбарони мусаллаҳи афғон аз минтақаи Хоруғ то Панҷ 4 бор қасди марзшиканӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаи “Озодагон” дар Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ, субҳи 5-уми март, дар амалиёт алайҳи гуруҳи 9 нафарии Мирафзал валади Арбоб Шерафзал, ки дар минтақаи Панҷ қасди марзшиканӣ доштанд, Суҳроб Сафолов, марзбони 23-солаи тоҷик ҳалок гардид: “Зимни амалиёт мулло Фасҳиддин валади Қурбон, узви гуруҳи мусаллаҳ ба ҳалокат расида, узви дигарашон маҷруҳ шуд”.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон афзуданд, ки имрӯз, 7 март амалиёт алайҳи ин гуруҳи марзшикан дар ҷангалзорҳои наздимарзии минтақаи сарҳадии Панҷ идома дорад: “То ҳол 2 нафари дигар аз ин гуруҳ боздошт шуданд”.

Дар баробари ин манбаи “Озодагон” дар мақомоти марзбонӣ иттилоъ дод, ки ду ҳолати марзшиканӣ дар минтақаи сарҳадии Хоруғ ба қайд гирифта шуд, ки яке бо фирор ва дигаре бо марги як марзшикан анҷом ёфт: “Шаби 2 ба 3 март дар ноҳияи Рӯшон миёни марзбонҳо ва марзшиканон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як марзшикан нобуд гардида, шариконаш фирор карданд. Аз ҷои ҳодиса силоҳ ва маводи мухаддир дарёфт шуд”.

Ҳодисаи чорум дар минтақаи сарҳадии Шӯрообод сабт гардидааст, ки он ҳам бо фирори марзшиканҳо ва дарёфти 37 кило маводи мухаддир аз ҷои ҳодиса анҷом ёфт.

Мусоҳиби “Озодагон” изҳор дошт, дар пайи ин ҳодисаҳо низоми ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки тайи як соли охир дар реҷаи пурзӯр қарор дошт, боз шадидтар шуд.


Сабти 4 марзшикании маргбор аз Хоруғ то Панҷ: Ҳифзи сарҳадот боз шадидтар шуд...(АКС)

Сабти 4 марзшикании маргбор аз Хоруғ то Панҷ: Ҳифзи сарҳадот боз шадидтар шуд...(АКС)

Сабти 4 марзшикании маргбор аз Хоруғ то Панҷ: Ҳифзи сарҳадот боз шадидтар шуд...(АКС)
Мӯҳр
Рахмат Озодагон ки хабаро дуруст мерасони ба хонандагон. Дигар сомонахои хабари аз куштани як сарбози ватани мо хушхол шуда хабар медиханд. Хатто сарлавхаи хабарашон: як марзбони точикро куштанд. Наменависанд ки Ин сарбоз дар рохи хифзу суботи халку ватани мо кахрамонона чон додааст.


Ба ин сарбозе ки барои ҳифзи ватан ҷонашро фидо кард бояд аз тарафи Вазорати Мудофия қадрдони карда шавад. Худоё ҷояшро ҷаннат гардонад.

Саид
Ба оилаи ин сарбоз сабр хохонем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)