Бахшҳо

Тавсияи гузоришгари СММ барои худдорӣ аз референдум ва интиқодаш аз бастани ҲНИТ: Назди наҳзатиҳо роҳам надоданд...

Девид Кэй, гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, ки тайи як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон қарор дошт, имрӯз, 9 март дар Душанбе аз натиҷаи сафар ва хулосаю мушоҳидаҳояш ба рӯзноманигорон гузориш дод.

Кэй аз натиҷаи мулоқотҳояш бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки мақомоти тоҷик мубориза ва ҷинояткорӣ ва таъмини амниятро вақтҳои охир баҳона барои решакан кардани гуногунандешии сиёсӣ кардаанд. Ӯ аз фишор болои ВАО, фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносон изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки мақомоти Тоҷикистон тариқи сайтбандиҳо дастрасӣ ба иттилоъро маҳдуд кардаанд.

Ӯ дар мавриди Ҳизби мамнӯшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бастани ҳизб, боздошти аъзоёни он мояи нигаронӣ аст. Ӯ махсусан махфӣ сурат гирифтани таҳқиқоти парванда алайҳи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро мавриди интиқод қарор дода, афзуд, ки талошҳояш барои мулоқот бо наҳзатиҳои боздоштшуда натиҷа надод: “Ман аз намояндагони мақомот барои мулоқот бо аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дархост кардам, аммо иҷозат надоданд”. Гузоришгари вижаи СММ дар изҳороташ хостори раҳоии аъзои боздоштшудаи ҲНИТ шуд.

Девид Кэй илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир ду эроди умумӣ дорад: “Аввал ин ки ҳукумат вазъи амниятии кишвар ва мубориза бо терроризму экстремизмро ҳамчун баҳона барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мекунад, озодии баёнро маҳдуд месозад”.

Ба гуфтаи Кэй ҳукумат бояд барои худ мушаххас кунад, ки экстремизму терроризм чист? Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки таъмини озодии баёну ақида сарчашмаи рушди шахсӣ ва муътадилию субот дар ҷомеа мебошад.

Дар мавриди раъйпурсии умумихалқӣ барои вуруди тағйиру иловаҳо ба Сарқонун, ки 22 май дар назар аст, гузоришгари СММ тавсия дод, ки ин маърака баргузор нашавад. Ӯ гуфт, ба эҳтимоли зиёд ин маърака бидуни баҳсу баррасии озод сурат мегирад ва ҳукуматдорони тоҷик дар баргузории ин раъйпурсӣ ҳадафҳои худро доранд. Кэй аз ҷумла ироаи ҳаққи бемаҳдуд барои пешниҳоди номзадӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистонро хилофи меъёрҳои демократӣ хонда, бори дигар таъкид намуд, ки дар гузоришаш тавсия хоҳад дод, то раъйпурсӣ барои тағйири Сарқонун баргузор нашавад.
Мӯҳр
Ба тавофи ка.ба рафтам ба Харам рохам надоданд
Ту бурун чи карди ки даруни Хона ои

бобои салим
Ин озодии баену акида ва ташвики онро тавассути амрикоиену аврупои ен дар кишвархои араби дидем чаноби Кей)))))) ба бахонаи озодии баену акида ки тавассути шумо чараен мегирад дида истодаем ки хуни чи кадар инсонхо махсусан кудакону занону чавондухтарон ба хок огушта шуд! Бехтараш рафта пеши рохи хунрезиро дар кишвархои ба хоку хун кашидаатон гиред то баъди маргатон рохат хоб равед! Шумо хомии озодии баену акида не балки хомии манфиатхои иктисодиву сиеси бо рохи барангехтани низоьву ноороми мебошед!!!

Мо шахрвандони Точикичтон чонибдорем аз сиёсати Хукумати худамон ва хатман дар рузи 22- май дар райпурси оид ба ислохот дар Сарконун иштирок хохем кард.

Ҳакими Замон
"Аҳмад " аз номи мардум ҳарф назан. Кӣ гуфт, мардум ҷонибдори сиёсати ҳукуматанд?? Дар телевизюни "Тоҷикистон " дидӣ? ё дар "Сафина "?


Олим
Ҳакими Замон,
Ҳакими Замон,
Манхам чонибдори сиесати хукуматам. Ту чи доду вой дори? Ин шумоед хасуд хурон, ки намедонед чи тавр байни мардум ихтилофандозед ва ватани азизи моро нотинч кунед. Мо бо Шумоем Пешвои миллат.

Эьрод
Эърод не, Эрод, харфи Ъ надорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)