Бахшҳо
10 мар 2016 12:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

СРУ: Маргумир дар Тоҷикистон аз Узбакистону Туркманистон бештар аст...

Хадамоти марказии кашшофии Амрико (СРУ) гузориши ҷадидашро дар мавриди нишондоди маргумир дар 225 кишвар ва қаламрави дунё нашр кардааст.

Дар гузориши нашрркардаи ин ниҳод кишварҳои ҷаҳон вобаста ба теъдоди миёнаи фавт сари 1000 сокин дар давоми як сол, раддабандӣ шудаанд.

Гузоришгарон Тоҷикистонро бо нишондоди миёнаи 6,18 марг сари ҳар 1000 сокин тайи як сол дар мақоми 156-ум қарор додаанд.

Русия бо 13,69 марг сари 1000 сокин яке аз пешсафони раддабандӣ аст. Дар ин гузориш Белорус дар мақоми 16 (13,36), Молдова – 22 (12,59), Эстония - 24 (12,40), Гурҷистон - 34 (10,82), Арманистон - 61 (9,34), Қазоқистон - 86 (8,21), Озарбойҷон - 132- (7,07), Қирғизистон - 142 (6,65), Тоҷикистон - 156 (6,18), Туркманистон - 158 (6,13) ва Узбакистон бо нишондоди 5,3 марг дар мақоми 180-ум ҷой гирифтааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки маргумир дар онҳо аз ҳама зиёд аст, Шоҳигарии Лестота (14,89), Украина (14,46), Булғористон (14,44), Гвинея-Бисау (14,33), Латвия (14,31), Чад (14,28), Литва (14,27), Намибия (13,91), Афғонистон (13,89) ва Ҷумҳурии Африқои марказӣ (13,80) ворид шудаанд.

Нишондоди аз ҳама ками маргумир дар Қатар ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин кишвар сари 1000 сокин дар як сол 1,53 марг рост меояд.
Мӯҳр
омор
озодагон маълумоти ифлоси носанчидаро чаро нашр мекунед, шумо чи галатнависи мекунед? 4.2 нафар ба хар 1000 нафар ахоли рост меояд шумораи фавтшудагон. дигар кор надоред, жёлтая пресса?!?! дилба задед бо нашри маводхои бетахлилу ифлосу фачу дасисаангезу хоричитабъона, шумо шалаваи хоричихо хастед, ба чанд дирам фурухта шудаед?

Хайрандеш
Ба омор[ бародар,агар шумо ягон омори дакик доред, пешниход кунед ва омори пешниходшударо рад намоед ва мо низ фахмем Агар надоред ,пас чи гуна гуфта метавонед, ки у нодуруст аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)