Бахшҳо

Дастури Президент дар рӯзи матбуот: Ҷоизаи Айнӣ куҷо шуд?

Иршод Сулаймонӣ

Дар ҷашни садсолагии матбуоти тоҷик, 11 марти соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки барои қадрдонӣ аз хадамоти арзишманди ҷомеаи расонаии Тоҷикистон ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шавад. Аммо бо гузашти 4 сол аз ин ҷашн ва аз ин пешниҳод то кунун ҳарфи Президент дар ҳаво мондааст. Ҳоло маълум нест, ки ин пешниҳод ва ваъдаи раисҷумҳур дар ҳузури рӯзноманигорон бо айби Датсгоҳи иҷроияи худи президент иҷро нашудааст ва ё бо ҷурми ҳукумат ва ё Вазорати фарҳанг. Вале як чиз дақиқ аст, ки ба як пешниҳоди хуб ва ҳатто хубтарини Президент беэътиноӣ сурат гирифтааст. Ман намедонам, ки масъули ҳамин кор кадом ниҳоди марбута аст ва ҳамчунин намедонам, ки барои иҷро накардани супоришҳои сардори давлат чӣ ҷазое пешбинӣ шудааст. Вале ҳатман бояд ин гуна ниҳод ва ин гуна масъулинро ҷазо дод. Зеро бо гузашти 4 сол чунин хулоса мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ин сухнанонро дар ҷашни 100-солагии матбуот танҳо барои хуш кардани рӯзноманигрон гуфтааст.

Дар ростои 104-солагии матбуоти тоҷик баҳонае барои гирифтани посух ба ин суол пайдо шуд, ки чаро чунин як иқдоми ҳамаписанд, ки намунае аз ҳамкории судманд ва арҷгузории давлат аз шоистагии вуҷуд ва саҳми расонаҳо дар роҳи рушди кишвар метавонист бошад, роҳандозӣ нашуд?

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронии хеш чунин гуфта буд: “Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва қадр кардани заҳмати дарвоқеъ душвори рӯзноманигорон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шаванд. Масалан, таъсис додани ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ метавонад аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо бошад”.

Дар Тоҷикистон ҷоизаҳои давлатӣ зиёданд. Баъзе аз ҷоизаҳо махсуси соҳаҳаҳоянд. Барои мисол Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рудакӣ, ки барои хадамоти арзишманд дар адабиёт, синамо, театр, наққошӣ, меъмории ҳунарӣ ва ғайра дода мешавад. Ҳамин тур ҷоизаҳои дигари давлатӣ дар соҳаҳаои гуногун вуҷуд дорад. Вале дар соҳаи рӯзноманигорӣ ҳеч кадом ҷоизаи давлатӣ вуҷуд надорад. Шояд раисҷумҳур ҳам бо дарки набуди чунин як ҷоиза дар соли 2012 пешниҳоди таъсиси онро дода буд. Раисҷумҳур то ҳатто мушаххас карда буд, ки ин ҷоиза ба чӣ касоне дода мешавад: “Ин ҷоиза бояд ба рӯзноманигороне супорида шавад, ки фаъолияти онҳо ба таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодии давлат ва пешрафти маънавии ҷомеа, густариши арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоидат менамояд”.

Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон огоҳ карда буд, ки ин ҷоиза метавонад барои боло рафани ҷойгоҳи расонаҳо дар Тоҷикистон сабаб шавад ва ҳамчунин расонаҳо барои боло бурдани огоҳиҳои мардум талоши бештар бикунанд: “Фикр мекунам, ки ин тадбир минбаъд обрӯи воситаҳои ахбори омма, эътибори сухан ва суханвар, масъулияти ӯро дар назди халқу Ватани азизи мо боз ҳам баланд мебардоранд”.

Иҷро нашудани ин пешниҳоди Президент дар ҳолест, ки расонаҳои Тоҷикистон, хусусан расонаҳои мустақил соли дувум аст, ки буҳронитарин даврони мавҷудияти худро пушти сар мекунанд ва тахминҳо дар бораи аз саҳна берун рафтани чанд расона аз ҷониби коршиносони соҳа пешгӯйӣ мешавад. Ҳамчунин бар асари фишори афзоянда ва фазои номусоид дар чанд соли ахир бар асоси шохисҳои бозгӯкунадаи озодии сухан, ки ҳамасола аз ҷониби созмони Хонаи озодӣ ва ё Freedom House раддабандӣ мешавад, сатҳи озодии матбуот дар Тоҷикистон пойин меравад. Аз ҷумла соли гузашта бар асоси раддабандии Созмони Freedom House дар остонаи Рӯзи байналмилалии озодии баён Тоҷикистон миёни 199 кишвар мақоми 179-умро ишғол карда буд ва шомили кишварҳои “ноозод” гардида буд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон барои такмили қонунгузории соҳа ва рушди озодии баён пешниҳод карда буд, ки моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру туҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд аз ин Кодекс ихроҷ шаванд:
“Дар қонунгузории соҳа ҳолатҳое низ ҳастанд, ки дар доираҳои рӯзноманигорон ва коршиносон боиси баҳсҳои доманадор шудаанд. Бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории ҷаҳони мутамаддин ва бо истифода аз ваколатҳои конститутсионии худ пешниҳод менамоям, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру туҳмат аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд".

Аз ин рӯ, ба Вазорати адлия супориш дода мешавад, ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро вобаста ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намояд”.

Хушбахтона ин пешниҳод ва супориши раисҷумҳур дар наздиктарин замони мумкин иҷро шуд. Шояд ба он хотир, ки инҷо Вазорати адлия вазифаи худро дуруст иҷро кард.

Ба ҳар ҳол Президент дар Тоҷикистон нафаре нест, ки ҳарфаш дар ҳаво боқӣ бимонад. Шояд Раёсати илму маърифати дастгоҳи иҷроия ва ё Ёрдамчии президент дар умури робита бо ҷомеа ба ин суол, ки чаро пешниҳод ва дастури Эмомалӣ Раҳмон иҷро нашуд посухе дошта бошанд. Ва ё шояд Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон равшание ба ин масъала меандозад. Ба ҳар ҳол бояд сару садоҳо ва шакку шубҳаҳоро бартараф кард.

P.S. (Ба ин пайванд\ https://prezident.tj/node/222 сар бизанед ва Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷикро мутолиа кунед ва мутаяқин шавед, ки чунин як пешниҳод ва дастур вуҷуд дошт).
Мӯҳр
Пеш аз навиштани мақола, аввал мавзуъро бояд омӯхт.
Президент, ки супориш дод, он ҳатман иҷро мешавад.
Бо дарназардошти мавчудияти Мукофоти давлатии ба номи А. Рудакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (на "дар адабиёт, синамо, театр, наққошӣ, меъмории ҳунарӣ ва ғайра") ва Кумитаи амалкунандаи он (раисаш Гулназар Келдӣ) Ҳукумати ҶТ худи ҳамон сол (2011) таъсис додани боз як мукофоти алоҳидаро зарур надониста, бо қарори дахлдор дар дохили Мукофоти ба номи Рӯдакӣ барои соҳаи журналистика ҷоиза муқаррар кард. Ба ғайр Иршод Сулаймонӣ дигар аҳли ҷомеаи журналистии Тоҷикистон аз ин бохабаранд. Барои ин нодонӣ ва ба гумроҳӣ тела додани мардум бояд узр пурсид.

Ромиш
Иршоди Сулаймони факат як чизро дуруст навиштааст: ин супориш аз чониби Президенти мамлакат дархакикат соли 2012 дар чаласаи тантанави бахшида ба 100-солагии матбуоти точик дода шуда буд. Аммо у намедонад, ки худи хамон сол ин супориш ичро шуда буд. Тавре Сорбон дуруст навиштаанд, бо дарназардошти мавчудияти Мукофоти давлатии ба номи А. Рудакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ Ҳукумати ҶТ худи ҳамон сол таъсис додани боз як мукофоти алоҳидаро зарур надониста, бо қарори дахлдор дар дохили Мукофоти ба номи Рӯдакӣ барои соҳаи журналистика ҷоиза муқаррар кард. Акнун дар Низомномаи он омадааст: дар схаи адабиёт, санъат, меъмолри ва журналистика. Агар хато накунам, ичрои ин супориш ба зимаи мушвори вакти давлатии Президент Саймурод Фаттоев ва мудири шуъбаи иттилооти Дастгох Сайдали Сиддиков вогузор шуда буд ва онхо ин супоришро дар вакташ ичро карданд. Ба хайати Кумитаи тадорукоти ин Мукофоти Рудаки, ки раисаш дархакикат Шоири Халкии Точикистон Гулназар мебошанд, раиси вакти Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Рахмонов барои бахши журналистика шомил карда шуд. Мукофот ба журналистон хар сол не, балки дар чанд сол (аник намедонам, ду ё се сол) як бор дода мешавад. Порсол навбати журналистон низ буд, аммо Кумитаи тадорукот ягон маводи пешниходшударо ба ин мукофот лоик надонист. Хабар дорам, ки китобхои очерку публисистикаи Мансур Суруш ва дигарон пешниход шуда буданд.

Корвони бесадо
Ба Сорбон ва Ромиш,
Агар супориши возеҳу рушани Президент аз тарафи масъуле баррасӣ гардаду он ба табъи дили чиновникҳо иҷро шавад, ин давлатдорӣ чӣ мешуда бошад? Бо диққат хонед, муҳтарам чиновникҳо:

“Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва қадр кардани заҳмати дарвоқеъ душвори рӯзноманигорон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шаванд. Масалан, таъсис додани ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ метавонад аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо бошад”.

Ин худаш ҳукми амрро дорад. Ҳатто номи ҷоизаро ҳам раҳбари давлат худашон пешниҳод карда истодаанд. Ё кормандони Дастгоҳ баромадҳои Президентро аввалу ахирашро мехонанду халос? Ё онҳо мехоҳанд нишон диҳанд, ки мо ҷомеаи демокраием, ҳатто дастуру супоришҳои Раҳбари давлатро ҳар тавре ки табъи диламон аст иҷро мекунем?

Фикр мекунам, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроия бояд ин мавзӯъро таҳқиқ кунад ва нисбати он чиновникҳое, ки саҳланкорӣ нишон додаанд, чораҷӯӣ кунад. Вагарна, фардо командири полк як фармон медиҳад, афсарони поёни онро дар байни сарбозон ба овоздиҳиву баррасӣ мегузоранд.

Озодагон, чоп кунетон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)