Бахшҳо

ВИДЕО: Нақли Ширин дар бораи садамаи маргбори 7 март

Ширин Қаюмова, яке аз се хонандаи мактаб, ки рӯзи душанбеи 7 март ҳангоми аз роҳ гузаштан зери чархи сабукрави “Опел” монданд, дар мавриди чӣ гуна рух додани ҳодиса нақл кард.

Ӯ, ки ҳоло дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарист, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, он рӯз ҳамроҳ бо ду ҳамсинфаш – Сафинаву Карима мехост барои харидани яхмос ба он тарафи роҳ гузаранд: “Додарам ҳамроҳам буд, гуфт, ки ӯ ҳам бо мо меравад, аммо ман не гуфтам. Вақте ба назди роҳ расидем, як мошини майда ва як автобус буд, ман ба духтарон гуфтам, ки аввал онҳо гузаранд баъд меравем. Роҳ холӣ шуд ва вақте мехостем гузарем, мошин омад. Дигар чизе ба хотир надорам”.

Ба қавли Ширин, вақте ба ҳуш омад, баданаш пурхун буд ва Сафинаву Карима “дар замин хоб буданд”. Дубора дар дохили таксие ба ёд омадааст, ки ӯро ба беморхона расонд.



Дар бораи ин садама нахуст шоҳидон дар шабакаи иҷтимоӣ хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, як сабукрави “Опел” дар гузаргоҳи назди мактаби тоҷикию русии рақами 14, воқеъ дар канори роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ, се хонандаи мактабро пахш кард. Баъдан эълон шуд, ки ин хонандаҳо Ширин Қаюмова, Карима Қурбонова ва Сафина Наврӯзова буда, дар синфи панҷум таҳсил мекардаанд. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, “Карима Қурбонова пас аз муддате дар беморхона ба ҳалокат расидааст”. Ба қавли наздикони Сафина, ӯ баъд аз як рӯзи садама дар беморхона ба худ омада, ҷарроҳӣ шудааст. Хосият Наврӯзова, модари Сафина дар суҳбат бо мо гуфт, аҳволи духтараш беҳтар шуда, бо ӯ суҳбат ҳам кардааст. Ҷароҳати Ширин нисбатан сабуктар гуфта мешавад.

Искандар Ҳабибов, мудири Шӯъбаи кӯдаконаи ҷарроҳии асаб дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Ширин ва Сафинаро тақрибан соати 13-и рӯзи 7 март ба қабулгоҳ оварданд: “Ширин пас аз 10 дақиқа ба ҳуш омад. Дар натиҷаи садама сари ӯ осеб дида, ларзиши майнаи сарро низ муайян кардем. Ҳамчунин устохуни китфу пойи росташ лат хӯрдааст. Шояд пас аз 7-8 рӯз аз беморхона рухсат шавад”.

Вазорати умури дохилӣ рӯзи 9 март аз боздошти ронандае, ки бо мошини “Опел Вектра” хонандаҳои мактабро пахш кард, хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ӯ сокини 25-солаи кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт буда, бо худ ҳуҷҷати ронандагӣ надоштааст. Манбаъ афзуд, дар пайи фоҷеа ронандаро шок фаро гирифт ва ӯ зимни бозпурсӣ изҳор дошт, ки аломати маҳдудкунандаи суръати ҳаракати роҳро надид ва дар хотираш нест, ки бо кадом суръат ҳаракат намудааст.

Дар ҳамин ҳол, зани амаки Ширин Қаюмова ба “Озодагон” гуфт, модари ин ронанда чанд бор ба дидорбинии хонандаҳо омадааст: “Модараш як зани калонсол ва боз бемор будааст. Гуфт, ки камбизоат мебошанд ва агар лозим бошад қарз карда, ба мо кумак мекунад. Аммо рад кардем”.
Мӯҳр
Mahina
Ачоиб барои мошин харида бе хуччат ба куча баромадан пул доранд, баде, ки касеро пахш карда куштанд ба фикрашон камбизоатиашон мерасад, шармандаги, бесаводи то ин дарача будааст. Вакте хунари мошинрони надори барои чи кучаи калон мебарои боз охиста наронда се кудакро мачрух карди, инсон магар хамин аст???? Ана натичаи харидани хуччатхои ронандаги, аз кучо ин одамон инсофро медонанад, ба онхо факат пул азиз аст, ана духтарак мурд, хаети чавонро дигар баргардонида наметавони, акнун аз камбагалии худат овоз бароварди, хайвон аз шумо барин одамон бааклтар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)