Бахшҳо
11 мар 2016 17:46Тоҷикистон / Сиёсат

Ташкили 36 нуқтаи раъйпурсӣ дар хориҷи Тоҷикистон

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 11 март дар ҷаласаи навбатияш таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода масъалаи омодагиҳо ба раъйпурсии 22-юми май барои тағйири Сарқонунро мавриди баррасӣ қарор додаст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Комиссия барои ташкили нуқтаҳои раъйпурсӣ дар берун аз Тоҷикистон, ки ба ҳавзаи раъйпурсии Шоҳмансур №3 мансубанд, қарор қабул кард.

Бар асоси қарори Комиссия дар 29 давлати ҷаҳон дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуд, ки аз натиҷаи овоздиҳӣ дар онҳо ба ҳавзаи Шоҳмансур 3 ҳисобот пешниҳод хоҳад шуд: “Инчунин бо назардошти тағйири номи бархе аз шаҳру навоҳӣ номи ҳавзаҳои раъйпурсӣ низ иваз карда шуд”.

Раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба рӯзи 22-юми май таъин шудааст. Тибқи тағйироти пешниҳодгардида мафҳуми Сарқонун гирифта хоҳад шуд, чун ба гуфтаи муаллифон калимаи Конститутсия моҳияти ин санадро комилан ифода мекунад. Ҳамчунин пешвои миллат аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш ба президентӣ бархӯрдор хоҳад шуд: “Муқаррароти конститутсия, ки як нафар ҳамагӣ ду бор ҳаққи пайдарҳам президентшавиро дорад, ба Пешвои Миллат дахл нахоҳад дошт”.

Дар баробари ин синни номзадҳо ба президентӣ аз 35-соли феълӣ ба 30 сол поин оварда мешавад ва мавҷудияти ҳизби хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ва маблағгузории аҳзоби сиёсӣ аз хориҷи кишвар мамнуъ мегардад.
Мӯҳр
kishvar
man peshnihod doram to in raypursi tariki internetham ba roh monda shavad!
dar in holat raypursii hakiki maalum meshavad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)