Бахшҳо

Навори бозпурсӣ ва боздошти ҷавонзани тоҷик аз сафар: Сазои нафрин ё таҳсин?

Навори дудақиқаинаи бозпурсии ҷавонзани тоҷик, ки ба далели надоштани иҷозатнома, аз сафар ба Дубай боздошта шудаст, миёни корбарони фейсбук баҳси шадид барангехт. Навор хилофи розигии қаҳрамон, зоҳиран дар фурудгоҳ сабт шудааст ва ба интернет чанд моҳ қабл роҳ ёфта буд. Аммо дар пайи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон барои назорати бештари сафари хориҷии шаҳрвандон, охири ҳафтаи гузашта баҳсҳо атрофи ин навор дубора авҷ гирифтанд.

Дар навор марде, ки аз мавқеи мақомот баромад мекунад, ба гуфтаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо нақзи аксари муқаррароти Сарқонун, қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавонзани тоҷикро мавриди бозпурсӣ қарор медиҳад. “Озодагон” бидуни овардани навор тафсилоти бозпурсии ҷавонзани тоҷикро аз ҷониби “маъмур” бе тағйир пешкаши хонандагон мекунад:

“Маъмур”: Гуш кун духтарак, куҷо рафтаестен, ба кадом шаҳр?
Ҷавонзан: Дубай
“Маъмур”: Мақсади сафаратон ба Дубай дар чиай?
Ҷавонзан: Сабти клип дорам
“Маъмур”: Чӣ кор мекунед, шумо?
Ҷавонзан: Ҳунарманд
“Маъмур”: Чӣ хелӣ ҳунарманд, чӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда доред?
Ҷавонзан: Ҳунарманди хондагӣ, курса хондам, баъд ҳунарманд шудам
“Маъмур”: Иҷозати Вазорати фарҳанг барои дар шаҳри хориҷӣ клип карданатон ку?
Ҷавонзан: Иҷозати Вазорати фарҳанг надорам, фақат сабтҳои худама дорам
“Маъмур”: Шумо бояд иҷозати Вазорати фарҳангро дошта бошед
Ҷавонзан: Ман одам надорам, ки...
“Маъмур”: Фарқ надорад, новобаста аз он, ки шумо доред надоред. Айни ҳол ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои парвоз надоред, ба ҳамин хотир мо шуморо аз хатсайр бозмедорем.

Дар охири навор мард бо таъкиди он, ки ҷавонзанро аз парвоз бозмедорад, аз ӯ пурсид, ки оё суоле дорад. Аммо ҷавонзан изҳор дошт, ки не ва норозиёна, сӯи дастгоҳи наворбардорӣ ишора карда, гуфт, “ака хай ҳамон камератона кушед”. Сабти навор баъди талоши чандбораи ҷавонзан қатъ мегардад.

Ин навор, рӯзҳои истироҳати гузашта ҳамчун корнамоии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки як фоҳишаро аз сафар ба хориҷ боздоштаанд, дигарбора дар интернет паҳн шуд ва вокуниши шадиди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро ба вуҷуд овард.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин наворро, ки ғайриқонунӣ сабт ва паҳн шудааст, нақзу поймолсозии Сарқонун ва қонунҳои Тоҷикистон, ҳуқуқу озодии инсон, шаъни инсонӣ ва арзишҳои башарӣ унвон карданд. Аммо гуруҳе аз корбарони фейсбук аз ин иқдом ҷонибдорӣ карда, далел овардаанд, ки бисёре аз занони тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳои арабӣ даст ба фоҳишагӣ мезананд. Муаллифону ноширони навор ҳеч далеле барои ҳадафҳои фаҳш доштани қаҳрамони наворро ироа накардаанд ва ба гуфтаи шореҳон ин амалашон хилофи меъёри эҳтимолияти бегуноҳӣ аст, ки Сарқонун кафолат додаст.

Бисёре аз шореҳон дар фейсбук дар пасманзари қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот барои назорати бештари сафарҳои хориҷии шаҳрвандон, аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки тоҷикистониён, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик метавонанд мавриди бозпурсиҳои таҳқиромезу пулситониҳои беасос қарор гиранд.
Мӯҳр
Хонандаи доими
Озодагон ин навораву гапора мо алакай хундему дидем, агар шархи макомота да ибора чоп мекарде ки аму афсар кори хуб караст е бад хуб мешид... харчанд медунем гапгири аз уно кин аст, аммо унвони журналистам ба одами гапгира метиян

а
Духтарони чавони точик ба Дубай танхо бо як максад мераванд, ки инро мову шумо хуб медонем. Бисер кори хуб кардаанд милисахо. Бе ин хам шармандаи дуне шудаем.

Барои пешгирии фохишагию агар хамин тавр бошад ва ба Суря нарафтани чавонон, хукумат бояд аз махалгарои даст кашаду ба биографияи кадр нигох кунад на ба географияаш. Хар инсони бесавода ба вазифа монда мардума ба бекориву камбагали наорад. Ман фикр мекунам, ки сабабгори хаммаи ин мансабдорони бесаводу ноухдабарои мо мебошад, ки ба сари вазифа меоянду гаири худу наздикону хешу таборони худ, фикри дигаре ба сар надоранд. Камбагалию мухточи нихоят мусибати калонест, ки мардумро ба куфру хар кори гайр мебарад. Мо он кадар бисёр нестем ва дар кишвари мо хама ганчи дунё хаст, аммо рохбарони хуб даркор ки ин ганчхо насиби мардум гардаду аз камбагалию гумрохи рахо ёбем.

Амин
Ин мавзуи доги руз аст,зеро бонувоне ки бидуни махрам ба мухочират ё сафар мераванд кишри осебпазиранд,ки чои бахсе надорад.Мутаасифона на хукумат,на рухониён,на зиёиён ва на фаъолони чомиаи шахрванди ба масъалаи мухочирати бонувон изхори нуктаи назар накарданд ;ба окибатхои он ба арзишхои милли,дини,ахлоки ва пайомадхои равонии он.

Али
Чандсад хазор занони точиик дар мухочиратанд.Айб аст.Кани гурури милли?Чомиа бояд ба масьалахои ахлоки тачдиди Назар кунад

Хуб карданд,ки монеъ шуданд.То кай ин шармандагихо?Бояд хар бонуи танхои озими сафар бозпурси шавад.Арзишхои ахлоки аз арзишхои демократи болоанд мухтарам чанобон!

а,
Дилат сиёх гаштаги-мислы сиёхлой ботлок гаштаги бача.

Саломат бошед коркунони макомот, кори хуб кардед. Точик узбак нест, шахрвандони Узбакистон дар Россия даст ба фохишагари мезананд, лекин мардони Узбакистон парво надоранд. Мо точикон бо нангу номусем, ва намегузорем ки духтарони точик номи точиконро паст кунанд. Бовари дорам аксари чавонмардони точик дар ин акидаанд

Занбоз.
Чи кор доред охир ба ин духтар.Духтарони зебои точмкро хоричиен ба маьшукагиву зани мехонанд.оддиву дехкондухтархоямон ба Россия,фарроши,кучаруби.Чи кор доред,монед рафтан гиранд,киро хвлал расонидаанд онхо.?

Точик
Ачоиб ул гароиб, давлати Дуняви демократи хукукбунёд мегуянд, хичобу ришмониро манъ намуда руирост душмани ба дини ислом доранд, лекин барои манфиати худ, барои пул кор куни аз конунхои шариат истифода мекунанд.

Салом бар Миллати Шарифи Точик!
Фаолони Чомеаи Шахрванди Номаакул кардаанд!
Бовар кунед, Касам ба номи Аллохи пок ин бадбахто Миллатро шарманда кардаанд.
Номусу, Танашонро монанди картошкаю, пиез мефурушанд.
Хело нанговар аст.......

а
алоидини балогардон,

Бигзор дил сиех шавад, лекин мард даюс нашавад.

Вафо
Дархакикат география ва хешутаборчи дар авчи аъло чой дорад.

шахрванд
Оё шумоен медонед ки ин зан бо кадом максад ба Дубай рафтани буд? Мумкин гапаш хак бошад, аммо хаммакаса ба зан дар афтодаед. Аввал хакикатро фахмидан даркор аст ва баъд сарзаниш. Барои клип сабт намудан иҷозати вазорати "фарҳанг" дар давлати хорича чи лозим аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)