АКС: Муаррифии Китобхонаи рақамии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Китобхонаи рақамиашро муаррифӣ кард.
Масъулини ДДХ мегӯянд, сомонаи китобхонаи рақамӣ маҳсули меҳнати гуруҳе аз хатмкунандаҳои факултаи математика мебошад: “Он бо заҳмати Сафо Шодиев, Хусрав Холматов, Нилуфар Ахмедова, Нилуфар Эркаева, Шаҳноза Исоева, Мавлуда Ҷаборова ва раҳбари илмии лоиҳа Дилшод Музафаров роҳандозӣ шудааст”.
Дар Китобхонаи рақамӣ беш аз 32 ҳазору 500 маводи электронӣ мавҷуд буда, 12 ҳазори онро китоби дарсӣ ташкил медиҳад.
Ба иттилои Дилшод Музаффаров - сардори Маркази тестии донишгоҳ, Китобхонаи рақамӣ дар тамоми биноҳои донишгоҳ барои донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон дастрас буда, истифодабарандагон метавонанд, бидуни мушкил аз маводи лозимии он истифода баранд: “Дар шабакаи ДДХ суръати доду гирифти маълумот гигабитӣ буда, ин хеле суръати баланд аст. Фаъолияти кори китобхонаи рақамӣ аз тарафи кормандони маркази технологияи компутерӣ ва таъминоти фаъолияти системаи иттилоотии донишгоҳ пурра таъмин карда мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |