Бахшҳо
16 мар 2016 11:14Тоҷикистон / Сиёсат

Ш.Зуҳуров: Мавҷудияти “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ба амнияти миллии мо таҳдидҳои бузург эҷод месозад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Покистон қарор дорад, имрӯз, 16 март бо Ризо Раббонӣ, раиси сенати ин кишвар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намудааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, Шукурҷон Зуҳуров дар ин мулоқот иброз доштааст, густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Зуҳуров аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфтааст, Тоҷикистон барои тақвияти робитаҳои дуҷониба дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла табодули сафарҳои кории ҳайъатҳои парлумонии ду кишвар ва роҳандозии дипломатияи байнипарлумонӣ аҳамияти калон медиҳад: “Дар ин самти ҳамкорӣ хуб мешуд, агар кормандони парлумони Тоҷикистон дар институтҳои парлумонии Покистон такмили ихтисос мекарданд ва таҷрибаи Шуморо меомӯхтанд”.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз доштааст, ки Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё бо дарназардошти тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷонибдорӣ менамояд. Ба иттилои манбаъ, раиси Маҷлиси намояндагони кишвар гуфтааст, тайи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 миллион доллари ИМА расидааст: “Азм дорем, ки ҳаҷми табодули тиҷоратиро дар се соли оянда то 500 миллион доллар афзоиш диҳем. Тоҷикистон хоҳони ҳузури бештари сармоягузорони покистонӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Кушодани корхонаҳои муштарак ва истеҳсоли маҳсулотҳои ниҳоӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳам ба манфиати ҳарду кишвар, ҳам мардуми минтақа аст”.

Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, вазъият дар Афғонистон муташанниҷ боқӣ мемонад ва он чолишҳои нав ба навро барои амнияти кишварҳо эҷод месозад: “Пайдо шудани гуруҳҳои гуногуни террористӣ, аз ҷумла гуруҳи бо ном “Давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистон ин кишварро ба макони терроризми байналмиллалӣ табдил медиҳад. Ин вазъият кишварҳои моро водор месозад, то дар мубориза алайҳи ин таҳдидҳои муосир сарҷамъона ва якдилона бошем. Мавҷудияти ин созмони террористии байналмилалӣ дар Афғонистон ба амнияти миллии кишварҳои мо таҳдидҳои мустақим ва бузургро эҷод месозад. Мо хоҳони амну субот дар Афғонистонем, зеро амну суботи Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба он вобастагӣ дорад”.

Дар идома Шукурҷон Зуҳуров Ризо Раббонӣ, раиси сенати Покистонро ба Тоҷикистон даъват намудааст. “Аз даъвати Шумо барои сафар ба Тоҷикистон хеле хушҳол ҳастам ва ин даъватро бо хушнудӣ мепазирам”,-гуфтааст ӯ.

Муҳаммадато Султонов мегӯяд, аз ин пеш, рӯзи 15 март Шукҷон Зуҳуров бо Сардор Аёз Содиқ, раиси Ассамблеяи миллии Покистон мулоқот намуд. Дар ин дидор масъалаи ифтитоҳи хатти парвоз миёни ҳарду кишварро барасӣ шудааст. Шукурҷон Зуҳуров иброз доштааст, ки масъалаи ифтитоҳи хатти парвоз байни Тоҷикистон ва Покистон пайвандгари робитаи мардумони дӯст ва василаи рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳарду кишвар мебошад. Оқои Зуҳуров қайд намудааст, масъалаи ифтитоҳи хатти парвоз дар баррасии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон қарор дошта, дар марҳалаи амалишавист: “Дар ин бора ширкатҳои масъули кишварҳоямон дар вохӯрӣ моҳи марти соли равон дар Душанбе, умед аст санади ниҳоиро ба имзо мерасонанд”.
Мӯҳр
ОЗОДАГОН ДАР БОРАИ Ш ЗУХУРОВ НАВИСТАГИАМРО НАШР КУНЕД НАТАРСЕД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)